Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3213

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз қурбонии бесаранҷомӣ ва беқарории худатон мегардед. Нақшаву ниятҳои зиёд чунон саргарангатон месозанд, ки тамоми қувваи ҷисмонӣ ва маънавии худро барои амалӣ намудани мушкилиҳо равона месозед. Новобаста аз мушкилиҳо бо атрофиён самимӣ ва поквиҷдон бошед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нисбати кор саҳлангорӣ карда, дар ҳама кор дилсардӣ зоҳир мекунед. Чунин ҳолати рӯҳӣ ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Барои баромадан аз ин ҳолати душвор наздикон кӯмак расонида метавонанд. Истироҳат дар гӯшаи табиат низ фикрҳои мағшушро аз саратон дур месозад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Нақшаҳои кашида ва фаъолнокиатон натиҷаҳои назаррас намеоранд. Ба маслиҳати дӯстону рекламаҳои беруна чандон таваҷҷуҳ накунед. Имрӯз зудбовариятон боиси холӣ шудани киса ва душвор гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Шом ба хонаатон меҳмон меояд. 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо кори зиёд машғул шуда, кори рагҳои хунгарди дилро фаромӯш накунед. Ғуруру такаббур боиси нобарориҳо ё баръакс комёбии зиёд гашта метавонад. Вазъиятро назорат намуда, ташаббусро аз даст надиҳед. Имрӯз ба натиҷаҳое ноил мегардед, ки қаблан танҳо дар орзуяш будед.  

Асад (23 июл-22 август)

Ба ҳама гапу коре, ки дар ин рӯз рух медиҳад, бодиққат бошеду то рафъ гаштани шубҳаву гумон онро омӯзед. Исроркориву ҳақиқатнигориятон ба атрофиён писанд намеояд ва эҳтимоли рух додани муноқишаҳои хурд имкон дорад. Барои ободонии хонаву дар ва таъмири асбобҳои рӯзгор рӯзи мусоид аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи ниҳоят серташвиш аст. Ситораҳо таваккал кардану харидани чизҳои қимматбаҳоро тавсия намедиҳанд. Истироҳат дар ҳалқаи наздикон табъатонро болида мегардонад. Аз мулоҳизакорӣ ва дурандешии шумо вазъи молиявӣ ва муносибат бо шахси дӯстдоштаатон вобастагӣ дорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Корҳои ҳалталаб вақту қувваи зиёдатонро мегиранд, вале фикру андешаҳоятон дар ҷои дигар сайр мекунанд. Ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, беҳтараш даст назанед. Имкони нишон додани ҳунару истеъдоди худро пайдо мекунед. Агар ба садои қалбатон гӯш андохта, аз рӯйи он кор кунед, бурд насиби шумост.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар гуфтор боэҳтиёт бошед. Бештар ба суханони дигарон гӯш андохта, аз хабарҳои зиёд огаҳ мегардед. Кӯшиши бедор сохтани рашки дӯстдоштаатонро накунед ва касеро фиреб ҳам надиҳед, вагарна рӯзҳои наздик бо ҳолати ногувор гирифтор мешавед. Ба нуқтаи назари касе такя накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз қобилияти корӣ ва фаъолнокиятон боиси зиёд гаштани даромадатон мегардад. Бо шарофати ба ҳодисаҳои фавқулодда ба зудӣ мутобиқ гаштанатон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Корчаллониятон боиси беҳтар гаштани муносибат бо атрофиён ва ҳамкорону роҳбарият мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи серташвиш аст. Аз бастани шартномаву қарорҳои муҳим муваққатан худдорӣ намоед. Нафарони бегона ба зиндагиятон дахолат мекунанд. Дар корҳоятон иштибоҳ ва бо наздикон муноқиша имкон дорад. Ба садои қалбатон гӯш андозед. Ба маслиҳати касе гӯш надода, дар охир бурд мекунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ аз дилёбӣ ва аз кӯмаки шиносҳоятон истифода бурда тавонистанатон вобастагӣ дорад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна кор бо муноқиша ва бад шудани вазъи саломатиятон анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ ба хабари шунидаатон бо шубҳа нанигаред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар вазъиятҳои мушкил зиракӣ зоҳир намуда, ҳам бурд мекунеду ҳам аз муноқиша раҳоӣ меёбед. Корҳоятон ба таъхир афтода, комёбӣ аз даст меравад. Ба чизҳои майда-чӯйда диққат диҳед ва нисбати гувоҳии дил бетафовут набошед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Ба нуқтаи назари дигарон бовар накунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД