Ҳамал
Дар ин рӯз таъмири хона, харидани асбобҳои техникӣ ва либоси навро маслиҳат намедиҳем. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед, эҳтимоли бемор шуданатон зиёд аст. Аз робитаи нодаркор худдорӣ намуда, пул қарз нагиред ва бо дӯстон масъалаҳои молиявиро ҳаллу фасл накунед, вагарна ҳам дӯстиятон анҷом меёбаду пул ҳам кор карда наметавонед. Нафароне, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.
Савр
Аз робита бо ҳамкорон ё роҳбарият дурӣ ҷӯед. Уҳдадориҳоятон зиёд гашта, қуввати зиёдатонро мегиранд ё маблағи пулиро аз даст медиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона беҳбудӣ дида мешавад, вале хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро фаромӯш мекунед. Даромади хуби пулӣ эҳтимол дорад.
Ҷавзо
Дар ин рӯз маслиҳат ва миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом айни муддао мегардад. Эҳтимол бо ишқи деринатон вомехӯред. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади пулии ночиз ба даст меоред. Саломатии худро фаромӯш накунед, асабонияти пайваста ба саломатиятон зарар мерасонад, як қисми уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон гузоред.
Саратон
Дар ин рӯз уҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳим боиси он мегардад, ки шахси дӯстдоштаро фаромӯш мекунед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале табъатон худ ба худ тағйир ёфта, эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо нафарони ношинос суҳбат накунед, вагарна дучори мушкилиҳо мегардед.
Асад
Рӯзи душвор аст. Имкониятҳои худро ба назар гирифта амал кунед, аз робитаҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли сарфи беҳудаи пул вуҷуд дорад, бо сабабҳои бароятон номаълум имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре аз хешовандон ё аъзоёни оила муноқиша имкон дорад. Аз рӯи як гапи ночиз бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон имкон дорад.
Сунбула
Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ дар танҳоӣ ва оромӣ будан мехоҳед. Рӯзи хубест барои ба анҷом расонидани корҳои ба таъхирмонда. Хобҳоятон амалӣ мешавад, қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед, аз ин рӯ бо амри дил амал кунед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале эҳтиёткориро талаб мекунад. Барои изҳори муҳаббат рӯзи бобарор аст.
Мизон
Рӯзи мушкил аст. Аз робита бо ҳамкорон ё роҳбарият худдорӣ намоед. Ба маслиҳату миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом умед набандед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Хоҳиши бароҳат сохтани манзили зист боиси сарфи пули зиёд мегардад. Аз ҳад зиёд дил бастан ба ширинӣ боиси фарбеҳ шуданатон мегардад. Меҳрубониву дилёбии шумо дӯстдоштаатонро пару бол мебахшад.
Ақраб
Дар ин рӯз аз натиҷаи кори якҳафтаинаи худ қаноатманд намегардед. Эҳтимол нақшаву ниятҳоятон оид ба истироҳат амалӣ намешаванд. Бо наздикони худ ошкоро бошед. Дар масъалаҳои пулӣ сарфакор шавед. Банду буғумҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед. Хусусан пойҳоятонро аз латхӯрӣ ҳифз намоед. Дар муносибатҳои ошиқона навигарӣ дида намешавад.
Қавс
Дар ин рӯз аз сафар кардану робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Фориғболӣ нисбати саломатӣ ё кори фишоровар боиси асабхаробӣ ё бемории дигар мегардад. Дар ҷодаи касбу кор маблағи калони пулиро аз даст медиҳед. Агар нияти бо нафари воломақом шинос шуданро дошта бошед, ин корро ҳамин рӯз ба анҷом расонед. Бемориҳои пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз кор ва вохӯриҳои корӣ қувваи зиёдатонро талаб мекунад. Босабру таҳаммул бошед, зеро мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд. Меҳнатдӯстӣ ва иродаи мустаҳкаматон ҳодисаҳои манфии рӯзро кам месозанд. Хариде карданатон лозим меояд, ки тамоман дар нақша надоштед. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале зуд ҳолатон хуб мегардад.
Далв
Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Ба мушкилиҳои ночиз диққат додану хавотир шуданро маслиҳат намедиҳем. Либоси нав харидан ва ба назди табиби дандонпизишк рафтанатон хуб нест. Эҳтимоли бо зане муноқиша карданатон вуҷуд дорад.
Ҳут
Дар ин рӯз эҳтимоли фаромӯшхотир шудану ба фориғболӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ ба худ рафъ намегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.