Ҳамал (21 март-20 апрел)
Шумо зиндагии худро бе орзуву омолҳои ошиқона тасаввур намекунед, вале имрӯз бояд ҳақиқатбин бошед. Шиносоии нав ва ишқбозиро дар маконе ки кор мекунед, тавсия намедиҳем. Аз баҳри гуноҳҳои баъзеҳо гузашт намоед ва кинаро аз дил дур созед. Хеши дуратон ба меҳмонӣ омада, туҳфаи пурқиммат меорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз зери таъсири нафаре мемонед, ки сабабгори ба фиребу найранг печиданатон мегардад. Фаромӯш насозед, ки камтарин ғалат дар масъалаҳои молиявӣ боиси муфлис гаштанатон мегардад. Барои аз бемориҳои музмин раҳоӣ ёфтан, либосро мувофиқи вазъи ҳаво ба бар намоед, на бо хоҳиши худ.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омаданатон сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои он ки рӯзатон бобарор анҷом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ додану ба касе чизеро исбот кардан намехоҳед. Беҳтараш рӯзро барои худ ва наздиконатон ё шахсе, ки дӯсташ медоред, бахшед. Оғози кори наву ғайриодӣ бар зарар асту боиси аз даст додани маблағ мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ва ҳангоми бо нафаре шинос шудан ба садои қалби худ гӯш диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Беҳтараш хариди калон накунед, вагарна рӯзи дигар аз чизҳои харидаатон пушаймон мешавед. Дар робита бо атрофиён гузашт карданро омӯзед. Вақти бештари худро дар ҳавои кушод гузаронед. Барои он ки ба зудӣ шамол кашида, табатон баланд нашавад, саломатиро мустаҳкам созед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Агар дар ин рӯз худро аз ҳамкорон як сару гардан боло гиред, муносибатҳоятонро вайрон мекунед. Мақоми пештараатонро аз даст додан нахоҳед, ман-манӣ накунед. Имрӯз ба нафаре ниёз доред, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ намояд. Агар ғамгин бошед, ҳатто аз дидори дӯстдоштаатон шод намегардед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин, хусусан, иллати пешобдон ва гурдаҳо эҳтимол дорад. Дар хонаву ҷойи кор нисбати шумо талабот сахт мегардад. Таъмири хона ва ба ҷойи нав кӯч бастан, фурӯши хона бобарор анҷом меёбад. Меҳру муҳаббат нисбати шахси бароятон азиз дар ин рӯзҳо бештар мегардад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Пешниҳодҳои дар ин рӯз пайдошуда ба вазъи молиявиатон таъсири зиёд мерасонанд. Рӯзи бобарор аст. Ба нафароне, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, ба қадри имкон дасти мадад дароз кунед. Руҳафтодагӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Чеҳраатонро кушода гиред, мурғи бахтатон наздик аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар нияти ба мағоза рафтанро дошта бошед, хариди калон мекунеду ҷайбатон холӣ мемонад. Аз пайи ба даст овардани пул давиданро низ тавсия намедиҳем. Беҳтараш бо ибодат машғул шавед. Кори вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон беасар намемонад. Дӯстдоштаатон дар фикри шод сохтани шумо аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз барои харид ба бозор рафтанро тавсия намедиҳем, ҳатто агар вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам. Дар боби саломатӣ аз истеъмоли хӯрокҳои шӯр, равғанин ва серғизо худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон пайдо шудааст, муваққатан робитаатонро бо ӯ қатъ намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз бо мошини шахсии худ ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем. Дарди дилро танҳо дар ҳузури шахсе кунед, ки ба шумо боварӣ дорад. Пулҳои худро дар ҷои хуб нигоҳ доред, эҳтимоли гум кардани маблағ вуҷуд дорад. Нафароне, ки имрӯз зодрӯз доранд, аз дӯстдоштаи худ хабари хуш мешунаванд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи хуб аст, хусусан, барои табобат ва беҳ сохтани вазъи саломатӣ. Чанд мушкили рӯзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданашон шавед. Барои он ки азоби бепулӣ накашед, захира кардани пулро ёд гиред ва сарфи беҳуда накунед. Нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад.