Ҳамал (21 март-19 апрел)
Рӯзи чоршанбе барои Ҳамалҳо имкони зоҳир кардани истеъдод ва ҳунару маҳораташон фароҳам мешавад. Боҷуръат бошед ва аз нокомӣ наҳаросед. Агар ният нек бошад, инсон дар зиндагӣ дар ҳама кор ба комёбӣ мерасад. Ин рӯз инчунин барои бартараф намудани нофаҳмиву хафагиҳои пешина мусоид аст, шумо метавонед бо як ҳарфи хуш муносибати худро бо атрофиён беҳтар созед. Пулро зиёд сарф накунед, ҳоло то охири моҳ рӯзҳо зиёданд, сарфакор бошед.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз гуфтани суханони тезу тунду сахт худдорӣ кунед. Як сухани бепарво метавонад наздикони шуморо сахт озор диҳад. Ихтилофҳое, ки имрӯз сар мезананд, тӯлонӣ хоҳанд буд. Ба ҷои ба кори дигарон дахолат кардан, беҳтараш диққати худро ба вазифаҳои шахсии худ равона кунед. Хусусан агар роҳбарияти шумо аз кори шумо чандон розӣ набошад, бояд камбудиҳои худро ислоҳ кунед. Вақти ислоҳ кардани камбудиҳо фаро расидааст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар касбу кор, диққати худро аз муносибатҳои шахсӣ каме дур кунед. Ҳоло ба шумо ҳал кардани масъалаҳои корӣ душвор аст, зеро фикру зикратон аз кор дур аст. Барои зиндагии шахсӣ вақт ҷудо карданатон хуб аст, аммо бояд қисми асосии рӯзро ба иҷрои вазифаҳои касбӣ бахшед. Барои ором сохтани асабҳо каме бепарво шавед, ба ҳар гапу кор диққат надиҳед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Вазъи молиявии шумо таҳти хатар қарор дорад. Сабаб дар он аст, ки шумо хароҷоти аз ҳад зиёд мекунед. Боре андеша кунед, ки оё шумо маблағатонро дуруст масраф мекунед? Шояд вақти он расидааст, ки аз исрофкорӣ даст кашед? Ба ҳисобу китоби молиявии худ машғул шавед. Рӯзи чоршанбе ин кор ҳатман бояд анҷом дода шавад, вагарна баъд аз чанд ҳафта метавонед азоби бепулӣ кашед. Ба ҳолати меъдаи худ диққат диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи олиест барои расидан ба ҳадафҳои бузург. Аз он натарсед, ки касеро меранҷонед. Ҳоло шумо вазифаҳои худро иҷро мекунед, ки на танҳо ба рушди шахсии шумо, балки ба пешрафти кори шумо низ мусоидат мекунад. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи бах ҳастанд, тавсия медиҳед, ки шитоб накунанд. Оила даргоҳи муқаддас аст ва ҳамсафари ҳаётиро инсон барои тамоми умр интихоб мекунад. Пас, бодиққат бошед!
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯзи хеле душвор дар пеш аст. Ба назар мерасад, ки ҳама атрофиён мехоҳанд садди роҳи шумо шаванд. Дар ин сухан ҳақиқат вуҷуд дорад – дар байни наздикон нафаре ҳаст, ки мехоҳад ба шумо зарар расонад. Илова бар ин, баъзе мушкилиҳои дигар низ сар мезананд. Сабрро пеша кунед ва кӯшиш намоед, ки дастгирии роҳбариятро ба даст оред. Саломатии яке аз наздикон боиси хавотирии шумо мегардад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Шумо гӯё ба ҳолати дилтангӣ ва ноумедӣ гирифтор шудаед. Ҳоло чизе нест, ки шуморо воқеан шод намояд. Барои он ки худро дар ин ҳолати вазнин қарор надиҳед, бо одамони болидаруҳ ва хушбин бештар муошират намоед. Ба меҳмонии онҳо биравед, бо телефон сӯҳбат кунед, паёмҳо нависед. Дастгирии онҳо барои рафъи ин ҳолат муҳим аст. Гаштугузор дар ҳавои тоза, тамошои филм ё барномаҳои дилхушкунанда низ ба шумо кумак мекунад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Тамоми рӯз атрофиён ҳусну зебоии шуморо таъриф мекунанд. Кам касон медонанд, ки ҳамаи ин тағйироти мусбат аз дигаргуниҳои ҳаёти шахсии шумо сарчашма гирифтаанд. Сирри худро нигаҳ доред! Баъзе одамон метавонанд аз хушҳолии шумо озурда шаванд. Фаромӯш насозед, ки "саодат хомӯширо дӯст медорад". Аз серкорӣ чӣ гуна гузаштани рӯзро намефаҳмед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Бо маблағи худ эҳтиёткор бошед! Ҳар як тангаи худро ҳифз намоед, зеро исрофкорӣ ва беэътиноӣ нисбат ба пул аз ҳад гузаштааст. Ба саломатии худ низ диққати ҷиддӣ диҳед. Агар дар ягон узви бадан дард ё нороҳатӣ ҳис кунед, ҳатман ба табиб муроҷиат намоед. Ҳоло бепарвоӣ ба саломатӣ метавонад оқибатҳои нохуш дошта бошад. Дӯстдоштаатонро бо дағалгуфторӣ наранҷонед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Ба назар гиред, ки чӣ қадар вақти худро барои иҷрои супоришҳои дигарон сарф мекунед. Ба ҷои иҷрои вазифаҳои худ, шумо доимо ба касе кӯмак мекунед, касеро дастгирӣ менамоед. Имрӯз нишон диҳед, ки шумо танҳо ба кори худ машғул ҳастед. Агар касе аз ин амали шумо ранҷад ё ба шумо бо чашми дигар нигоҳ кунад, пас эҳтимолан, ин одамон шуморо барои манфиатҳои худ истифода мебаранд.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз шумо эҳсоси хастагӣ ва нотавониро хоҳед дошт. Аз ин рӯ, ҳама кору ташвишро яксӯ гузоред ва ба худ иҷозат диҳед, ки хуб истироҳат кунед. Агар пас аз кор имкони сайругашт ё бозии боулинг надошта бошед, ҳадди аққал як соат дар атрофи манзили худ сайр кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки рӯзи дигар худро боз ҳам нерӯмандтар эҳсос кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Шумо таҳти таъсири ҳамсари худ қарор гирифтаед. Ин барои ҳаёти оилавӣ хуб аст, аммо нагузоред, ки шахси дӯстдоштаатон ба касбу коратон ҳам дахолат намояд. Ҳама қарорҳои муҳим ва кориро бояд худатон қабул намоед! Нисбати саломатӣ бепарво будан боиси нотоб гаштанатон мегардад. Ба касе қарз надиҳед, вагарна барои баргардонидани маблағи худ хеле азият мекашед.