Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст. Нимаи аввали рӯз дар касбу коратон душвориву нобарорӣ имкон дорад. Нимаи аввали рӯз бонувони муҷаррадро мулоқоти ошиқона интизор аст. Хабар ё вохӯрии ногувор боиси тағйиротҳои манфӣ дар ҳаёти шахсиятон мегардад. Аз истеъмоли нӯшокиву хӯрокҳои сард худдорӣ намоед ва аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи ваъдаҳои дурӯғин ва хатари ба доми фиреб афтидан аст. Ба ғалатҳое, ки дар ин рӯз роҳ медиҳед, боиси муноқишаҳои ҷиддӣ ва нофаҳмиҳо мегарданд. Эҳтимоли аз даст додани пулҳоятон вуҷуд дорад. Нисбати дӯстдоштаатон худхоҳии худро нишон надиҳед. Бештар ба саломатии худ ва наздикон таваҷуҳ намоед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Аз доираи нафарони бадкирдор дурӣ ҷуста, ба умеди пули бе дарди миён нашавед. Ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, ки бар зарари пешравиҳои шумо аст. Бо вуҷуди ин, худро ба даст гирифта, ба амалҳои беандеша даст назанед. Бо атрофиён муомилаи хуб кунед. Ҳавои хонаи худро тоза нигоҳ доред, вале ба шамолхӯрӣ роҳ надиҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Беҷуръатии шумо садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар назди монеаҳо сар нафароред. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, вагарна табобат тӯл мекашад. Аз ҷойҳои серодам ва нафароне, ки дар хонаашон бемор доранд, худро дур гиред.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Нимаи аввали рӯз дар касбу коратон душвориҳо сар мезананд. Барои нафароне, ки касбу корашонро иваз мекунанд, рӯзи номусоид аст. Корҳои нотамом ба обрӯву нуфузатон таъсир мерасонад. Эҳтимол вазъи молиявиатон бад мегардад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо ҳамкорони худ ба муросо омада метавонед. Сунбулаҳои муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Саломатии нафароне, ки бештари рӯзро дар берун мегузаронанд, нохуб мегардад. Баъди нисфирӯзӣ маблағи хуби пулӣ ба даст меоред.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз ба мушкилиҳои шахсӣ таваҷҷуҳатон бештар мегардад. Айни замон нисбати атрофиён ботаҳаммул бошед, нуқтаи назари худро ба касе бор накунед. Ба ғурур роҳ надиҳед ва рӯзатон хуб ҷараён мегирад. Бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон имкон дорад.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Имкони бобарор гузаштани рӯзатон вуҷуд дорад, ба шарте ки аз робита бо роҳбарияти коргоҳатон роҳи гурез наҷӯед. Агар нияти сафар дошта бошед, онро ба таъхир нагузоред. Аз шиносоии тасодуфӣ эҳтиёт шавед. Қабл аз он ки нафареро ба дунёи худ роҳ медиҳед, сараввал ӯро нағзакак омӯзед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз иродаи мустаҳками худро нишон доданатон лозим меояд. Нисбати атрофиён муомилаи сард накунед. Аз ҳолатҳои моҷароангез бо дӯстдоштаатон дурӣ ҷӯед. Дар акси ҳол гирифтори муноқишаҳои ҷиддие мегардед, ки роҳи халосӣ ёфтанатон душвор мегардад. Эҳтимоли рух додани сӯхтор ё муноқиша бо нафаре вуҷуд дорад, ки чанд муддат байнатон нофаҳмӣ рух додааст.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Нақшаи корҳоятонро тартиб дода, аз рӯйи он амал намоед. Яку якбора аз пайи чанд кор шуда, гирифтори бесарусомонӣ мегардед. Бо сабабҳои ночиз ба асабоният роҳ надиҳед. Вақти бештари худро бо нафарони ба дилатон писанд ва хушбин гузаронед. Бо дӯстдоштаи худ ба осонӣ забон ёфта метавонед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ҷодаи касбу кор ба ягон кори ҷиддӣ машғул нашавед. Аз шиносоӣ бо нафарони хатарнок, вале судманд худдорӣ намоед. Дудилагӣ боиси асабоният мегардад. Нисбати наздикони худ дағалӣ накунед, рӯзҳои наздик ба маслиҳати эшон муҳтоҷ мегардед.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Рӯзи бобарор, аз муноқишаҳо орӣ аст. Оромиву нишотро ҷорӣ намуда, тамоми нофаҳмиву муноқишаҳоро рафъ кардан насибатон мегардад. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хеле хуб ва меҳру муҳаббататон дучанд мегардад. Нисбати наздикони худ бепарвоӣ накунед ва сухани дурушт нагӯед.