Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли сар задани моҷаро вуҷуд дорад. Баъзе ҳамалҳо рашки беасос карда, дар сари қаҳр қарори нодуруст мебароранд. Барои пешрафти корҳои азимтаре сарфакорӣ накунед, вагарна коратонро аз даст медиҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз воқеае рӯй медиҳад, ки зиндагии шуморо тағйир дода метавонад. Ба ҳар имтиҳони тақдир омода бошед ва кӯшиш кунед, ки барои худ дарсе бигиред. Вақте нафарони соҳибтаҷриба маслиҳат медиҳанду насиҳат мекунанд, ба гапашон ҳатман гӯш кунед. Аз вазъи саломатиатон бехабар намонед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз шуморо зарур аст, ки барои як зина боло рафтан дар ҷойи кор, таҷрибаи пешрафтаи ҳамкасбонатонро аз худ кунед. Агар моҳонаи худро зиёдтар кардан хоҳед, мустақиман бо роҳбарият гуфтугӯ кунед. Кӯшиш кунед, ки худро ба коре андармон кунед, зеро бекорӣ фоида надорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имрӯз камтар гап занеду зиёдтар гӯш кунед. Мушкилиҳои ҳалталаб бидуни огоҳӣ ва зуд-зуд дар ҳаёти шумо пайдо мешаванд. Қувваи худро ба нафароне, ки арзанда нестанд, сарф накунед. Даромади иловагӣ шуморо имрӯз интизор нест.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз ҳисси тарс ба шумо ғолиб меояд. Агар саломатиатонро эҳтиёт кунед, ба кӯмаки табибон эҳтиёҷ пайдо нахоҳед кард. Асадҳои муҷаррад нимаи дувуми худро пайдо кардан мехоҳанд, аммо имрӯз барояшон мусоид нест. Беҳтараш дар ҳалқаи пайвандон бошед ва бо онҳо вақт гузаронед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз на ба эҳсос, балки ба ҳикмат ва таҷрибаи худ такя намуда, аз пайи ҳалли мушкилиҳо шавед. Пеш аз оне ки сухане бигӯед, се сония андеша кунед. Аз баъзе нафарон хубие надидаед ва ин маънои онро надорад, ки онҳо бад ҳастанд. Ба хотир оред, ки охирон бор кай ба ҳамсаратон “Ман туро дӯст медорам” гуфта будед?!
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз тибқи пешгӯии ситораҳо, хароҷоти зиёд мекунед, ки баъдан пушаймон мешавед. Ба ҳамин хотир, рӯйхати чизҳо ё корҳои лозимаро қаблан тартиб диҳед, то харҷи беҳуда накунед. Баъзан интихоби нодуруст карда, аз тақдир гила мекунед, аммо дар асл айби худатон аст, ки бе андеша кор мекунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ақрабҳо бештар ба номи бурҷашон монанд мешаванд. Неш заданро бас кунеду дигаронро аз худ хафа накунед. Нафарони оиладорро лозим аст, ки бештар дар фикри ҳамсарашон бошанд. Ба маслиҳати калонсолон гӯш диҳед, ҳатто агар аз рӯйи гуфтаи онҳо амал накунед ҳам.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар бораи мушкилиҳои мавҷуда ҷиддӣ фикр кунед, зеро то онҳо ҳал нашаванд, корҳои ояндаи шумо барор намегиранд. Ба атрофиён бовар карда метавонед, зеро на ҳамаи инсонҳо баду бахиланд. Дар муносибатҳои оилавӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо хоҳад буд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯзро шумо тамоми ҳаёт фаромӯш карда наметавонед. Орзуи деринаи худро амалӣ мекунед ва илова бар ин, ба буҷаи шумо умуман зарар намерасад. Вазъи молиявиатон ҳамоно хуб боқӣ мемонад. Қисми зиёди зодагони зери ин бурҷ дар худ чизи нав, вале номаълумро кашф мекунанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз қувваи барқро беҳуда барбод надиҳед. Агар хоҳед, ки озод ва бехатар зиндагӣ кунед, пас ба умеди ёрии касе нашуда, худатон ба пеш ҳаракат кунед. Аз хӯрокҳои хамирӣ парҳез карда, бештар сабзавот ва меваҷот истеъмол намоед, саломатиатон рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ҳам ба таври табиӣ ва ҳам ба таври рӯҳиву равонӣ фоида мебинед. Маслиҳату машварати дигаронро ҳатман гӯш кунед, ҳатто агар онҳо баду нодаркор бошанд. Ба нимаи дувуми худ эътимод дошта бошед, зеро ӯ душмани шумо нест ва чӣ кор карданатонро хубтар медонад.