Ҳамал (21 март-19 апрел)
Агар шахси дӯстдоштаатон ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад, дар посух шумо низ меҳру муҳаббати худро низ нишон диҳед. Дар акси ҳол дучори нофаҳмӣ мешавед. Бо ҷуръат амал кунед, хусусан ҳангоми ба мағоза рафтану харид кардан. Аммо аз сарфаи беҳуда худдорӣ намоед. Дар масъалаи саломатӣ эҳтиёт бошед: ғизои сабук хӯред ва парҳез кунед. Машқҳои ҷисмонӣ шуморо пурэнергия ва солим нигоҳ медоранд.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз имкони шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Шахсе ба ҳаёти шумо ворид мешавад, ки диққати шуморо сахт ҷалб мекунад. Дар бораи нақшаҳо ва орзуҳои шахсии худ бо дӯстони наздик эҳтиёткорона сӯҳбат кунед. Ба назар мерасад, ки касе ба шумо ҳасад мебарад ва метавонад кӯшиш кунад, ки хушбахтии шуморо халалдор кунад. Муваффақиятҳои имрӯзаи шумо натиҷаи талошҳои гузаштаатон мебошанд. Ба дастовардҳо қаноат накунед ва пешравиро идома диҳед, зеро барои боз ҳам зиёдтар ноил шудан имконият доред.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Беҳтар аст, ки диққати худро ба масъалаҳои молиявӣ равона кунед. Шахсоне, ки қаблан бо онҳо созиш карда наметавонистед, кӯшиши бо шумо оштӣ шуданро мекунанд. Агар касби шумо ба ҳисобу китоб вобаста бошад, имрӯз маҳорат ва қобилияти шумо хеле баланд хоҳад шуд. Шахсе, ки чанде пеш бо ӯ шинос шуда будед, метавонад ба шахсияти шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад ва ҳамкории дарозмуддат ва муфид пешниҳод намояд.Ба саломатии худ диққат диҳед. Имрӯз хатари хастагӣ ва камшавии қувват зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдошта метавонад печида шавад, зеро ҳардуи шумо якрав ҳастед. Дар ҷои кор ҳатман қоидаҳои кориро риоя намоед. Ҳар гуна беэътиноӣ метавонад боиси кам шудани маош гардад. Агар шумо рӯзи дароз дар як ҷо нишаста кор мекарда бошед ё камҳаракат бошед, ақаллан субҳгоҳон машқи сабук кунед. Агар пулро беҳуда сарф кардан гиред, то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзатон пур аз шодиву ҳаяҷон хоҳад буд! Дили худро барои муҳаббати нав боз кунед. Бо наздикон меҳрубон бошед – дастгирии онҳо ба шумо кӯмак хоҳад кард, ки мушкилоти рӯзро осонтар паси сар намоед. Дар нимаи аввали рӯз каме танбалӣ эҳсос мекунед, аммо дар қисмати дуюм нерӯи худро барқарор карда, ба анҷоми корҳо муваффақ мешавед. Агар шумо ба тиҷорат машғул набошед, вазъи молиявии шумо муътадил боқӣ мемонад. Эҳтиёт бошед! Имконияти осеб дидан, бо нафаре муноқиша кардан ва ҳатто ҳодисаҳои нохуш вуҷуд доранд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Эҳтимоли ошиқ шуданатон ё вохӯрӣ бо нафаре, ки чанд сол қабл якдигарро дӯст медоштед, дар назар аст. Дар муомила бо наздикон эҳтиёт кунед, аз асабоният худдорӣ намоед, вагарна метавонанд нофаҳмиҳо ба вуҷуд оянд. Агар эҳтиёҷ ба маслиҳат дошта бошед, ба шахсони боэътимод муроҷиат намоед. Аз гирифтани қарз худдорӣ кунед – баргардонидани он мушкил хоҳад буд. Аз ҳавои тоза ва машқҳои ҷисмонӣ бештар баҳра баред.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Агар дар бораи гузаштаи дӯстдоштаатон ҳама чизро донистан хоҳед, қаҳру ғазаби ӯро бедор мекунед. Дар оила нофаҳмиҳо эҳтимол доранд. Беҳтар аст, ки рӯзро бо сабру таҳаммул гузаронед. Барои расидан ба ҳадафҳо фаъолона амал кунед. Ҳавои тоза пеш аз хоб эҳсосоти шуморо беҳтар мекунад ва хоби осоишта мебахшад. Агар аз нафаре қарздор бошед, ҳатман маблағро баргардонед, вагарна шуморо беобрӯ мекунад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дӯстдоштаатон шояд шуморо ба коре водор кунад, ки ҳоло омодаи он нестед. Бо мулоимӣ мавзӯъро иваз кунед, то вазъият бадтар нашавад. Барои падару модар ва хешовандони калонсол бештар вақт ҷудо кунед – онҳо метавонанд ба шумо рӯҳбаландӣ бахшанд. Имрӯз дар ҷои кор пуштибонии ғайричашмдошти ҳамкорон эҳтимол дорад. Ба қаҳру ғазаб дода нашавед, вагарна дар сари қаҳр нафареро ранҷонида, пушаймон мешавед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Масъалаҳои молиявӣ имрӯз шуморо ба ташвиш меоранд. Дуздӣ ё талафоти пулӣ эҳтимол дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан ҳамёни худро эҳтиёт кунед. Аз сомонаҳои иҷтимоӣ чизе харидорӣ накунед. Аз хӯрдани хӯроки зудпаз худдорӣ кунед – ғизои носолим метавонад ба саломатии шумо зарар расонад. Ба дӯстдоштаатон бештар ҳамхорӣ зоҳир намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Миёни ҷавонон бо волидон нофаҳмӣ сар мезанад. Ба ҷои баҳс, кӯшиш кунед онҳоро фаҳмед. Муваффақият аз ростқавлӣ ва муносибати ҷиддӣ нисбат ба кор вобаста хоҳад буд. Агар вазъи молиявии шумо мушкил бошад, қарз нагиред – ба дӯстону хешовандон маслиҳат кунед. Аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоед, тарзи ҳаёти оромтарро пеш гиред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Рӯзи серташвиш аст. Имрӯз шумо имкони пайдо намудани муҳаббати худро доред. Муҳаббат метавонад шуморо аз масъулиятҳоятон парешон созад, эҳтиёт бошед – ин метавонад оқибатҳои нохуб дошта бошад. Ба зудӣ вазъи молиявии шумо беҳтар мешавад – заҳматҳоятон натиҷа хоҳанд дод. Агар худро нотоб ҳис кунед, имрӯз бепарво набошед – беҳтараш чора бинед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз хабари ногаҳонӣ метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад. Имрӯз имконияти ҳал кардани мушкилоти хонаводагӣ фароҳам мешавад. Барои он ки аз кори якранг дилгир нашавед, ягон шуғл пайдо кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ метавонед дучори баъзе мушкилиҳо гардед. Аз истеъмоли хӯроки вазнин ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед – саломатии шумо аз ин вобаста хоҳад буд.