formula feb 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1583

Ҳамал (21.03-20.04)

Рӯзи пурмаҳсул хоҳад буд, корҳо назар ба интизориатон бештар мешаванд. Шумо кӯшиш мекунед, ки масъалаҳои муҳимро мустақилона ҳал кунед, то вақти худро барои баҳсҳои тӯлонӣ сарф накунед. Дар муҳити корӣ нофаҳмиҳо сар мезананд, дар хона низ муноқиша эҳтимол дорад. Аммо шумо асабонӣ намешавед, балки бо оромӣ ва далелҳои қавӣ мухолифонро бовар мекунонед. Кӯшиш кунед, ки аз ҳад зиёд худро хаста насозед.

Савр (21.04-21.05)

Корҳои муҳими худро ба таъхир нагузоред: аввали рӯз барои ин хеле мувофиқ аст. Нафароне, ки қаблан дар бисёр масъалаҳо бо шумо ҳамфикр набуданд, имрӯз бо шумо розӣ мешаванд. Рақибони пешина метавонанд дар иҷрои як кори ҷиддӣ ба шумо кӯмак пешниҳод кунанд. Интуитсияи шумо дуруст роҳнамоӣ хоҳад кард, ки ба кӣ метавон бовар кард. Шиносоиҳои гуворо ва вохӯриҳо бо одамоне, ки пештар дар бораи онҳо бисёр шунида будед, эҳтимол доранд.

Ҷавзо (22.05-21.06)

Аввали рӯз эҳтимоли пайдо шудани ҳолатҳои ташвишовар зиёд аст. Ҳама чиз, тавре ки шумо интизор будед, пеш нахоҳад рафт, ки ин боиси тағйир додани нақшаҳо ва ба таъхир гузоштани баъзе корҳо мегардад. Аз ин асабонӣ мешавед. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш ва пешниҳодҳои ҷолиб мегиред. Инчунин, беҳбудиҳо дар муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдошта эҳтимол доранд – шумо якдигарро беҳтар мефаҳмед ва аз баҳсҳои нолозим даст мекашед.

Саратон (22.06-23.07)

Рӯз умуман хуб мегузарад, гарчанде ки рӯйдодҳо назар ба интизориатон сусттар рушд мекунанд. Имкони ба таъхир афтодани баъзе корҳо вуҷуд дорад, хусусан барои онҳое, ки бо ҳуҷҷатгузорӣ ё муроҷиат ба идораҳои давлатӣ сарукор доранд. Агар устуворӣ нишон диҳед ва аз нимаи роҳ даст накашед, ҳамаи монеаҳо паси сар мешаванд. Шом барои онҳое, ки бо оилаашон вақти бештар мегузаронанд, хеле гуворо хоҳад буд. Хабарҳои ғайричашмдошти хуш аз роҳи дур шодии зиёде меоранд.

Асад (24.07-23.08)

Андешаҳои шумо атрофиёнро ба ваҷд меоранд, шояд дӯстону ҳамкорон омода шаванд, ки дар корҳоятон кӯмак кунанд. Муошират бо дигарон бе душворӣ сурат мегирад. Баъзе Асадҳо дӯстони нав пайдо мекунанд. Нимаи дуюми рӯз каме мушкилот эҳтимол доранд, вале онҳо муваққатӣ хоҳанд буд. Кӯшиш кунед, ки аз нофаҳмиҳои хурд асабонӣ нашавед – онҳо зуд пушти сар хоҳанд шуд.

Сунбула (24.08-23.09)

Рӯзи мусоид барои кор аст. Гарчанде ки ҳама Сунбулаҳо ба дастовардҳои бузург ноил намешаванд, аксарияти онҳо корҳои худро иҷро мекунанд ва масъалаҳои дер боз ҳалталабро ба низом медароранд. Шиносоиҳои муфид эҳтимол доранд ва шумо метавонед таассуроти хубе ба одамони даркорӣ гузоред. Дастгирии атрофиёнро эҳсос мекунед, аммо эҳтимол дорад, ки табъи шумо зуд-зуд тағйир ёбад, зеро вазъи руҳиятон ноустувор боқӣ мемонад.

Мизон (24.09-23.10)

Имрӯз бо ҷасорат амал кунед – фурсати хубе барои расидан ба муваффақият аст. Ягона соҳае, ки бояд эҳтиёткор бошед – масоили молиявӣ аст. Бисёре аз Мизонҳо имрӯз майли харҷ кардани маблағҳои зиёд ба чизҳои нолозимро доранд. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан бо худ маблағи калон набаред, вагарна пулро зиёд сарф карда, баъдан хеле асабӣ мешавед.

Ақраб (24.10-22.11)

Ақрабҳое, ки метавонанд корҳои дилгиркунандаро як сӯ гузоранд ва ба фаъолиятҳои илҳомбахш машғул шаванд, бояд ҳамин тавр амал кунанд. Агар ин имкон надошта бошед, пас рӯзи худро тавре ба нақша гиред, ки барои дидор бо дӯстон вақт пайдо кунед. Бо нафароне, ки имрӯз шинос мешавед, бо шубҳа назар накунед. Вақт кӣ будани онҳоро нишон медиҳад. Аз нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед.

Қавс (23.11-21.12)

Барои онҳое, ки одат кардаанд зуд муваффақ шаванд, ин рӯз осон нахоҳад буд. Аввалан, эҳтимоли таъхир дар корҳое, ки барои шумо хеле муҳиманд, зиёд аст. Дуввум, монеаҳои ногаҳонӣ метавонанд пайдо шаванд. Ҳама мушкилотро дар танҳоӣ ҳал кардан шарт нест. Дар атрофи шумо одамоне ҳастанд, ки омодаанд кӯмак расонанд. Шомро бо наздикон ва дӯстдоштаатон гузаронед – ин ба шумо нерӯ ва рӯҳияи хуб мебахшад.

Ҷаддӣ (22.12-20.01)

Имрӯз муҳим аст, ки дар маркази таваҷҷуҳ бошед. Дар мушкилиҳо ба наздикон маслиҳати шумо лозим аст. Вохӯриҳои ғайричашмдошт ва шиносоиҳои ҷолиб эҳтимол доранд. Дар масоили марбут ба пул ба ҳиссиёти дарунии худ такя кардан мумкин аст. Имрӯз шумо беҳуда пул сарф намекунед. Ба дарди меъда таваҷҷуҳ кунед. Баъди шом пурхурӣ накунед. Беҳтараш хӯрокро кам-кам хуред.

Далв (21.01-19.02)

Вохӯриҳо, ки умеди зиёде ба онҳо надоштед, ногаҳон хуб анҷом меёбанд. Шумо метавонед бо рақибони пешина дӯст шавед ва аз одамоне, ки қаблан бо онҳо ихтилоф доштед, кӯмак бигиред.
Аз харидҳои ғайринақшавӣ худдорӣ кунед. Аммо дар муҳаббат бахт бо шумост – ҳатто агар дер боз ба он бовар надоштед. Ошиқ мешавед.

Ҳут (20.02-20.03)

Имрӯз шумо дилгир намешавед. Вазифаҳои ҷолиб пеш меоянд ва вохӯриҳои ғайричашмдошт рух медиҳанд. Дар хона шояд корҳои зиёде ба миён оянд, аммо бо кӯмаки наздикон ҳамаашро ҳал мекунед. Шом барои мулоқоти ошиқона хеле мувофиқ аст. Хабари хуш мешунавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД