Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 14 октябр то 21 -уми октябр
3862

 

Ҳамал (21 март то 20 апрел)

Чизе сади роҳи марому мақсадҳои зодагони мучали ҳамал гашта наметавонад. Дӯстону наздикон ва ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанд. Ягона чизе, ки дар ин ҳафта шуморо нороҳат месозад, ин норасоии қувва, вақт ва пул аст. Барои харидани ашёи пурқимате, ки кайҳо боз дар ҷустуҷӯяш будед, маблағи даркорӣ пайдо карда наметавонед. Ба ҳеҷ ваҷҳ онро бо пули насия харидорӣ накунед. нафарони оиладор диққати атрофиёнро хеле зиёд ҷалб месозанд ва ин боиси рашки ёрашон мегардад. Вазъи молиявиатон чандон хуб нест, вақтҳои охир пулро зиёду бебаркаш сарф мекунед. Миёни зану шавҳарон бо сабаби гуногунфикрӣ муноқиша имкон дорад. Барои нафароне, ки дӯстдошта доранд, ҳафтаи бобарор аст. Нафарони муҷаррад дар ин рӯзҳо бахти худро пайдо сохта метавонанд. Ҳафта барои маъракаҳои оилавӣ ва бастани ақди никоҳ хеле қуллай аст.
Рӯзи бобарор: чоршанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

Савр (21 апрел то 22 май)

Зодагони мучали савр дар ин ҳафта дар фикри беҳтар сохтани вазъи зиндагии худ мешаванд. Маслиҳатчии хуб дар ин ҷода нафарони калонсоли оилаатон буда метавонанд. Хӯрокҳои аз ҳад зиёд серғизо айни замон ба саломатиятон зарар мерасонад. Наврасоне, ки дар мучали савр тавлид ёфтаанд, ба одатҳои бад хӯ гирифтанашон имконпазир аст. Хайрхоҳӣ ва дилёбӣ яку якбора чанд мушкилии ҷиддиро рафъ месозанд. Санаи 20-уми октябр барои шумо рӯзи хотирмон аст, ба он омода бошед. Дар муносибатҳои нафарони оиладор душвориҳо сар мезанад. Бо вуҷуди он ки зотан якрав ҳастед, дар баъзе ҳолатҳо бояд гузашт карда тавонед. Аз рӯзи панҷшанбе нисбати саломатии худ бодиққат бошед, хатари шамол хӯрдану гирифтори зуком шуданатон зиёд аст.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе.     Рӯзи бебарор: душанбе.

 

Ҷавзо (23 май то 21 июн)

Ҳафта барои васеъ сохтани тиҷорат, қарз гирифтани маблағи пулӣ, бастани ақди никоҳ созгор нест. Нисбати атрофиён меҳрубонтар бошед, бо кинояву нешзанӣ касеро наранҷонед. Ҳодисаи муҳиме дар ин ҳафта рух намедиҳад, ягона чизе, ки рӯзҳои якранги тирамоҳиро рангин сохта метавонад, ин машғулияти нав, китоби аҷиб, қиссаи ҷаззоби шунидаатон аст. Фарзандон дар баробари ташвиши зиёд лаҳзаҳои пурнишот низ мебахшанд. Ба ҳар коре, ки бонувони хонашин машғул мешаванд, муваффақ мегарданд. Дар хонаи аксари зодагони мучали ҷавзо муноқишаи оилавӣ эҳтимол дорад. Агар ҳамсафари ҳаётиятон дар ҳоли асабоният қарор дошта бошад, ба ӯ имкон диҳед, ки қаҳру ғазаби худро баён намояд. Дар ин сурат мушкилоти сарзадаро рафъ сохта метавонед. Ба рафтори фарзандони худ зеҳн монед, баъзан аз онҳо ибрат гирифтан аз манфиат холӣ нест.

Рӯзи бобарор: шанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

 

Саратон (22 июн то 22 июл)

Дар ин ҳафта хеле серкор мешавед. Рӯзҳои наздик соҳиби фарзанд мешавед ё маъракаи калон баргузор мекунед. Бо вуҷуди серкорӣ оилаи худро фаромӯш насозед. Эҳтимол дар ин ҳафта аз хиёнати нафари бароятон хеле азиз огаҳӣ пайдо мекунед. Шитобкорона хулосабарорӣ накунед. Бемориҳои музмин аз нав хурӯҷ мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ беҳбудӣ дида мешавад, даромади пулиро интизор бошед. Дар давоми ҳафта гӯшаи танҳоиро ихтиёр накунед. Дар корҳои муҳим масъулиятро ба дӯши худ гирифтанатон лозим меояд. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳнаатон дар назар аст. Вазъи молиявиатон дар ин ҳафта рӯ ба беҳбудӣ меорад, даромади пулӣ имкон дорад. Аз нафароне, ки дар кору зиндагӣ муваффақ ҳастанд, ибрат гирифта, дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиб бодиққат ва ҳушёр бошед.

Рӯзи бобарор: шанбе.     Рӯзи бебарор: душанбе.

