Ҳамал (21 март-20 апрел)
Даромади пулиро имрғз интизор набошед, зеро кори Шумо имрӯз бобарор анҷом намеёбанд. Ба саломатии худ пул ҷудо кунед. Барои бад нашудани вазъи саломатӣ ба варзиш машғул шуданро ситораҳо тавсия медиҳанд. Дар ҳаёти оилавиатон якчанд нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Барои ҳалли масъалаҳои муҳим аҳли оиларо сарҷамъ карда, маслиҳат кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Кинаҳои деринаро вақти он расидааст, ки аз дил берун кунед. Бо нафаре ки тӯли чанд сол аст, қаҳрӣ ҳастед, рафта оштӣ кунед. Ситораҳо рӯзи бобарорро мебинанд. Барои харидани ашёҳои рӯзгор ягон рӯзи дигарро интихоб кунед. Ба намуди зоҳирии худ аҳамияти хосса дода, аз буду набуд шукр кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз дар ҷойи кор баҳс бо ҳамкорон эҳтимол дорад. Барои дар баҳс ғолиб шудан ба Шумо маслиҳат медиҳем, ки ғазаби худро идора кунед. Ин рӯз Шуморо каме дарди гурдаҳо азият медиҳад. Баъди нисфирӯзи табъатон болида шуда, гӯё аз нав таваллуд мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нимаи аввали рӯз барои ба меҳмонӣ рафтан на он қадар қулай аст. Дар нимаи дуюуми рӯз меҳмони нохондаро интизор бошед. Эҳтимол аст, нафаре ки аз шумо қарздор буд, ними пулро баргардонад. Шумо метавонед аз дилхоҳ вазъият хуро раҳо кунед, бинобар ҳамин масъалаҳои мушкили имрӯзаро ба зудӣ ҳалу фасл мекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Ҳамён ва пулҳои худро дар ҷойи муносиб монед, зеро ситораҳо мегӯянд эҳтимоли гум шудани ягон ашёи гаронарзиш вуҷуд дорад. Барои ором шудани асабҳоятон хубаш китоб хонед. Дар байни ҳамсояҳо бо овози баландатон каме фарқкунанда ҳастед, ситораҳо тавсия медиҳанд аз асабоният худро канор гиред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз иштиҳоятон каме гум мешавад. Тавсия дода мешавад хӯрокҳои камравғанро истеъмол кунед. Парҳез барои Шумо беҳтарин роҳи халосӣ аз бемориҳост. Ба аёдати беморон равед, зеро дигар фурсат даст нахоҳад дод. Бо телефон зиёд гуфтугӯ кардан низ бар зарари саломатиатон аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мизонҳоро мебояд ин ҳафта ҳушёр бошанд, зеро эҳтимоли зиёд аст ба дасти қаллобон афтанд. Дар ҷойи кор низ маҳорати худро нишон дода роҳбариятро дар ҳайрат меоред. Бо дӯстон кам дар тамос буданатон онҳоро аз Шумо дур мекунад. Хӯрокҳои серғизо истеъмол карда, камтар хӯрокҳои камкалорияро истеъмол кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Чанд рӯзи охир Шумо хоби бароҳатро надидаед, зеро фикрҳои гуногун майнаи сари Шуморо ором намегузоранд. Дору кам истеъмол кунед. Аз хотир набароред, ки ҳар як шахсро аз худаш вобаста аст. Дили маъшуқаатонро бо ситораи осмонӣ не, бо як гул метавонед ба даст оред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Истироҳат карданро дар ин рӯз ситораҳо тавсия медиҳанд. Андаке ором бошед ва дар бораи нақшаҳои оянда ҳарф занед. Хандаҳои баланд ба Шумо намезебад. Бо дӯстдоштаатон бисёр мулоимрафтор набошед. Сиёсат ҳам чизи хуб аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои таъмири асбобҳои хона имрӯз рӯзи мусоид аст. Барои онҳое ки кор мекунанд, ситораҳо азоб додани майнаи сарро тавсия намедиҳанд. Барои ба сартарошхона рафтан имрӯз мусоид аст. Дар зиндагӣ ба ҳар касу нокас зуд бовар кардан лозим нест. Ситораҳо эҳтимоли фиреб хӯрдани Шуморо пешгӯӣ мекунанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Пулҳоятон зиёд ҳам бошанд, онҳоро сарфа кунед, зеро фикри рӯзҳои ояндаро низ кардан лозим. Аз нафароне ки гапро дар рӯятон мегӯянд хафа набошед ва дӯстро аз душман ҷудо карданро оӯзед. Шумо аллакай таҷрибаи зиндагиро дидаед ,аммо аз ҳаёти дигарон низ таҷриба гирифтанро ситораҳо тавсия медиҳанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Бо оила ва фарзандон вақти зиёдеро гузаронед. Ба корҳои саҳроӣ низ кам-кам машғул шавед. Китобхонӣ тафаккури Шуморо қавӣ мекунад. Аз гапҳои одамони гирду атроф наранҷед. Савоби хубиҳоятонро ҳатман мегиред. Барои харидани ашёҳои нав рӯзи мусоид аст. Ашёҳои кӯҳнашударо напартоед, таъмир карда истифода мебаред.