Ҳамал
Зимни гуфтор аз ҳадди эътидол нагузаред. Бештар гӯш кунеду нуқтаи назари худро кам баён намоед. Аз вазъияти моҷароомез худдорӣ намоед. Баъди нисфирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки дар рафъ намудани мушкилоти оилавӣ маслиҳати муфид медиҳад.
Савр
Дар ин рӯз зуд бо рафъ намудани корҳо машғул шуда, дар тағйир додани нақшаҳои худ омода бошед. Нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад, ки нисбаташ бетаваҷуҳ нестед. Шарму ҳаёро як сӯ гузошта, мурғи бахти худро мустаҳкам доред. Саврҳои муҷаррад дар фикри оиладоршавӣ мегарданд.
Ҷавзо
Дар ин рӯз қуввату заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Агар лозим ояд, нафаронеро ба кӯмак даъват кунед, ки боварӣ дошта бошед. Муносибататон бо наздикон, ҳамкорон ва шахсе ки дӯсташ медоред, ба эътидол меояд. Мушкилоти баҳсиро бе садобаландкунӣ ва муноқиша рафъ намоед.
Саратон
Имрӯз барои барқарор сохтани робитаҳои судманд мусоид аст. Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингард бодиққат боше два қоидаҳои бехатариро риоя намоед. ба саломатии худ диққат дода, бештар истироҳат намоед. барои нафароне, ки ҷои кори худро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи муосид аст.
Асад
Нақшаҳои зиёдатон амалӣ мешаванд. Аз ҷониби наздикону шахси дӯстдоштаатон кӯмак мегиред. Бо кӯмаки машрубот асабонияти худро рафъ карда наметавонед. Нисбати ёратон меҳрубон бошед, айни замон ӯ ба ғамхории бештар ниёз дорад. Аз сарф кардани маблағи зиёд худдорӣ намоед.
Сунбула
Дар роҳи расидан ба мақсадҳо ба як қатор монеаҳо гирифтор мешавед. Агар нияти иваз кардани соҳаи фаъолияти худро дошта бошед, маълумотномаи худро ба тамоми ширкатҳо фиристед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳо бо дӯстдоштаатон, сабру тоқатро аз даст медиҳед.
Мизон
Нисбати ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ботаҳаммул бошед, вагарна то охир рӯз қуввату мадорро аз даст медиҳед. Нофаҳмӣ бо хешовандон табъатонро хира месозад. Агар нияти оштӣ шуданро дошта бошед, ин корро дар ҳамин рӯз кунед. Бо мошини шахсӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Ақраб
Барои он ки барор ҳамсафари шумо гардад, набояд руҳафтода бошед. Зиндадилу нисбати худ серталаб бошед, он гоҳ комёб мегардед. Уҳдабароиву кордониятонро дида, ҳатто мунаққидон ҷонибдоратон мегарданд. Дар ҷодаи муҳаббат ба пайдо шудани рақибон роҳ надиҳед.
Қавс
Дар ин рӯз на танҳо бо ҳамкорон, балки бо худ низ мусобиқа мекунед. Барои қоил кардани атрофиён бояд таҷрибаву дониши кофӣ дошта бошед. Кордониятон хуб аст, вале роҳҳои пулкоркуниро низ пайдо карданатон лозим аст. Барои хубтар гузаронидани идҳои солинавӣ пул бояд ҷамъ кунед.
Ҷаддӣ
Дар корҳоятон пешравиро интизор набошед. Албатта тағйиротҳои хуб имкон доранд, вале чандон назаррас нестанд. Бо сабаби аз кор ба хона дер баргаштанатон наздиконатон аз шумо ранҷидаву муҳити оилавӣ тоқатфарсо гаштааст. Барои ба даст овардани дили ҳамсаратон бояд зирак бошед.
Далв
Бо вуҷуди сард будани ҳаво самои қалби шумо офтобиву аз шодӣ мешукуфед. Дӯстдоштаатон бо шумо меҳрубон асту кисаатон пури пул. Дар ҷойи кор роҳбарият вазифаи беҳтареро пешниҳод месозад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш шунида, табъатон болида мегардад.
Ҳут
Агар тамоми рӯз бо табъи гирифта гаштан гиред, чунин муносибатро аз атрофиёнатон низ интизор шавед. Ба ҷои нишон додани руҳафтодагӣ беҳтараш бо ягон кори муфиду судбахш машғул шавед. Масалан хонаатонро ба тартиб оварда, ягон хӯроки бомаза пазед.