 

Асад (23 июл то 23 август)

Дар ин ҳафта имкон доред, ки қобилиятҳои сухандонӣ, ҳозирҷавобӣ, зебоиву фатонати худро нишон диҳед. Ҳангоми дар маъракае ширкат варзидан дар маркази диққат қарор мегиред. Дар дигар ҷодаҳои зиндагӣ ягон ҳодисаи муҳиме дида намешавад. Нафароне, ки кӯшиши хароб шуданро доранд, истодагарӣ зоҳир намуданашон лозим меояд, то ки хӯроки зарарнокро истеъмол накунанд. Аз рӯзи 15 то 19-уми октябр ба шумо туҳфа тақдим мекунанду хотиратонро шод месозанд. Айни замон бо кори нав машғул нашуда, беҳтараш бо корҳои нотамоми худ машғул шавед. Зодагони мучали асад зери таъсир ва фишори атрофиён монданашон имкон дорад. Бо баъзе нафарони аз ҳад зиёд фаъол муноқиша карданатон дар назар аст. Ҳангоми робита бо нафарони даркорӣ сабру таҳаммул ва вақт лозим меояд. Рафту робитаи мустаҳкамро ба роҳ монда тавонед, корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

 

Сунбула (24 август то 23 сентябр)

Барои ба даст овардани таваҷҷуҳи нафароне, ки дар касбу коратон мададгор ва пуштибони шумо мегарданд, бояд аз таҳти дил кӯшиш ба харҷ диҳед. Дар муҳаббат тавре рафтор намоед, ки шахси дӯстдоштаатон аз шумо наранҷад. Нафароне, ки ба худ дилпур нестанд, беҳтараш бо касе аҳди ишқу муҳаббат набанданд. Нафарони оиладор нисбати ҳамсафари ҳаётии худ диққати бештаре зоҳир намуданашон лозим меояд, вагарна нафаре пайдо мешавад, ки бахти шуморо аз таги биниятон кашида гирифтан мехоҳад. Серкор ва хеле серташвиш мешавед. Масъалаҳои пулиро боэҳтиётона ҳаллу фасл намоед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Ҳафта барои ҷамъ кардани маблағи пулӣ созгор аст. Дар давоми ҳафта бо сабаби сар задани мушкилоти молиявӣ ё зиёд шудани эҳсоси рашк муноқиша сар мезанад. Хабари ногаҳоние нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Ҳафта барои ба меҳмонӣ рафтану қабул кардани меҳмон созгор нест.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

 

Мизон ( 24 сентябр то 23 октябр)

Зодагони мучали мизон ҳанӯз ҳам аз мушкилоти рӯзҳои пеш раҳо ёфта наметавонанд. Баъзеҳо кори арзанда пайдо мекунанду бархи дигар вазъи молиявиро беҳтар месозанд, афроди сеюм дар муносибатҳои пурҷанҷоли ошиқона нуқта мегузоранд. Тавассути шабакаҳои интернетӣ ба муносибати ошиқона роҳ надиҳед, аз нафарони ношинос мактуб қабул накунед ва пулро тавассути терминалҳои ношинос ирсол накунед. Агар дар оилаатон фарзандони хурдсол дошта бошед, барояшон маблағи зиёд сарф кардан лозим меояд. Рӯзи 14-уми октябрро дар хона гузаронед. Агар ин санҷишро пушти сар карда тавонед, шуморо рӯзҳои бобарор дар пеш аст. Ишқбозӣ бо яке аз шиносҳоятон оқибатҳои нохушро ба бор меорад. Агар шумо дар ҷустуҷӯи бахти худ бошед, беҳтараш нафареро интихоб намоед, ки дар лаҳзаҳои душвор мунису мададгоратон бошад. Рӯзҳои наздик бо касе муносибати ошиқона намуданро тавсия намедиҳем.

Рӯзи бобарор: сешанбе.     Рӯзи бебарор: якшанбе.

 

Ақраб (24 октябр то 22 ноябр)

Дар касбу кор ба танбалӣ роҳ надиҳед, ба тафтиши ногаҳонӣ омода бошед, вагарна ҷои корро аз даст медиҳед. Агар муҷаррад бошед, бо аввалин нафаре, ки нисбаташ майлу рағбатро ҳис мекунед, муносибати ошиқона оғоз накунед. Қаблан дилпур шавед, ки ин нафар дар дил мақсади нопок надошта бошад. Вақте расидааст, ки хастагиро рафъ намоед. Аз ин рӯ, корҳоятонро ба дӯши дигарон гузошта, истироҳат кунед. Ҳафта барои истироҳати берун аз шаҳр созгор аст. Ҳама гуна меҳнати ҷисмонӣ дар ин ҳафта боиси хушҳолиятон мегардад. Аз рӯзи 14 то 20 октябр танҳо ба хотири қаноатмандии худ кор мекунед. Роҳбарият заҳматҳоятонро қадр накунад ҳам, коратон самараи нек медиҳад ва руҳбаланд мегардед. Обрӯи худро ҳифз намоед.

