Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳама ҳолату вазъият кӯшиш кунед, ки одатҳои бад ва ҷиҳатҳои бадтарини хислати худро нишон надиҳед. Аз ҳад зиёд якраву боғурур ва худхоҳ мегардед. Беҳтараш имрӯзро дар хона гузаронед, дар акси ҳол бо нафаре сахт ҷанҷол мекунед. Табъи гирифта ба саломатиятон низ бе асар намемонад.
Савр (21 апрел-22 май)
Баъзе мушкилоти рӯзгор боиси ташвишу нигарониятон мегарданд. Таъмири ба нақшакашидаи хонаатон маблағи зиёд талаб мекунад. Барои сохтмон ва тағйир додани нақшаи хона рӯзи мусоид аст. Агар шумо бо кори савдо машғул бошед, ҳангоми кор бо маблағи калон ҳушёриро аз даст надиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бояд аз пайи беҳдошти саломатии худ шавед. Агар имконият дошта бошед, бо аҳли оила витамин истеъмол намуда, чораҳои пешгирикунандаи бемории зукомро ба кор баред. Бо шарофати муносибати хуб бо ҳамсаратон зиндагиятон ширин мегардад. Аз мушкилиҳои молиявӣ руҳафтода нашавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз нақшаҳои ҷолиби зиёде ба саратон меоянд. Ҳарчи зудтар аз пайи амалӣ карданаш мешавед, вале барои ин танҳо хоҳиш доштанатон кифоя нест. Барои ба ҳадаф расидан бояд дилпурона амал намоед. Нисбати аввалин нишонаҳои бемории зуком бепарвоӣ зоҳир накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Барои он ки бахти худро пайдо намоед, дамдузду одамгурез нашавед. Бегоҳирӯзӣ асадҳои танҳо ҷуфти худро пайдо месозанд. Бо шарофати табъи болида атрофиёнро ҷалб менамоед. Ба нафароне, ки аз шумо кумак мепурсанд, рад накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз дар сафару маъракаҳо бо нафарони аҷиб шинос шуда, таассуроти зиёде мебардоред. Нафарони муҷаррад ишқбозӣ кардан мехоҳанд. Рӯзи бобарор аст, орзуҳои зиёдатон амалӣ мешаванд. Нисбати саломатӣ ҳушёриро аз даст надиҳед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ғайриихтиёр ба вазъиятҳои ногувор афтиданатон имкон дорад. Аз баҳсу мунозира, ғайбату моҷаро худро дур гиред. Беҳуда кӯшиши ба ҳама ҳақ будани худро исбот насозед, вагарна вазъият бадтар мегардад. Беҳтараш бетараф бошеду давраи душворро паси сар намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи ором аст. Агар дар ин рӯз ба ҷои кор истироҳатро интихоб намоед, бурд мекунед. Шумо аввали сол барои пурра таъмин сохтани эҳтиёҷоти аҳли оила заҳмати зиёд кашидед. Назди телевизор нашинеду ба истироҳати берун аз шаҳр бароед. Ҳавои тоза андешаҳои мағшушро аз саратон дур месозад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нимаи аввали рӯз хабару навигариҳои зиёде мешунавед. Барои он ки ба хатогӣ роҳ надиҳед, дурустии хабарҳоро санҷиданатон лозим меояд. Бо нафароне, ки нияти бо шумо ҳамкорӣ карданро доранд, вохӯрданро тавсия намедиҳем. Дар аввал ғоибона дар бораашон маълумот ҷамъ карда, баъдан дар тамос шавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ба сафари роҳи дур баромаданатон хуб аст. Агар имкон дошта бошед, ба истироҳат равед. Бояд гуфт, ки нафарони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта истироҳати зимистонаро дӯст медоранд. Барои болидагии хотиратон дӯстонро низ даъват кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз камшавии нерӯву қуввататонро эҳсос мекунед. Ин таъсири серкориву хастагӣ ва мушкилиҳои якҳафтаина аст. Аз ҳамин рӯз сар карда, витаминҳои нерӯбахш истеъмол намоед. Фаромӯш насозед, ки табъи хушу болида аз ҳама чиз муҳимтар аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Як қатор мушкилиҳои вобаста ба саломатиятон пайдо мешавад. Бемориҳои куҳна хуруҷ намуда, гирифтори зуком гаштанатон имконпазир аст. Барои барқарор сохтани нерӯву мустаҳкамсозии масуният бояд ғизои хуб истеъмол карда, истироҳат кунеду одатҳои бадро аз худ дур созед.