Ҳамал
Дар ҳама кор ҷиддӣ бошед, хусусан ҳангоми амалиётҳои пулӣ. Аз кӯмаку маслиҳати ҳамкорон ё нафарони воломақом рӯ натобед, натиҷаи кор танҳо аз корчалонии шумо вобастагӣ дорад. Саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад. Муносибатҳои ошиқона хуб анҷом меёбанд.
Савр
Рафтори беандеша сабабгори ногувориҳо гашта, ақидаронии ғалат ба хулосаи нодуруст меорад. Бо корҳое, ки ҳисобу китоби дақиқро талаб мекунанд, машғул нашавед. Ба касе ниятҳои худро нагӯед, аз сайругашт худдорӣ намоед. Тасодуфан бо нафаре рӯ ба рӯ мешавед, ки бо ҳам муносибати хуб надоред. Бо ишқварзӣ машғул шудану қайчӣ кардани мӯй ва нохун мумкин нест.
Ҷавзо
Барои ҷавзоҳои ҳунарманд рӯзи бобарор аст. Бонувонро шиносоии гуворо ё ишқбозӣ интизор аст. Мардҳо бояд аз тасодуфан ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шаванд. Агар мошин меронда бошед, бо суръати баланд ҳаракат накунед ва аз ашёҳои нӯгтез эҳтиёт шавед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо рӯзи хуб аст.
Саратон
Рӯзи бобарор аст. Дилатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Нафароне, ки алҳол оиладор нашудаанд, бояд дар бораи истироҳати худ бештар фикр кунанд. Буҷаи худро ба инобат гирифта дар сарфи маблағ андозаро нигоҳ доред. Нафаре ки аз шумо қарздор буд, имрӯз пулро бармегардонад.
Асад
Рӯзи душвор аст. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Кибру ғурур ё беэҳтиромӣ нисбати ҳамсуҳбат бар зарари шумо анҷом меёбад. Бо касе шинос шудану бо нафарони бегона робита карданро маслиҳат намедиҳем. Аз ҷойҳои торик ва серодам дурӣ ҷӯед. Шахси дӯстдоштаатон ба захмҳои дилатон шифо мебахшад.
Сунбула
Хушчақчақӣ ва самимияти шумо боиси пайдо намудани робитаҳои даркорӣ мегардад. Аз ҳад зиёд зудбовар нагардед. Фаромӯш насозед, ки на ҳар сурати зебо сирати зебо дорад. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ парҳезро риоя намоед. Бегоҳирӯзи хабари аҷиб мешунавед.
Мизон
Барои нафароне, ки бо эҷодкорӣ машғуланд, рӯзи бобарор аст. Вохӯрии гуворо ё ишқбозӣ имкон дорад. Баъди нисфирӯзӣ ҳодисае рух медиҳад, ки дилатон аз дӯстон мемонад. Ҳама гуна гуфтушунидҳо бо ҷангу ҷанҷол хотима меёбад. Эҳтимол шумо кайҳо боз ба ғалате роҳ дода истодаед ва имрӯз он фош мегардад.
Ақраб
Дар ин рӯз оиладор шудану ба шартномае имзо гузоштанро маслиҳат намедиҳем. Нафарони воломақом ба шумо кӯмак мерасонанд, эҳтимоли бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Аз хӯрдани ширинӣ худдорӣ намоед. Буҷаи хароҷоти худро тартиб диҳед, имкони аз даст додани пул зиёд аст.
Қавс
Дар муносибатҳои ошиқонаатон бурдборӣ ҳис мекунед. Шахси дӯстдоштаатон барои пешравии корҳоятон хизмати бузурге мекунад ё вазъият ба фоидаи шумо сурат мегирад. Аз ҳайвоноти калон ва яроқ эҳтиёт шавед. Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанро доранд.
Ҷаддӣ
Имрӯз ҳангоми робита бо атрофиён ба якравӣ роҳ надиҳед. Бо сабаби зудранҷӣ ва ҳассосияти зиёд сабабгори муноқишаҳои зиёд мегардед. Нуқтаи назари худро ба касе иброз накунед, дар акси ҳол барои гузашт кардану бахшиш пурсидан омода бошед.
Далв
Барои эҷодкорон, сохтмончиён ва истироҳат дар ҳавои тоза рӯзи мусоид аст. Ба сафару саёҳат баромадан манъ аст. Маблағи худро захира кунед, рӯзҳои наздик маблағи хуб ба даст оварда наметавонед ва ба монеаву ногувориҳои зиёд мувоҷеҳ мегардед.
Ҳут
Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Ронандагон бояд дар роҳ боэҳтиёт бошанд. Асабоният ва худро идора карда натавонистан сади роҳи пешравиҳоятон мегардад. Ба саломатии худ диққат диҳед, хусусан ба коре, ки боиси фишор ёфтани чашмонатон мегардад, машғул нагардед.