Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар дар ҷустуҷӯи муҳаббат бошед, бахтатон метавонад хеле наздик бошад. Ба наздикон низ бештар вақт ҷудо кунед, зеро кор набояд ҷойи оиларо бигирад. Рӯз барои мулоқотҳои корӣ ва ҳалли масъалаҳои расмӣ мусоид аст. Дар фикри пул аз ҳад зиёд набошед, хушбахтӣ танҳо бо дороӣ чен намешавад. Барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ ба саломатии худ аҳамият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз беҳтараш каме фосиларо нигоҳ доред, то шахси дӯстдоштаатон қадри шуморо бештар дарк кунад. Кӯшиш кунед корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Барои қабули қарорҳои муҳим дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ рӯзи муносиб аст. Дар тиҷорат низ имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Дар ғизо меъёрро риоя кунед ва аз истеъмоли зиёди хӯрокҳои равғанину хамирӣ худдорӣ намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Пеш аз он ки наздиконро гунаҳкор кунед, воқеиятро хуб биомӯзед. Эҳтимол касе шуморо гумроҳ кардааст. Имрӯз корҳои хона осонтар пеш мераванд ва барои тозакорӣ вақти мувофиқ аст. Дар ҷои кор тағйироти ҷиддӣ интизор нест, вале супоришҳои майда зиёд мешаванд. Аз хароҷоти беҳуда ва гирифтани қарз худдорӣ кунед. Рӯҳияи хуб ба шумо барои кори босамар кумак мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар муносибат бо шахси дӯстдошта аз ҳад ростгӯ набошед, зеро баъзе суханон метавонанд ранҷиш эҷод кунанд. Бегоҳро бо дӯстон ё наздикон гузаронед, то хастагӣ аз байн равад. Дар ҷои кор эҳсосотро идора кунед ва ҳар сирро ба ҳамкорон нагӯед. Пешниҳоди молиявии хуб имконпазир аст, аммо қарорро саросема қабул накунед. Имрӯз вақти хубест барои халос шудан аз одатҳои бад ва чизҳои нолозим.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои оғоз кардани муносибатҳои ошиқона рӯзи мувофиқ нест. Беҳтараш ба корҳои хона ва оила диққат диҳед. Дар кор пешравӣ мушоҳида мешавад, ҳарчанд баъзеҳо ба шумо ҳасад мебаранд. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед, зеро вазъи молиявӣ метавонад ноустувор шавад. Қувваи ҷисмонии шумо дар давоми рӯз тағйир меёбад, бинобар ин худро аз ҳад зиёд хаста насозед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Эҳтимол хабаре рӯҳияи шуморо нохуш кунад, аммо рӯҳафтода нашавед. Имрӯз беҳтараш аз корҳои вазнини хона истироҳат кунед. Дар ҷои кор вазифаи иловагӣ ба зиммаатон меафтад, ки метавонад ба зиёд шудани даромад мусоидат кунад. Харидҳои калонро ба рӯзи дигар гузоред. Барои беҳтар шудани саломатӣ як намуди нави машқи ҷисмониро санҷед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибатҳои оилавӣ нофаҳмиҳои хурд ба вуҷуд омада метавонанд. Каме фосила гирифтан ба ҳар дуи шумо фоида меорад. Аз баҳсу ҷанҷолҳо дурӣ ҷӯед ва дар ҷои кор интизомро риоя намоед, зеро роҳбарият ба фаъолияти шумо диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед. Вазъи саломатӣ беҳтар шуда, нерӯи тоза эҳсос хоҳед кард.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба ҳар сухани ширин ва ваъдаи ошиқона зуд бовар накунед. Имрӯз дар хона ҳам лаҳзаҳои хуб ва ҳам нохуш рух дода метавонанд, бинобар ин, ҳар суханро боандеша баён кунед. Барои расидан ба ҳадаф усулҳои нави корро истифода баред. Имконияти хуби беҳтар шудани вазъи молиявӣ пайдо мешавад. Масҳ ё шиноварӣ барои шумо муфид хоҳад буд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Кинаҳои кӯҳнаро фаромӯш кунед. Агар танҳо бошед, имрӯз диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб мекунед. Нақшаи рӯзро тартиб диҳед ва аввал корҳои муҳимро анҷом диҳед. Ба наздикон дар ҳалли мушкилоташон кумак кунед. Аз сармоягузорӣ ва таваккали молиявӣ худдорӣ намоед. Ба саломатӣ ва ниёзҳои фарзандон бештар аҳамият диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар зиндагии шумо шахси ҷолибе пайдо шуда метавонад, ки муносибати самимӣ нишон медиҳад. Агар оиладор бошед, барои ҳалли нофаҳмиҳо оромона суҳбат кунед. Дар ҷои кор вақтро дуруст тақсим намоед, то ҳама вазифаҳоро сари вақт иҷро кунед. Имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Барои рафъи изтироб бо дӯстони дерина вохӯрда, каме истироҳат кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ба овози дилатон гӯш дода, аз амал кардан натарсед. Кӯшиш накунед шарики зиндагиро мувофиқи хоҳиши худ тағйир диҳед, зеро ин боиси ҷанҷол мешавад. Дар касбу кор бо ҷасорат амал мекунед ва дар вақти лозима роҳи созишро меёбед. Агар дар ҷустуҷӯи кор бошед, ҳоло сабр лозим аст. Шом хӯроки вазнин нахӯред, то меъдаатон озор набинад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Эҳтимол шахсе пинҳонӣ ба шумо таваҷҷуҳ дорад ва шиносоии ғайричашмдошт метавонад ба муҳаббат табдил ёбад. Дар муносибат бо наздикон барои созиш омода бошед. Бо вуҷуди серкории зиёд, саломатиро дар ҷойи аввал гузоред. Ҳоло вақти намоиш додани рафтори ғайриодӣ нест. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед ва барои мустаҳкам кардани масуният бештар ғамхорӣ намоед.