Formula 2025 may
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1394

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз рӯзи эҳсосу хотираҳои нав аст. Дили худро ба шахси дӯстдошта боз намоед, шояд худатон намедонед, ки то кадом андоза ӯро дӯст медоред. Одатҳои пешина метавонад боз зоҳир шавад. Дар бораи оянда фикр кунед ва нақшаҳои нав кашед. Аммо қувватро дуруст тақсим намоед, то корҳои саркардаро ба охир расонед. Аз гирифтани қарз худдорӣ кунед, баргардониданаш душвор мешавад. Парҳези сабук барои саломатии шумо муфид аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои занон шояд ишқи нав пайдо шавад. Вале эҳтиёт кунед, бо вуҷуди он ки шумо ба одамон ба зудӣ бовар намекунед, ин дафъа шояд фиреб хӯред. Сафар бо шахси наздик рӯҳбаландкунанда хоҳад буд. Дар ҷойи кор каме нофаҳмӣ эҳсос мешавад, вале вазъият зуд беҳтар мегардад. Аз харҷи зиёд ва даромади хатарнок худдорӣ намоед. Хеле асабӣ ҳастед, кӯшиш кунед ором ва ботамкин бошед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба маслиҳати баъзеҳо, хусусан занон гӯш накунед, вагарна сахт иштибоҳ мекунед. Яке аз дӯстон ё атрофиён ба кумаку маслиҳати шумо ниёз дорад. Барои кор ва мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Ба дӯстон диққат диҳед, эҳтимол касе ба кӯмаки шумо ниёз дорад. Барои саломатӣ, ташхис ё машварат бо духтури оилавӣ муроҷиат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Нерӯятон меафзояд ва ҳамкорӣ бо дигарон натиҷаи хуб медиҳад. Кӯшиш кунед корҳои хонагиро ба таъхир нагузоред, то ҷамъ нашаванд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли талафот ё фиреб вуҷуд дорад. Аз парешонӣ худдорӣ кунед, зеро метавонед чизеро аз даст диҳед, ки бароятон азиз аст. Ба саломатии худ таваҷҷӯҳ диҳед, варзиш ва ғизои солимро фаромӯш накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар масъалаҳои ошиқона ба дили худ гӯш диҳед, он шуморо гумроҳ намекунад. Кӯшиш кунед масъулиятҳоро бо аҳли хонадон тақсим намоед. Имрӯз кор зиёд мешавад, мумкин аст ба ҷойи ҳамкоратон низ кор кунед. Барои муваффақият, ҳама иттилоъро бодиққат таҳлил кунед. Агар дарди буғум доред, кори вазнини ҷисмонӣ накунед ва бештар истироҳат кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз дарк мекунед, ки пайдо намудани бахти ҳақиқӣ кори осон нест, вале бахти шумо хеле наздик аст, онро аз даст надиҳед. Танҳоӣ фоида дорад, аммо аз наздикон дур нашавед. Дар кори нав қобилиятҳои худро нишон медиҳед. Пулро танҳо барои чизе сарф кунед, ки ба шумо фоида ва хушнудӣ меорад. Барои рафъи хастагӣ, реҷаи рӯзатонро дигар кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар дар муносибатҳои ошиқона сардӣ пайдо шуда бошад, хавотир нашавед, рӯзҳои беҳтар дар пешанд. Бо наздикон боэҳтиёт сӯҳбат кунед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Агар мушкили қарз доред, беҳтар аст ба бонк муроҷиат кунед. Имрӯз қувва ва имкониятҳои навро дар худ кашф мекунед. Барои саломатӣ ғамхорӣ карданро фаромӯш накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар муносибаҳои ошиқона якдигарро фаҳмида наметавонед. Шом эҳсосот зиёд мешаванд, бо дӯстони хуб вақт гузаронед. Норасоии пул боиси муноқиша бо шахси дӯстдошта мегардад. Зимни хароҷоти якҷоя бодиққат бошед, ҳама чизро бо маслиҳат харид кунед. Аз хӯрдани хӯроки равғанин ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед, ҷигар осебпазир аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Саёҳат метавонад боиси шиносоии ҷолиб ва ҳатто муносибати ошиқонаи ҷиддӣ гардад. Агар нофаҳмие рух диҳад, бо оромӣ ва самимият онро ҳал кунед. Агар иштибоҳе кардед, бо ҷасорат узр пурсед. Барои харид, бахусус либос, рӯзи хуб аст. Доруву ашёи заруриро наздикатон нигоҳ доред, лозим мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Муҳаббат ногаҳон ва бошиддат ба ҳаётатон ворид мешавад, дили шумо онро эҳсос мекунад. Бо наздикон бо сабру таҳаммул рафтор намоед. Дар оила шароити мусоид ба манфиати шахсии шумо ба вуҷуд меояд, онро истифода баред. Харидҳо судманд хоҳад буд.

Агар мушкили қалб надошта бошед, худро хуб эҳсос мекунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Тағйироти муҳим дар муносибатҳои ошиқона оғоз меёбанд, далерона амал кунед. Шомгоҳ шояд нофаҳмие бо як узви оила рух диҳад. Баъзе корҳо бе иштироки шумо ҳам ҳал мешаванд. Имкони даромади ғайричашмдошт ҳаст, беҳтараш пулро захира намоед. Камҳаракатӣ ва танаффуси зиёд ба саломатӣ ва илҳом зарар мерасонад, бештар ҳаракат кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Ишқбозӣ бо ҷинси муқобил аз ташаббуси шумо вобаста аст. Бо мулоимӣ ва дарки ҳамдигар ба муваффақият мерасед. Бо наздикон будан ба шумо оромӣ мебахшад, барои мустаҳкам кардани робитаҳо вақт ҷудо кунед. Шояд бо коре машғул шавед, ки ба шумо чандон писанд нест, вале онро бо масъулият иҷро мекунед. Шомгоҳ даромади хурд мешавад. Аз бардоштани бори вазнин худдорӣ намоед ва машқҳои сабук ё оббозиро интихоб кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД