Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шуморо рӯҳияи ошиқона ва меҳрубонӣ иҳота мекунад. Шарм накарда, ҳиссиёти худро нишон диҳед ва ба наздикон таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Кӯшиш кунед, ки суханони дағал нагӯед, то бо касе муноқиша накунед. Имконияти хуби болоравии вазифавӣ пеш меояд, онро аз даст надиҳед! Шумо қариб ба ҳадафатон расидаед, пас роҳро идома диҳед. Шомгоҳ ба машқи сабуки ҷисмонӣ машғул шавед, он оромӣ мебахшад.
Савр (21 апрел-21 май)
Рӯзи пурмаҳаббат ва шево дар пеш аст, лаҳзаҳои ширинро бо шахси дӯстдошта бигузаронед. Аммо эҳтиёт шавед: эҳсосот зуд тағйир ёфта метавонанд. Эҳтиёт кунед, то ҳаёти шахсиятон зери хатар наафтад. Пас аз зуҳр мулоқот бо одамони нуфуздор муфид хоҳад буд. Пулро боақлона сарф кунед, хароҷоти зиёди имрӯз метавонад боиси саргардониҳоятон шавад. Ба саломатӣ беаҳамият набошед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз аз фишор нисбати дӯстдошта худдорӣ намоед, ба ҳама чиз вақташ мерасад. Шиносҳои нав шояд чандон ҷолиб набошанд. Аз баҳс бо наздикон парҳез кунед, ин танҳо асабро хаста мекунад. Агар бо ҳамкорон муносибатҳо хуб нестанд, андеша кунед, ки сабаб дар шумо набошад. Дар масъалаҳои молиявӣ ба коршиносон муроҷиат кунед. Барои рафъи хастагӣ, сауна ё дави сабук кумак мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз эҳтимоли баҳс бо шахси наздик вуҷуд дорад, вале шабона оштӣ хоҳед кард. Ба эҳсоси дарунии худ такя кунед, на ба маслиҳати дигарон. Субҳ барои ҳамкорӣ ва муроҷиати расмӣ мусоид аст, тиҷорат рушд мекунад. Имкони дарёфти маблағи ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Баъзан чизҳои ғайриодии интихобкардаатон табдил ба хурсандии тӯлонӣ мешаванд. Аз фишори ҷисмонӣ ва эҳсосии зиёд худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Ба муҳаббат аҳамияти аввалиндараҷа диҳед, одамони азизро нодида нагиред. Агар баҳсҳо дар хона зиёд шуданд, роҳи созиш биҷӯед. Имкони дарёфти даромади иловагӣ вуҷуд дорад, кори иловагӣ манфиат меорад. Ҳарҷи беҳудаи пулро маҳдуд кунед, шояд ба зудӣ маблағи калон лозим шавад. Имрӯз энергияи шумо камтар аст, фикрҳои мусбат ва корҳое, ки дилро шод мегардонанд, кумак мекунанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ҷодаи муҳаббат тағйироти ногаҳонӣ эҳсос мешавад, эҳтимоли шиносоии нав вуҷуд дорад. Аммо шитоб накунед, эҳсосот метавонад шуморо фиреб диҳад. Барои корҳои ҳаррӯза ва хариди муҳим рӯз мувофиқ аст. Шахсони наздикатон метавонанд дар масъалаҳои молӣ кӯмак кунанд. Агар бо рақибон сару кор доред, талош кунед бо онҳо созиш намоед. Аз харидҳои беандеша худдорӣ кунед, зарари молӣ мерасад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат эҳсосоти гарму вохӯриҳои хотирмон дар пешанд. Дар баъзе ҳолатҳо шояд барои ба даст овардани муваффақият бо роҳи нодуруст биравед. Беҳтар аст кори душворро имрӯз оғоз кунед, он осонтар анҷом меёбад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт бошед, қарз надиҳед ва нагирад. Ғизои вазнинро маҳдуд кунед ва танҳо хӯроки тару тоза истеъмол намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шиносоии нав, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Барои ҷилавгирӣ аз хастагӣ, хонаатонро ба тартиб дароред ва аз ашёи нолозим халос шавед. Барои машварати эҷодӣ шояд шахсе муроҷиат кунад, ки андешаҳои кӯҳна дорад, кумак кунед. Корҳои тиҷоратӣ даромади хуб меоранд, ҳатто агар монеаҳо пеш оянд, шумо роҳи ҳалро хоҳед ёфт. Ба неруи ҷисмонӣ диққат диҳед, иммунитетро тақвият бахшед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз қувваи роҳбарии шумо бедор мешавад, шахсияти ҷолибу таъсиргузор будани худро нишон диҳед. Занони Қавс метавонанд нақшаҳои нав тарҳрезӣ намоянд. Ишқбозӣ метавонад ба таъхир афтад, чун корҳои рӯзмарра вақтро мегиранд. Барои расидан ба ҳадафҳои калон, донишу маҳорати худро бештар кунед. Агар табобатро ба таъхир меандохтед, акнун вақти хубест барои ташхис ва шифо.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Сардии шахси дӯстдошта шояд зоҳирӣ бошад, бо эҳсосотатон шитоб накунед. Агар баъзе одатҳои ӯ шуморо асабӣ мекунанд, худро ёдрас кунед, ки инсонҳо комил нестанд. Роҳҳои пешрафт дар пешанд, агарчи баъзан наздик ба ҳадаф нокомӣ эҳсос мешавад. Аз чизҳои ночиз ранҷ набаред, таваккал кунед, як рафтори ғайриинтизор метавонад барори калон биорад. Харидҳои серманфиат имкон доранд.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз ба худатон вақт ҷудо кунед, то ишқи ҳақиқиро дарк намоед. Рӯз метавонад пурташвиш бошад, эҳтимоли баҳс бо наздикон вуҷуд дорад. Ҳамаро бо сабру таҳаммул қабул кунед, то муносибатҳо осеб набинанд. Мушкилоти чандрӯзаи охир шояд ҳал шаванд. Дар ҳама кор ба таҷриба ва дониши худ такя намоед. Масъалаҳои молӣ шояд бо монеаҳои расмӣ рӯ ба рӯ шаванд. Ба парҳез аҳамият диҳед, хатари афзоиши вазн вуҷуд дорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсоси муҳаббат метавонад шуморо ба иқдоми ҷиддӣ водо намояд, мактуби самимӣ метавонад оғози муносибати нав шавад. Фикри наздикон шуморо ором намегузорад, роҳи ҳалли осони масъалаҳои шахсиро хоҳед ёфт. Роҳбарият метавонад ба шумо таваҷҷуҳ кунад, пешниҳоди кори судманд ё ҳамкории махфӣ имкон дорад. Аз асабоният худдорӣ кунед, то ба саломатӣ зарар нарасад.