Рӯзи бобарор: душанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

Қавс ( 23 ноябр то 21 декабр)

Зодагони мучали қавс бо вуҷуди пеш омадани мушкилоти ногаҳонӣ бояд ҳамеша ба пеш ҳаракат намоянд. Андуҳгин нашавед, мушкилоти пайдошуда худ ба худ рафъ мегардад, ташвишатон зиёд намегардад. Дар сурати заифу камқувват гаштан дар муҳити орому осуда истироҳат намоед. Мушкилоти ягонае, ки дар ин ҳафта шуморо азият медиҳад, ин камбудиҳои рӯзгор аст. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна муносибати худро бо атрофиён бад месозед. Шахси дӯстдоштаатон дар ғаму шодии шумо шарик мегардад. Мушкилоти рӯзгоратонро низ наздикон рафъ месозанд. Дар лаҳзаҳое, ки тақдири наздиконатон ва масъалаи хариди калон ҳал мешавад, бо аҳли оилаи худ бошед. Мушкилоти норасоии пулро танҳо бо пайдо намудани манбаи нави даромад рафъ сохта метавонед. Рӯзҳои истироҳат барои ба мағозаву бозор рафтану харид кардан созгор аст.

Рӯзи бобарор: ҷумъа.     Рӯзи бебарор: душанбе.

 

Ҷаддӣ (22 декабр то 20 январ)

Зодагони мучали ҷаддӣ дар ин ҳафта имкони истироҳат намуданро пайдо месозанд. Дар касбу кор ёрдамчии нав пайдо мекунед. Дар корҳои хона наздиконро ҷалб намоед. Рӯзҳои наздик бо аҳли оила масъалаи хариди калон ё тақдири яке аз аъзоёни хурдсоли оиларо ҳал кардан лозим меояд. Вақте расидааст, ки сару либоси худро нав намоед. Сафарҳои берун аз шаҳр ва нишастҳои дӯстона табъатонро болида месозад. Ба назаратон чунин менамояд, ки тамоми атрофиён бар зидди шумо амал менамоянд, вале дар асл чунин нест. Барои ба хулосаи даркорӣ омадан бояд танҳоиро ихтиёр намоед. Баъзе зодагони мучали ҷавзо эҳтимоли шамол хӯрданро доранд. Дар давоми ҳафта аз дарди сар ва пасту баландшавии фишори хун азият кашиданатон дар назар аст. Бо чунин ҳол бо кор машғул шуданатон душвор аст. рафту чунин ҳолат дар саломатиятон бори аввал набошад, дорувориҳои даркориро истеъмол намоед. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед ва аз асабоният худдорӣ намоед.

Рӯзи бобарор: сешанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

 

Далв (21 январ то 20 феврал)

Дар давоми ҳафта зодагони мучали далв бо корҳои муҳиму фаврӣ банд намешаванд. Зиндагиятон ба маҷрои нав медарояд, вале муноқишаҳои хурд бо ҳамкорон табъатонро хира месозад. Ҳафта барои изҳори муҳаббат, харидани либоси нав ва ба назди табиб рафтан мусоид аст. Дар ҷодаи муҳаббат шахси дӯстдоштаатон изҳори муҳаббат намуда, аз шумо посухашро интизор мешавад. Дар ҷои кор кӯшиш намоед, ки муносибати худро бо ҳамкорон бад насозед. Бадхоҳонатон кӯшиши ба шумо зарар расониданро мекунанд. Мушкилоти зиёд шуморо асабиву хашмгин месозад. Хусусан мушкилоти вобаста бо хонаву дари худро сари вақт рафъ намоед, вагарна аз оқибати нохуш эмин монда наметавонед.

Рӯзи бобарор: душанбе.     Рӯзи бебарор: шанбе.

 

Ҳут (21 феврал то 20 март)

Дар ин ҳафта чунон серташвиш мешавед, ки нақшаҳои зиёдатон ҳал ношуда мемонад. Зимни робита бо нафарони калонсоли оила нофаҳмӣ эҳтимол дорад, ба муноқиша роҳ надиҳед. Аз баҳсу мунозира низ дурӣ ҷӯед. Нафарони калонсол бояд ба фишори хуни худ диққати хоса зоҳир намоянд. Агар ба сафари дарозмуддат баромаданӣ бошед, хонаву дари худро нағзакак маҳкам кунед. Дар ин ҳафта нақшаҳоятон амалӣ намешаванд. Аз барор нагирифтани коратон руҳафтода нашуда, аз пайи корҳои дигар шавед. Нисбати наздикони худ пуртоқат бошед, суханҳои пасту баландро ба забон наоред. Ҳама гуна дахолати атрофиён ба ҳаёти шахсии шумо боиси қаҳру ғазабатон мегардад. Фаромӯш насозед, ки шумо барои наздикони худ ҷавобгар ҳастед, масъулиятнокиро аз даст надиҳед.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе.     Рӯзи бебарор: нест.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нилуфарчон Хочаева 2019-10-19, 00:16
Шахри Кулоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нилуфарчон Хочаева 2019-10-19, 00:16
Шахри Кулоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД