Ҳамал (21 март-19 апрел)
Шахси наздикатон озодии шуморо маҳдуд месозад, вале ба зудӣ хатои худро фаҳмида, фикрашро тағйир медиҳад. Барои беҳтар кардани шароити манзил, хариди мебел ё техникаи рӯзгор фурсати хуб аст. Ба баҳси одамони бегона ҳамроҳ нашавед. Агар нақшаи сарф кардани пулҳоятонро таҳия намоед, шумо метавонед дар хароҷот оқилтар бошед. Бо эҳтиёт рафтор намоед, асабонӣ ва қавоқӣ нашавед.
Савр (20 апрел-20 май)
Шуҷоат ва чолокии шумо диққати дигаронро ҷалб мекунад. Шомгоҳон бо дӯстону наздикон муошират кунед, ин ба шумо оромӣ мебахшад. Ҳоло вақти иваз кардани ҷойи кор ё касб аст, гарчанде кӯшиши зиёд мехоҳад. Ба худ ва қудрататон бовар кунед! Барои саломатӣ машқ кунед. Рӯҳи болидаи шумо калиди муваффақияти рӯз мегардад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Агар то ҳол муҷаррад бошед, имрӯз барои оғози ишқ вақти муносиб аст. Шиносоӣ тавассути дӯстону шабакаҳои иҷтимоӣ самараи хуб хоҳад дод. Дӯстони пешина ба ёдатон меоянд. Бо ҳамкорони таҷрибадор маслиҳат кунед. Бе пул мемонед, бояд сарфаҷӯ бошед. Парҳези шадидро ба таъхир гузоред, беҳтар аст кам-кам хӯрок хӯред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Ҳаёти ошиқонаатон бо мулоқоту вохӯриҳо ширин мегардад. Асабонияти худро ба сари наздикон напошед, беҳтараш зуд-зуд ба онҳо изҳори миннатдорӣ баён намоед, он гоҳ муносибатҳоятон дигаргун мегардад. Ҷидду ҷаҳд ба комёбӣ мерасонад, вале саломатиро фаромӯш накунед. Танбалиро канор гузоред, серҳаракатӣ ба шумо неру мебахшад!
Асад (23 июл-22 август)
Дар муошират бо атрофиён нофаҳмӣ ва муноқиша эҳтимол дорад. Аммо дар ҷодаи муҳаббат оромӣ ва субот ба амал меояд, тамоми нофаҳмиҳои дар байни шумову дӯстдоштаатон сарзада гум мешаванд. Аз ҷониби бадхоҳон душманиву монеа эҳсос мешавад. Эҳтиёт бошед, нофаҳмӣ, беморӣ ё як ҳодисаи ногувор имкон дорад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Ба дӯстдошта ё ҳамсаратон фишор наоред, ҳар чиз вақту соат дорад. Шиносоии охир метавонанд шуморо фиреб диҳанд. Ба шахси дӯстдошта меҳрубонӣ ва ғамхорӣ кунед. Аз касе қарз надиҳеду нагиред. Ҳар гуна шитобкорӣ ва изтироб зараровар аст. Агар бехатарию оромӣ хоҳед, каме истироҳат кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар канори шахси дӯстдошта душвориҳоро паси сар мекунед. Нороҳатиҳо дар муносибати хонадорӣ паси сар мешаванд. Кори муҳимеро ба шумо месупоранд, бо ҷиддият аз паяш шавед. Ин метавонад қадаме ба сӯи пешрафт бошад. Даромад хуб мешавад, вале аз харҷ эҳтиёт кунед. Рӯзи мусоид барои шурӯи парҳез ва кам кардани вазн аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Баъзе мушкилиҳое, ки дар зиндагиятон сар мезанад, худатон танҳо ҳал карда наметавонед. Агар ба дӯстдоштаатон аввал шумо занг занед, хеле шод мегардад. Вохӯрии ошиқона ба шумо нерӯи мусбат мебахшад. Рӯзи ҳассос аст, эҳтиёт шавед. Масъалаҳои моливу рӯзгор диққати шуморо мехоҳанд. Аз харҷи зиёдатӣ худдорӣ намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Муносибат бо дӯстдошта ногаҳон нофаҳмо мешавад. Сабаб дар он аст, ки шумо ба якдигар изҳори муҳаббат намекунед. Бо дӯстону хешовандон муошират шодӣ мебахшад. Харидҳои хонаводагӣ хушнудӣ меоранд. Дар бораи роҳбаратон эҳтиёткорона сухан гӯед. Хатогиҳои корӣ ва нофаҳмиҳо зоҳир мешаванд. Вақти хубест барои ташхис ва нигоҳубини саломатӣ. Тавсияҳои духтурро нодида нагиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Муносибатҳои ошиқонаро дигаргун созед. Зимни мулоқот бо дӯстдошта нофаҳмӣ сар мезанад, вале бо сабру тамкин ҳама чиз ҳал мешавад. Аз ҷониби шахсе дастгирии ногаҳонӣ ҳис мекунед, нафаре ба шумо пул медиҳад. Фурсати хубест барои пардохти қарзҳои кӯҳна. Агар бовар доред, ки фурсати шумост, амал намоед! Ором бошед ва аз одамони манфӣ дурӣ ҷӯед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Ташвишу изтиробатон тадриҷан гум мешавад. Масоили мураккаб гӯё худ ба худ ҳал мешаванд. Вақти ҷамъбасти фаъолият расидааст. Хатогиҳои гузаштаатонро таҳлил намоед. Хароҷоти зиёд ба суботи молиятон таъсир мерасонад, хусусан агар нақшаи хариди гарон дошта бошед. Аз истеъмоли хӯрокҳои зарарнок даст кашед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ҷодаи муҳаббат сюрпризҳо шуморо хушҳол мекунанд. Дидори ошиқона бо ҳамсар шомро рӯшан месозад. Оиладорҳо метавонанд дар бораи фарзанд фикр кунанд. Вақти муносиб барои дархости маош нест, вале агар ба арзиши худ бовар доред, кӯшиш кунед. Гарчанде саломатии шумо хуб аст, онро ҳифз намоед!