Ҳамал
Ақидаву пешниҳодҳои аҷибе ба саратон меоянд, вале дар ҷодаи молиявӣ бурд намекунед. Пулҳои худро сарф накарда, ба вазъиятҳои ногаҳонӣ омода бошед. Баъзеҳо имкони хуби дар вазифа боло рафтанро пайдо мекунанд. Ба хонаатон аз роҳи дур меҳмони нохонда меояд. Баъди нисфирӯзӣ тасодуфан бо собиқ дӯстдоштаатон вомехӯред.
Савр
Дар ин рӯз муваффақияти молиявӣ ё дастгирии шахси муътабаре имкон дорад. Дар ин бора ба касе нақл накунед, вагарна душманон ба ҳуҷум гузашта, аз роҳ мезананд. Эҳтимоли хабари нохуш шуниданатон имкон дорад. Камқувативу бемадорӣ нишонаи фасли баҳор аст.
Ҷавзо
Хуб мебуд, ки ба танқиду эрод ва сарзаниши атрофиён аз ҳад зиёд хурдагирӣ накунед. Шумо нуқтаи назари худро доред ва онро пайгирӣ намоед. Тамоми ҷашну маъракаҳое, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, дар сатҳи олӣ мегузаранд. Агар худро нотоб ҳис кунед, барвақттар ба хона рафта истироҳат кунед.
Саратон
Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Аз кору рафтори ногаҳонӣ худдорӣ намуда, сари эҳсосот ба қароре наоед, тамоми корҳои дар ин рӯз анҷом додаатон оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ба туҳфаҳои тақдир умед набандед. Барои ба даст овардани маблағи пулӣ заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.
Асад
Имрӯз ғайри хоҳиши худ ба ҳодисаву доми макру фиреб кашида мешавед, атрофиён бо ғаразҳои шахсии худ шуморо истифода бурдан мехоҳанд. Дар ин рӯз рашки худро нишон надиҳед, вагарна кор бо муноқишаи калон анҷом меёбад. Аз тамоми гуна сафарҳо худдорӣ намоед.
Сунбула
Имрӯз тасодуфан ва ғайриихтиёр нафареро ранҷонида метавонед. Қабл аз он ки гаперо ба забон меоред, оқибати онро чанд маротиба андеша намоед. Сари эҳсосот сирру асрори нафареро фош карда ё ба ҳамсуҳбати худ ҳақиқати талхро гуфта боиси ранҷиши дилаш мегардед. Организми худро ҷисману руҳан хаста насозед.
Мизон
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Ҷое ки бояд нозукона рафтор намоед, ба ҳуҷум нагузаред. Нисбати атрофиён танқиду норизогӣ накунед. Барои он ки муносибататон бо нафаре аз наздикон вайрон нашавад, аз мавзӯҳои дардноку ҳасос дурӣ ҷӯед. Имкони сарф кардани маблағи зиёд вуҷуд дорад.
Ақраб
Аз ғалатҳои пештараи худ ибрат гирифта, минбаъд агар якравиро аз худ дур карда, бомулоҳиза амал накунед, боз хато мекунед. Дар давоми рӯз сарчашмаҳои нави даромад пайдо карда хеле шод мегардед. Ширкат варзидан дар маъракаҳои серодам барор намеоранд.
Қавс
Дар ин рӯз бо нафароне, ки шуморо дӯст медоранд, баҳсу мунозира накунеду дил наранҷонед. Барои иваз кардани ҷойи кор рӯзи мусоид нест. Дар масъалаҳои пулӣ бояд таваккал намоед, он гоҳ бурд мекунед. Мулоқоти ошиқона лаҳзаҳои хотирмон ато мекунад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ
Чизҳои куҳнаву нодаркорро партоед, то ки дар зиндагиятон барои оғози нав ҷой пайдо шавад. Бо рубучини хона машғул шуда худро сабук ҳис мекунед. Бо ҳамин роҳ айбу гуноҳи худ, ишқу муҳаббати нобудгаштаро рафъ карда метавонед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Далв
Дар ин рӯз ҳам ғалатҳои худатон ва ҳам аз атрофиён боиси асабонияти шумо гашта метавонад. Панду насиҳатхонӣ накунед, вагарна атрофиёнро меранҷонед. Аз кору ниятҳои хатарнок худдорӣ намоед, вагарна оқибати хуш намеоранд. Табъи нохушатон ба муносибатҳои ошиқонаатон бетаъсир намемонад. Баъди нисфирӯзӣ паст шудани фишори хунатон имкон дорад.
Ҳут
Бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Ба маслиҳати фиребгару қаллобон гӯш дода, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарзи табобатро тағйир додану истеъмоли дорувориҳои навро тавсия намедиҳем, беҳтараш аз тарзу усулҳои санҷидашуда истифода баред. Он гоҳ аз аллергия ва заҳролудшавӣ эмин мемонед.