Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар муддати дароз дар ҳалли масъалае душворӣ мекашидед, имрӯз кор ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, нисбати наздикон ботаҳаммул бошед, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Мушкилиҳои сарзадаи рӯзгорро бо қувваи худ рафъ карда метавонед. Бо дӯстдоштаи худ беҳтараш сари як пиёла чой нишаста, ба сайругашт набароед. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз табъи дил истироҳат ва бо дӯстону шахси дӯстдошта вохӯрӣ карда метавонед. Шумо аз доираи нафароне ҳастед, ки ҳар як ҷашну маҳфилро ранги тоза мебахшед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме камбудӣ пайдо шуда, хушбахтона роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Реҷаи рӯзро риоя карда, аз бемориҳои зиёд эмин мемонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз имкони пулкоркунӣ наёфта, чӣ кор карданро намедонед. Аз фикру хаёли зиёд бо наздикон муноқиша карданатон имконпазир аст. Хушбахтона кор ба муноқишаи ҷиддӣ намерасад. Нисбати тавсия ва маслиҳати табибон фориғболӣ накунед, нишонаҳои бемориҳои сарзадаро ба эътибор гиред. Мулоқоти ошиқона хастагиятонро рафъ месозад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад. Дар ин рӯз нисбати дӯстдоштаи худ рашкро раво дида, бо ин роҳ муҳаббати худро собит намудан мехоҳед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, пурхурӣ низ ба саломатиятон зарар мерасонад. Бо нафароне, ки то ин дам забон ёфтанатон душвор буд, муросо карда метавонед.
Асад (23 июл-23 август)
Вазъият тавре сурат мегирад, ки мушкилиҳои сарзадаро оромона рафъ карда метавонед. Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани муноқишаву баҳс ва нофаҳмӣ зиёд аст. Аз макру ҳиллаи нафароне, ки хуб намешиносед, эҳтиёт шавед. Худатон низ ҳангоми муошират ба касе фишор наоред. Вақте расидааст, ки ба шахси дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоед. Баъди нисфирӯзӣ харидҳоятон бобарор мешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ҳангоми рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба роҳи макру фиреб наравед ва ба таваккал роҳ надиҳед. Ҳамзамон барои амалӣ сохтани нақшаҳои дигарон низ кӯшиш ба харҷ надиҳед. Ба коре, ки дилатон моил нест, даст назанед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хуб ҷараён гирифта, дар ягон мавзӯъ баҳс намекунед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, худро хуб ҳис мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз беҳад серкор мешавед. Корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем. Аз касе қарз нагиред, вагарна дар баргардонидани пул душворӣ мекашед. Нисбати дӯстдоштаатон рашки зиёд накунед, вагарна танҳо мемонед. Дар айни гармии ҳаво ба берун баромаданро тавсия намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба хотири наранҷидани дигарон худро дар азоб намонед. Ба хотири ба даст овардани маблағи калон саломатиро аз даст надиҳед. Бо вуҷуди серкорӣ дар вақташ истироҳат кардану хӯрок хӯрданро фаромӯш накунед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре шинос мешавед, ки дар як дам ошиқи шайдо гашта, табъатон болида мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хӯрданатон хеле зиёд аст. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед ва саломатиро дар хатар нагузоред. Дар масъалаҳои пулӣ ба хароҷоти беҳуда роҳ дода метавонед. Вохӯриҳои тақдирсоз зиндагиятонро тағйир медиҳанд. Ба нафаре, ки аз шумо кӯмаку дастгирӣ мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз аз баҳсу мунозираи зиёд худдорӣ намуда, беҳтараш истироҳати бофароғат кунед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, хароҷотатон калон мешавад. Ягона чизеро, ки дар ин рӯз хариданашро тавсия медиҳем, ин асбобҳои техникӣ аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед. Дар табобати бемориҳо маблағи зиёд сарф мекунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Мушкилиҳое, ки дар зиндагии шахсиятон сар мезананд, таъсирашро дар пешравии корҳоятон мегузоранд. Бо нафаре аз ҳамкорон муносибати ошиқона карданро тавсия намедиҳем. Аз ҳамкорони худ бе ибо маслиҳат пурсидан гиред. Сафарҳое, ки бо мақсади истироҳат мекунед, бобарор меанҷоманд. Дар дил кинаву адоват гирифтан боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки зиндагиятонро куллан тағйир медиҳад. Нафаре ба зиндагиятон бармегардад, ки пештар муносибати ошиқона доштед. Бо сабаби нофаҳмиҳои рухдода муносибати худро бо наздикон вайрон насозед. Ба бегонагон имкон надиҳед, ки ба зиндагиву корҳоятон дахолат намоянд. Бо худтабобаткунӣ машғул шуда, табобати бемориятонро душвортар месозед.