sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
1980

Ҳамал (21 март-20 апрел)

 

Барои ҳамалҳои оиладор рӯзи пур аз рӯйдод аст. Вақту қувваи бештари шумо барои корҳои хона сарф мегарданд. Навхонадороне, ки якҷоя бо волидонашон умр ба сар мебаранд, ба моҷарову нофаҳмӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Аввали рӯз байни ошиқон бо сабаби рашку нобоварӣ дилмондагӣ дида мешавад. 

 

 

 

Савр (21 апрел – 22 май)

 

Кӯшиш намоед хушмуомила ва нисбати дигарон бодиққат бошед. Рафтори шумо боиси дағалӣ ва асабонияти аксарият мегардад. Барои илмомӯзӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва аз худ намудани касбу кор чандон вақти мусоид нест. Саросема ба хулосае омада ба касе ваъда надиҳед, дар амал татбиқ намудани он чизе, ки барои шумо осон менамояд, дар асл чандон кори саҳлу осон нест. 

 

 

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

 

Дар ин рӯз хариди калону маблағгузорӣ карданро маслиҳат намедиҳем. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ айёми хеле номусоид аст, даромади пулиятон маҳдуд ва хисороти молӣ имкон дорад. Покизакору мулоимтар бошед, вагарна барои худ мушкили нав эҷод мекунед. Аввали рӯз аз сафару танзими ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. 

 

Саратон (22 июн- 22 июл)

 

Саратонҳо дар ин рӯз мустақилона амал намуда, нуқтаи назари наздиконашонро ба инобат намегиранд. Чунин рафтор метавонад боиси муноқиша бо волидон ё хешовандон гардад. Босабр бошеду қабл аз кореро кардан оқибаташро нағзакак андеша намоед. Имкони гум кардани пул ё кисаатонро ғорат задании дуздон вуҷуд дорад. Нимаи дуюми рӯз барои бо наздикону хешовандон оштӣ шудан мусоид аст.

 

Асад (23 июл – 23 август)

 

Ба як қатор мушкиливу маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ шуданатон имконпазир аст. Вазъи саломатиятон баногаҳ бад шуда, маҷбур мешавед бо табобат машғул шавед. Дар ин давра вохӯриву шиносоиро ба нақша нагиред: одамон бо душворӣ бо шумо дар тамос мешаванду ибрози ақида кардан намехоҳанд. Аввали рӯз байни шумову ҳамсафари ҳаётӣ ё ҳамкори тиҷоратӣ нофаҳмӣ рух медиҳад. 

 

 

 

Сунбула (24 август- 23 сентябр)

 

Дар ҳаёти сунбулаҳо тағйироти зиёди ногувор рух медиҳад. Сабаби муноқиша бо дӯстон қарз пурсидани маблағ аст. Агар вайрон шудани муносибатҳоятонро намехоста бошед, беҳтараш дар ин масъала лаб накушоед. Аввали рӯз нисбати саломатии худ бепарво набошед, доруи хоб ва машруботро зиёд истеъмол накунед. Нимаи дуюми рӯз барои сунбулаҳое, ки сару либоси худро нав кардан мехоҳанд, созгор аст. 

 

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

 

Хуб мебуд, ки нафарони дар моҳи мизон тавлидёфта корҳои душворҳалро бар дӯши худ нагирифта, оромиро пеша намоянд. Аввали рӯз байни дӯстон ва шахсеро, ки шумо дӯст медоред, муноқиша рух медиҳад. Нимаи дуюми рӯз барои истироҳату дамгирӣ бисёр мусоид аст. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред, вагарна саломатиятон бад гашта, ҷароҳат мебардоред.

 

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

 

Дар ин рӯз ақрабҳо ба ҳолати ногуворе меафтанд, ки бояд саводнокии хеле баланди худро нишон дода тавонанд, вале мутаассифона дар ин кор муваффақ намегарданд. Дар рафтору кирдор аз қонуну қоидаҳои маъмулӣ берун набароед. Ҳамчунин барои сафари роҳҳои дур рӯзи номусоид аст.  

 

Қавс (23 ноябр- 21 декабр)

 

Дар ин рӯз захираҳои пулиятонро дар ҷойи хуб нигоҳубин намоед. Хатари бардоштани захму ҷароҳат, сӯхтани пӯст, шикастану лат хӯрдани устухон дар ин рӯзҳо зиёд мегардад. Асбобҳои нӯгтезу бурандаро аз худ дур кунед. Инчунин қоидаҳои бехатариро ҳангоми кор бо техникаи барқии рӯзгор риоя намоед. Ба ягон моҷарои хатарнок ҳамроҳ нашавед. 

 

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

 

Ҷаддиҳо дар ин рӯз бо олами беруна созиш карда наметавонанд. Аксаран бо нафарони бадхоҳу бадандеш дучор мешавед, ки бо онҳо ҳатто гуфтугӯ кардан номумкин аст. Агар байни шумову ҷуфти ҳаётиатон қаблан мухолифат вуҷуд дошт, дар ин рӯз кор ба муноқишаи калон мепечад. Аввали рӯз ба касе қарз надиҳеду худатон низ қарз нагиред.

 

Далв (21 январ- 20 феврал)

 

Агар кори шумо вазнин бошад, ақаллан барои истироҳати кутоҳмуддат вақт пайдо кунед. Худро бад ҳис карданатон нишонаи хастагии аз ҳад зиёд аст. Аввали рӯз дар муносибатҳои заношавҳарӣ нофаҳмӣ рух медиҳад, барои эмин мондан бояд аз рашку нобоварӣ худро дур гиред. Нимаи дуюми рӯз барои далвҳое, ки муносибатҳои пинҳонии ошиқона доранд, созгор меояд.

 

Ҳут (21 феврал- 20 март)

 

Ҳутҳо дар рӯзи нав бояд нисбати нафароне, ки дӯсташон медоранд, меҳрубону бодиққат бошанд. Байни шумову нафаре, ки чанд муддат вомехӯред, нофаҳмӣ рух медиҳад. Барои рафъи вазъият шумо бояд талаботи худро нисбати дӯстдоштаатон кам кунед. Аввали рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Аз дорувориҳо ва машрубот сӯистифода накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД