new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2892

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҳаёти шахсии шумо хурсандиҳои зиёд рух намедиҳанд, зеро дар муносибат бо хешовандон нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада метавонанд. Кӯшиш кунед, ки бештар истироҳат кунед. Бе танаффус кор карданатон боис мегардад, ки дар оянда пушаймон шавед, зеро хастагӣ ба шумо ғолиб меояд.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯз барои оғози корҳои ҷисмонӣ, гирифтани рӯза ва парҳез бобарору мусоид аст. Дидаву дониста барои худ мушкилӣ эҷод накунед. Кӯшиш кунед, ки бо дигарон созиш кунед, на ҷангу ҷанҷол. Даромади иловагии пулӣ дар назар нест. Саломатиатонро ҳам фикр кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар ҳама ҳолат худро ба даст гиред, то муносибататон бо роҳбарият ва ҳамкорон бад нашавад. Дар низоъҳои оилавӣ таслим шавед беҳтар аст. Боварӣ ба худ ва эҳсоси худ шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Сухандонӣ шуморо аз ҳар гуна ҳолати ногувор берун оварда метавонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар то ин муддат дар ҳаёти худ чизеро тағйир додани будеду фурсат намеёфтед, дигар онро ба таъхир нагузоред ва имрӯз аз пайи кор шавед, зеро рӯз бисёр муносиб аст. Давоми рӯз ҳолатҳои ғайричашмдошт зиёд рух медиҳанд. Вақти он расидааст, ки аз нӯшидани шароб ба пуррагӣ даст кашед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз вазифаҳои касбиро зуд ҳал карда, музокиротҳои кориро самаранок анҷом диҳед. Пеш аз оғози ҳар кор хуб омодагӣ гиред, то муваффақ шавед. Барои асадҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Нафарони муҷаррад низ ҷуфти худро пайдо хоҳанд кард, ба шарте ки ҷиддӣ бошанду ваъдахилофӣ накунанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҷои кор бодиққат бошед, зеро эҳтимоли хато карданатон вуҷуд дорад. Дар корҳои дигарон камбудӣ пайдо мекунед, аммо фаромӯш накунед, ки шумо низ инсони комил нестед. Почтаи электронии худро тафтиш кунед, зеро паёмаки муҳимеро фаромӯш карданатон мумкин аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳо имрӯз ба мушкилӣ дучор мешаванд. Агар хоҳед, ки тиҷорати шумо барор гираду нақшаҳоятон амалӣ шаванд, мушкилиҳоро таҳаммул кунед. Ба ваъдаҳои додаатон вафо кунед. Дар канори наздиконатон бошед ва онҳоро дар ҳама ҳолат дилбардорӣ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Корро аз субҳи барвақт сар карда, нимаи дувуми рӯзро барои истироҳат ҷудо кунед. Барои истироҳат макони хуберо аз шаҳр берун интихоб кунед, беҳтар мешавад. Ба шумо вазифаи нав медиҳанд ва фурсати он расидааст, ки таҷрибаи андӯхтаатонро ҳамчун роҳбар ба кор баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои шиносоиҳои нав, мулоқот бо дӯстони кӯҳна ва муошират бо ҳамкасбон мусоид аст. Низоъҳои зиёд сар мезананд, аммо агар шумо ба созиш омаданро ёд гиред, ҷангу ҷанҷол ба оромӣ паси сар мешаванд. Масунияти худро мустаҳкам карда, ба саломатиатон диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳалли мушкилиҳои оилавиатон фаъол бошед, зеро касе ба шумо дасти ёрӣ дароз намекунад. Бо ҳама муносибати хубро ба роҳ монед, ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Саломатиатон хуб аст, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Пӯшидани ниқоби тиббиро аз хотир набароред.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нофаҳмиҳо миёни шумову дӯстдоштаатон то ҷангу ҷанҷол ва ҳатто ҷудоӣ омада мерасад. Аз наздиконатон пурсон шавед, ки онҳо ба чӣ эҳтиёҷ доранд. Шумо набояд тамоми рӯз кор кунед, барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Ҳаёти худро якранг паси сар накунед, ки баъд пушаймон мешавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нагузоред, ки ҳангоми бастани шартнома ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳим касе шуморо таҳти фишор қарор диҳад. Нақшаи корҳои худро тартиб диҳед ва аз касеву чизе наҳаросида, ба пеш ҳаракат кунед. Агар аз паси дӯстони шумо суханҳои носазо мегӯянд, пас ба ин туҳматҳо бовар накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД