Formula novemver 2024
Толеъномаи 13 январи соли 2020, душанбе
2491

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Тамоми фикри хаёли шумо барои ба ҳадаф расидан равона мегардад. Роҳҳои нави даромади пулиро пайдо карданатон лозим аст. Дар ин рӯз ба ишқбозиву муносибати ошиқона таваҷҷуҳ накунед, вагарна корҳоятон нотамом мемонад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз қабл аз он ки ба ҳуҷҷате имзои худро мегузоред, онро нағзакак аз назар гузаронед. Ҳоло вақти шитоб нест. Рафтори беандеша сабаби аз даст додани маблағи амали шумо оқибати нохуш ба бор оварда метавонад. Барои ҳар кору кирдори худ масъулият доштанатон лозим аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз шуморо воқеаву рӯйдодҳои аҷибе интизор аст, ки ҳар кадоме ғайриодӣ ҳастанд. Ҳар дафъа бо қалби ларзон оқибати корро интизор мешавед. Дар ҳама кор барор ҳамсафаратон мегардаду корҳоятон пеш мераванд. Айни замон ягон мушкиле нест, ки шумо бо ақлу заковат рафъ сохта натавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз корҳоятон хеле зиёд мешаванд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин корҳоро дар танҳоӣ бояд анҷом диҳед. Ҳолатҳое мешавад, ки ба кӯмаку дастгирӣ ниёз пайдо мекунед. Як қисми уҳдадориҳои худро байни нафароне тақсим намоед, ки шуморо дастгирӣ карда тавонанд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз хеле зиёд заҳмат кашида, хастагиро эҳсос намекунед. Агар лозим бошад, шумо аз уҳдаи ҳама кор баромада метавонед. Дар масъалаҳои пулӣ бодиққат бошеду агар лозим ояд, хирагиву аблаҳӣ низ нишон диҳед. Дӯстдоштаатон шуморо шод месозад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар касбу кор тағийротҳои ҷиддӣ имконпазир аст. Дар ин рӯз имкони чизеро ба даст овардану чизеро аз даст доданро доред, ҳамааш аз қарордоди шумо вобастагӣ дорад. Нафароне, ки бо ҳисобу китоби пул машғуланд бодиққат буданашон лозим аст, эҳтимол ғалат карданатон зиёд аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз хеле бодиққат бошед. Тамоми қоидаҳоро риоя намоед. Хусусан ин барои нафароне муҳим аст, ки гуфтугушунидҳои корӣ доранд. Дар рафъ намудани мушкилот наздикон дастгирӣ мекунанд. Нақшаҳоятон барои оянда тағйир меёбанд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст, дар корҳои зиёд бурдборӣ дида мешавад. Эҳтимол нақшаҳо вайрон мешаванд, вале ба рафти корҳоятон таъсир намерасонанд. Шарикони нави корӣ пайдо намуда, комёб гашта метавонед. Ба касе имкон намедиҳед, ки аз меҳрубониятон истифода барад, бо нафарони воломақом низ баҳс карда метавонед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз тағийротҳои фаврӣ мехоҳед, вале аз натиҷааш на ҳамеша қаноатманд мегардед. Шуморо дар ин рӯз фиреб кардан хеле осон аст. Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан танҳо ба одамони дилпур бовар кунед. Корҳои душвортари худро ба таъхир гузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Барои ба ҳадаф расидан шумо ба қурбониҳои зиёде омода ҳастед. Вале барои ба мақсад расидан каме зиракӣ ва таҷриба лозим асту халос. Дар оила тағийротҳои гуворо ва дар муносибатҳои хешу таборӣ беҳбудӣ дида мешавад. Хафагиву ранҷиш фаромӯш мегардад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Бо вуҷуди душвориҳо ба комёбиҳои зиёд ноил шудан мумкин аст. Эҳтимол шуморо лозим аст, ки кори анҷомдодаро давом диҳед. Нисбати наздикони худ танқиду эродро равон набинед ва маслиҳат надиҳед. Дар ин рӯз нафареро ранҷониданатон имконпазир аст.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Агар диққати худро ба корҳои муҳимтар равона созед, рӯзи бобарор мешавад. Айни замон беҳуда ташвишу изтиробро ба дил роҳ надиҳед. Аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои пулӣ шитоб накунед. Пули худро беҳуда сарф карданатон имкон дорад. Баъзе чизҳоеро, ки дар ин рӯз харидорӣ мекунед, нодаркор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД