Ислоҳ шуд
Ҳамал
Дар ин рӯз хеле серкор мешавед. Кори бисёрро бар дӯши худ бор накунеду аз дӯстон кӯмак пурсед, вагарна аҳволатон мисли холаи ҳамакора мешавад. Аввал корҳои мавқуфгузоштаро анҷом диҳед, нимаи дуюми рӯз вазъи мусоид имкони дар амал татбиқ кардани фикрҳою нақшаҳоятонро медиҳад.
Савр
Мушкилиҳои ҳалталаб саратонро ба дард оварда, маҷбур месозад, ки ғурурро як тараф гузошта, аз роҳбаратон кӯмак пурсед. Сешанбе барои дар амал татбиқ кардани нақшаҳоятон каме кӯшиш кунед. Рӯзи чоршанбе даромади калони пулӣ дар назар аст. Дар ҷабҳаи ишқу муҳаббат шуморо хурсандие дар пеш аст. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ сиру асроратонро ба дӯстону наздиконатон нагӯед, то ин хурсандиро барбод надиҳанд.
Ҷавзо
Дар ин рӯз гӯё аз хоби гарон бедор шуда, сиреро, ки то инҷониб шахси наздикатон аз шумо пинҳон медошт, ошкор месозед. Гӯё дунё дар назаратон торик мешавад. Худро ба даст гиред, аз пашша фил насозед. Беҳтараш аз дӯстдоштаатон пурсон шавед, ки чаро чунин рафторро нисбататон раво дидааст. Нимаи дуюми рӯз дар коргоҳатон корҳоятон бобарор хоҳад шуд.
Саратон
Дар ин рӯз барор ҳамсафаратон хоҳад шуд. Аз фурсати мусоид истифода баред. Бояд нақшаҳои тарҳрезишударо ба зудӣ амалӣ кунед, вагарна роҳбарият якчанд вазифаҳои дигарро бар дӯшатон мегузорад. Нимаи дуюми рӯз аз гирифтани тӯҳфаи қимматбаҳо худро ноҳинҷор ҳис мекунед.
Асад
Аввали рӯз тамоми мушкилиҳоро ба осонӣ паси сар карда, ба кори нав оғоз мекунед. Агар танбалӣ накунед, ба рӯятон кушода шудани дари бахту рӯзӣ шуморо шод хоҳад кард. Албатта, ба садои қалбатон гӯш андозед. «Ҳарчи ки мо хоҳем на он шавад, ҳар чӣ Худо хоҳад ҳамон шавад»-ро фаромӯш накунед. Агар бо маслиҳат кор карда инчунин аз маслиҳати шарики кориатон истифода баред, албатта корҳоятон бобарор хоҳад шуд.
Сунбула
Аввали рӯз бодиққат тамоми мушкилиҳои пешомадаро таҳлил кунеду роҳи осони ҳалли ин мушкилиҳоро ҷӯед. Сафарҳои корӣ хело бобарор хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯз дасткушодии шумо имкони ба даст овардани дилеро медиҳад. Вале боз ҳам эҳтиёт бояд шуд. Охири рӯз даромади наонқадар калони пулӣ дар назар аст.
Мизон
Дар ин рӯз ситораҳо оромӣ ва сабуриро тавсия медиҳанд. То ин рӯз мушкилиҳои зиёде саратонро гаранг месохтанд. Кори худро ҳал накарда, дӯстону наздиконатон аз шумо ёрӣ ва мадади пулӣ мепурсанд. Чӣ хеле ки мегӯянд: «Дӯст он аст, ки гирад дасти дӯст, дар парешонҳолию дар мондагӣ». Аз ин рӯ, ёрии худро аз касе дареғ надоред.
Ақраб
Рӯз аз тамоми ҷиҳатҳо бобарор ба ҳисоб меравад. Худро аз корҳои беҳуда дур кунеду ягон кори лозимаро пайгир шавед. Нимаи дуюми рӯз гапи гуфтаатон дарди саратон хоҳад шуд. Байни шумою дилдодаатон нофаҳмӣ сар мезанад. Агар худро ба даст гиред, аз ин вазъият худро ба осонӣ бароварда метавонед. Дар боби ишқу муҳаббат оромӣ ҳукмфармост.
Қавс
Имрӯз вазъияте пеш меояд, ки душманро дӯст мекунад, лекин зудбовар ва ба ҳассосият дода нашавед. Баъзеҳо аз вазъияти мусоид истифода бурда, шуморо ба доми худ андохтанӣ мешаванд. Корҳо ва зарарҳои кардаашонро фаромӯш насозеду як қадам аз онҳо дур бошед. Нимаи дуюми рӯз шиносоии наве шӯълаи ишқу муҳаббатро дар дилатон бедор мекунад.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз нисбати ҳамкорон дағалӣ накунед. Худро ба даст гиреду оқилона рафтор намоед. Нимаи дуюми рӯз ёри ранҷидаро ҷӯё шаведу барои оштӣ шудан бикӯшед ва бахшиш пурседу меҳри беандозаатонро нишон дода, ӯро азиз доред.
Далв
Ба қудрату тавоноии худ такя карда, ба атрофиён исбот созед, ки ба чӣ коре қодиред. Дигаргуниҳои пулӣ дар ҳаёти шахсӣ ва корҳоятон дар назар аст. Бад шудани вазъи саломатиатон шуморо ба беморхона мебарад. Кӯшиш кунед тамоми мушкилиҳоро фаромӯш сохта, саломатиатонро барқарор кунед.
Ҳут
Имрӯз ба саратон фикрҳои аҷиб меояд. Кӯшиш кунед ин фикрҳоро аз атрофиён пинҳон доред, вагарна душманонатон нақшаҳои зарбазании наверо пайдо мекунанду заҳрашонро мечаконанд. Шояд риштаи дӯстӣ ба ишқ мубаддал бигардад. Кӯшиш кунед, бахтро аз даст надиҳеду баҳри обод кардани зиндагиатон камари ҳиммат бандед.