Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои онҳое, ки бароятон азизанд, бештар вақт ҷудо кунед. Баъзе дӯстонатонро бо сабабҳои гуногун чанд муддат аст, ки надидаед ва имрӯз бо онҳо вомехӯред. Ба гапи дигарон не, ба дили худ гӯш кунед. Ба тавсияи табибон дар боби саломатӣ гӯш дода, тамоми фармудаҳояшонро сари вақт иҷро намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Нафарони ошиқро дар ҷодаи ишқу муҳаббат навгониҳои ҷолибу гуворо дар назар аст. Саврҳои муҷаррад агар фориғболӣ накунанд, ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд. Дар муносибатҳои шумо марҳилаи нав оғоз мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ба ҳамдигар бо назари нав нигоҳ кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз то дӯстонатон аз шумо маслиҳат напурсанд, ба корҳои онҳо дахолат накунед. Агар дили шумо то ҳол ишқи касеро напазируфта бошад, имрӯз метавонед, ки бо дили пур аз паси ин кор шавед. Мулоқот бо нафари арзанда дар назар аст. Кӯшиш кунед, ки ба шарики худ эътимод карда тавонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Кӯшиш намоед, ки аз ҷангу низоъ, хусусан, бо нафарони бегона худро канор гиред. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳо боэҳтиёт бошед. Вақте ранги чароғак сурх аст, мунтазир бимонед, то сабз шавад. Дар бораи имконияту фаъолияти худ бо шубҳа нигаристанро бас кунед. Ба худ бовар дошта бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Субҳ бо рӯҳияи болида аз хоб мехезед. Кӯшиш кунед, ки то охири рӯз чунин бошед ва барои ҳар сухани ночиз асабҳоятонро хаста накунед. Дар касбу кор ва дар муносибатҳои шахсӣ фаъол бошед. Агар кореро ба наздикӣ ба анҷом расонида натавонед, хубтараш ба он даст назанед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз нисбати дӯстдоштаи худ хеле меҳрубон бошед, бо дағалӣ ва сахтгапӣ дилашро наранҷонед. Ба ақидаи худ содиқ бошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро тағйир надиҳед. Дар масъалаҳои пулӣ ба касе бовар накунед, фиреб хӯрданатон мумкин аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Давоми рӯз шуморо лаҳзаҳои гуворо интизор аст. Ба суханҳои худ аҳамият диҳед, ки чӣ мегӯед. Агар ба касе ваъда дода бошед, ҳатман вафо кунед. Як сухани ноҷо дӯстро ба душман мубаддал месозад. Аз ин рӯ, қабл аз гуфтани сухане андеша намоед. Хусусан нисбати волидон эҳтиромро нигоҳ доред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар хоҳиши бо тиҷорат машғул шуданро дошта бошед, онро ба таъхир гузоред. Нафароне, ки ба кори савдо машғуланд, бояд имрӯз аз ҷои кори худ дур нараванд, зеро бе онҳо кор пеш намеравад. Тавсия медиҳем, ки аз нӯшидани обҳои газдор худдорӣ кунед, беҳтараш оби одӣ нӯшед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, имрӯз шуморо ягон мушкилӣ ва ғаму ғурбати рӯзгор интизор нест. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон, хусусан, бо роҳбарият муносибати хуб дошта бошед. Ғизоҳоеро истеъмол кунед, ки аз витамину элементҳои манфиатовар бой бошанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз каме вақт ҷудо карда, ба корҳое, ки қаблан карда будед, назар афканед. Шояд дар кори худ камбудиеро пайдо карда, онро дар оянда ислоҳ мекунед. Агар дӯстони наздики худро аз даст додан нахоҳед, онҳоро фиреб надиҳед ва ваъдахилофӣ накунед. Бисёр таваккал мекунед ва аз ҳама зиёд ба мушкилӣ дучор мешавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз беҳтар аст, ки бо сулҳу суботи оилавӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунед. Корҳои заруриро анҷом диҳед, аммо ба худ дарди сар харида, ба кори дигар даст назанед. Баъзе аз зодагони зери ин бурҷ дар муносибатҳои оилавӣ баъзе мушкилиҳоро ҳис мекунанд, ки гузаранда аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз як дӯсти наздикатон метавонад, ки ба шумо фишор орад. Вақти бештари худро бо нафаре гузаронед, ки дӯсташ медоред. Дар ягон кор сохтакорӣ накунед, зеро ҳамагон чӣ гуна инсон будани шуморо медонанд ва сиратон зуд фош мешавад.