Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2024
1766

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қисме аз нақшаву ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Ҷиддият нисбати кор ва ҷидду ҷаҳд тамоми монеаҳоро аз пеши роҳатон нест мекунад. Агар дӯстдоштаатонро бо ҳарфҳои пурмуҳаббат мафтун карда бошед, ишқатонро бо амал собит намоед. Ба тағийроти гуворо омода бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Имкониятҳои зиёдеро барои хубтар сохтани муносибат бо наздикон пайдо месозед. Агар чанде қабл нисбати яке аз наздикон дағалӣ карда бошед, вақте расидааст, ки бахшиш пурсед. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Ҳама гуна хасташавӣ, якравӣ, дасткашӣ аз манфиатҳои шахсӣ дар роҳатон монеа эҷод мекунад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз нисбати нафароне, ки ҳамкорӣ мекунед, зеҳн монед. Эҳтимол аз пуштатон ғайбату дасисабозӣ мекунанд. Меҳрубониву самимият мушкилии байни шумову дӯстдоштаатон рухдодаро рафъ месозад. Бо нафарони ношинос ба муноқиша роҳ надиҳед, худро ба даст гиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Зудбоварии аз ҳад зиёд дар касбу кор мушкилӣ эҷод намуда, дар оилаатон низ боиси моҷаро мегардад. Табъатон нохуш гашта, асабиву дарундор мегардед, фишори ботиниро идора кардан душвор мегардад. Нисбати шахси дӯстдоштаатон ба танқид роҳ надиҳед. Агар нафареро дӯст медошта бошед, камбудиҳояшро низ қабул кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ҷодаи касбӣ рӯзи бобарор аст. Ҳамкорону наздикон ба асабатон расида, аз кори муҳим дур месозанд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, нисбати эшон дағалӣ накунед. Нафаре ба мулоқоти ошиқона даъват мекунад, ки оташи меҳраш кайҳо боз дар қалбатон маъво гирифтааст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар масъалаҳои пулӣ ба корҳои хатарноку таваккалӣ роҳ надиҳед, ҳамзамон ба нафароне, ки хуб намешиносед, пул қарз надиҳед. Дар ҳаёти шахсӣ ба баъзе тағйиротҳои гуворо омода бошед. Оромиву қаноатмандии худро нишонаи заифӣ ва нодорӣ шумориданатон ғалат аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мушкилиҳое, ки дергоҳ шуморо азият медоданд, рафъ карда метавонед. Маблағи зиёдатон барои илмомӯзӣ ва табобат сарф мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ аз рӯи реҷа зиндагӣ карданатон ғалат аст, зеро муносибатҳоятон якрангу бемаънӣ мегардад. Имкониятҳои аҷиби корӣ вазъи молиявиатонро беҳтар месозанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз муваффақиятҳои кори худ қаноатманд мегардед. Мутаассифона, дар ҳаёти шахсиятон беҳбудӣ дида намешавад. Муноқишаҳои паиҳам бо дӯстдоштаатон боиси асабхаробӣ ва бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Дастгирии нафаре боиси хушҳолиятон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Даромади хуб ва ҳамкориҳои судманд дар назар аст. Баъди нисфирӯзӣ маблағ ба даст меоред, барои наздикон туҳфа хариданро фаромӯш накунед. Эҳтимоли рух додани муноқишаи калон ё нофаҳмӣ бо дӯстон вуҷуд дорад. Тундӣ ва дағалиятонро атрофиён қабул карда наметавонанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз заҳмататон қадрдонӣ мегардад. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Вақти бештари худро бо нафаре гузаронед, ки дӯсташ медоред, вохӯрии шумо ба ҳардуятон таъсироти мусбӣ мерасонад. Дар ҳаёти шахсӣ ба баъзе тағйиротҳо омода бошед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз бадбахтиҳо аз каноратон мегузаранд. Нафаре дар роҳатон чоҳ канданӣ шуда, билохира худаш ба чоҳи кандааш фурӯ меравад. Хотири худро ҳатман шод гардонед. Ба нафароне, ки дӯсташон медоред, ранҷу азоб наоред, бо сабабҳои ночиз аз эшон наранҷед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Диққати бештари худро ба кӯдакон равона созед, робита бо онҳо на танҳо табъатонро болида, балки ба дилатон фараҳу шодӣ меорад. Ошиқон имкони оиладор шуданро пайдо мекунанд, вале саросема шуданро маслиҳат намедиҳем. Аз робита бо нафароне, ки табъатонро хира месозанд, дурӣ ҷӯед. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД