arzon replenishment
Толеъномаи 14-уми феврал
14.02.2022
Оила
5011

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи мусоидест барои васеъ сохтани доираи фаъолиятҳо, аз таҷрибаҳо панд гирифтан. Лоиҳаи корие, ки кайҳо дар пайи амалӣ карданаш будед, натиҷаи хуб медиҳад. Бурдбории шумо аз дастгириву наздикону атрофиёнатон вобастагӣ дорад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Ин рӯз барои робитаҳои корӣ чандон мусоид нест. Ҷаласаву вохӯриҳои кориро ба нақша нагиред. Бо шарикони кориву ҳамкорон забон ёфтан душвор мегардад. Аз субҳи содиқ нафаре табъатонро хира месозад. Хатои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Барои ба ғалат роҳ надодан ба маслиҳати дӯстон гӯш дода, кӯмакашонро қабул кунед.

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ҳама кор эҳтиёткориву ҳушёриро риоя намоед. Табъатон яку якбора тағйир ёфта, асабӣ мешаведу худро хаста эҳсос мекунед. Нобарории тасодуфӣ вазъи иқтисодиятонро бад месозад. Каме пиёда сайругашт кардан хобатонро бароҳат месозад.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои рафъи мушкилиҳои касбӣ рӯзи бобарор аст. Аз ҳамин рӯз сар карда, қалбатон моломоли ишқу муҳаббат мегардад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, табъатон хеле хуш мегардад. Як занги телефонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.

 

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи хуб аст, вале фаъолнокии аз ҳад зиёд тавсия дода намешавад, зеро муваффақият ҳар лаҳза метавонад аз даст равад. Зимни робита бо ҳамкорон аз ғайбату бадгӯӣ худдорӣ намоед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Аз доираи нафарони бахил худро дур гиред.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз барои худ шуғли аҷибе пайдо мекунед. Ба наздиконатон пурра бовар накунед, яке аз дӯстон дилатонро сахт меранҷонад. Аз ҷангу моҷаро худдорӣ намоед. Боэҳтиёт бошед, нимаи дуюми ҳафта хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳодисаҳои рӯзҳои охир на танҳо боиси асабхаробӣ гашта, балки камбудиҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар сари қаҳру ғазаб ба хатогиҳои нав роҳ доданатон имкон дорад, аз ин хотир, саросема нашавед. Бегоҳирӯзӣ вазъият хубтар мешавад.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи вазнину хеле душвор аст. Оромиро нигоҳ дошта натавонистанатон боиси ҷангу ҷанҷол ва нохуб гаштани саломатиятон мегардад. Агар имкон дошта бошед, чанд лаҳза дар назди дарёча ё ҳавзи об нишаста, асабҳоро орому истироҳат намоед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Вазъи молиявиатон нохуб аст, аз ин лиҳоз, дар масъалаҳои пулӣ таваккал накунед. Дар ҷойи кор тағйир ёфтани вазифаатон аз худи шумо вобастагӣ дорад. Дар ин рӯз аз хӯроки равғанин худдорӣ намоед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз рафтори номардонаи яке аз дӯстонатон табъатонро хира месозад, аз ин лиҳоз ба онҳо бовар накунед. Тағйиротҳои ногаҳонии тақдирсоз имкон доранд. Ба баҳсу мунозира ва ибрози ақида роҳ надиҳед. Нимаи дуюми рӯз хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаи нохуш зиёд аст. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мегардад.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи хеле бобарор аст. Далвҳои оиладор чун ҳамеша барои беҳбудии вазъи молиявӣ заҳмати зиёд мекашанд. Хаёлҳои хомро аз сар дур созед, вагарна кор бо муноқишаву бад шудани вазъи саломатиятон анҷом меёбад. Нисбати наздикони худ боинсоф бошед. Хатогиҳои худро ба гардан гирифтанро омӯзед.

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи серташвиш ва пур аз рӯйдод аст. Дар ин рӯз барои ҳама шахси даркорӣ мешавед. Дӯстону хешовандон дар ҳалли мушкилашон аз шумо мадад мепурсанд. Беҳтараш бо ободонии хонаву дари худ машғул шавед. Ба саломатии худ диққат диҳед. Кунҷи танҳоӣ ихтиёр накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД