Ҳамал
Имрӯзро барои шумо беҳтарин рӯзи ҳафта гуфтан мумкин нест. Дар касбу коратон уҳдадориҳо зиёд гашта, дар баъзе ҳолатҳо сахт ба изтироб меоед. Дар муносибат бо аҳли оила нофаҳмиву муноқиша эҳтимол дорад. Вақте расидааст, ки аз пайи ташхису табобати бемориҳо шавед, дар акси ҳол аз хурӯҷ намудани бемориҳо эмин намемонед.
Савр
Шумо дар ин рӯз ба хотири шод сохтани дӯстдоштаи худ ба ҳама кор қодиранд. Нимаи аввали рӯз бо атрофиён, ҳатто бо нафари камгаптарин забон ёфтанатон осон мегардад. Аксарият мушкилоти молиявии худро, ки вақтҳои охир ташвиш медод, бартараф мекунанд. Нимаи дуюми рӯз бо кори сабук машғул шавед, бо кори вазнин худро хаста накунед.
Ҷавзо
Мушкилоти бепулӣ асабатонро хароб месозад. Барои рафъи мушкилот беҳтараш аз нафаре маслиҳат пурсед, ки дар масъалаҳои пулӣ таҷрибаи калон дошта бошад. Аз ғам хӯрданҳои беҳуда суде нест, аз ин рӯ, ҷасурона аз дӯсти наздиктарини худ кумак пурсед. Беҳуда қошу қавоқ накунед, вагарна ҳатто дӯстдоштаатон аз шумо меранҷад.
Саратон
Рӯзи орому сермаҳсул аст. Дар назди худ мақсади аниқ гузошта, баъдан амал кунед, ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Танҳо дар ҳамин ҳолат аз ғалатҳои бузург эмин мемонеду нерӯятон беҳуда сарф намегардад. Маслиҳати нафарони бегона на ҳамеша ба фоидаи шумо аст, аз ин рӯ, дурандеш бошед.
Асад
Нимаи аввали рӯз табъатон хираву руҳафтода ва аз зиндагӣ дилмонда гаштанатон имконпазир аст. Ҳол он ки вазъият ва зиндагиятон чандон бад нест. Беҳтараш табъи худро болида нигоҳ дошта, кӯшиш намоед, ки ба касе дағалӣ накунед. Атрофиён кумаки худро пешниҳод мекунанд, вале шумо дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Ҳатто бо кумаки шумо нафаре аз ҳолати ногувори ба сараш омада мебарояд.
Сунбула
Дар ин рӯз аз харид кардану ба мағоза рафтан худдорӣ намоед. Хусусан бонувон бояд одати ба бозор рафтану хароҷоти беҳуда карданро партоянд. Шумо бояд эҳсос намоед, ки пулро беҳуда сарф мекунед. Ба баҳсу ғайбати дигарон ҳамроҳ нашавед, вагарна ҳама гуноҳро ба сари шумо бор мекунанд.
Мизон
Рӯзи душвор аст. Бо вуҷуди он ки дар зиндагиятон ягон мушкилоти ҷиддӣ рух намедиҳад, ҳама гуна нофаҳмиро хеле дарднок қабул карда, худро азият медиҳед. Бисёр чизҳо аз одамони гирду атрофатон вобастагӣ дорад. Аз доираи нафароне, ки шуморо пайваста танқид мекунанду дилатонро аз зиндагӣ хунук месозанд, худро канор гиред. Дар ин рӯз ба шумо дӯстони хушчақчақ лозиманд.
Ақраб
Рӯзи бобарорест барои муҳокима кардани масъалаҳои хеле муҳим. Шумо аз уҳдаи мушкилоти вазнинтарин бо сари баланд баромада метавонед. Таҷрибаҳои доштаатон дар ин рӯз ба кор мераванд. Одамоне, ки замоне аз кумаки шумо бархӯрдор гаштаанд, кумаки худро пешниҳод мекунанд. Муҳимаш ба худ бовар кунед, он гоҳ ягон мушкилӣ садди роҳатон намегардад.
Қавс
Барои шумо рӯзи ноорому серташвиш аст. Бояд бо корҳои дигарон машғул шуда, хатогиву ғалаташонро ислоҳ кунед. Баъзан аз ин кор хаста мешавед, вале боз худро ба даст гирифта метавонед. Дар лаҳзаҳои душвортарини умр табъи хушатон шуморо наҷот медиҳад. Шӯхиву ҳазлҳои шумо ҳатто нафари ҷиддитаринро ба ханда кардан водор месозаду аз аспи ҷаҳл мефарорад.
Ҷаддӣ
Дар масъалаи робита бо атрофиён рӯзи ором нест. Аксаран ба назаратон чунин менамояд, ки атрофиён хеле шубҳанок рафтор мекунанд. Аз баҳсу моҷаро худро канор гиред, вагарна вазъият душвортар мегардад. Беҳтараш диққати худро ба ягон кори бароятон муҳимтар равона созед. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, дар ҷойҳои серодам эҳтиёт шавед.
Далв
Барои шумо рӯзи серташвиш аст. Хеле серкор мешавед, бояд аз бисёр чизҳое, ки ба шумо пешниҳод мекунанд, даст кашед. Дар акси ҳол маблағи зиёдатон сарф шуда, сахт пушаймон мегардед. Масъулиятнокӣ ва тартибу интизоми хубатон боиси пешравии корҳо мегардад. Дар муҳити оилавӣ беҳтарин лаҳзаҳои умрро аз сар мегузаронед.
Ҳут
Барои шумо рӯзи душвортар аст, вале аз ҳама гуна имтиҳону санҷиш берун мешавед. Нафароне, ки бо дӯстдоштаи худ қаҳриву ногап буданд, роҳи бо ҳам созиш карданро пайдо намуда, хафагиву ранҷишро бартараф месозанд. Шиносоиҳое имкон дорад, ки барои шумо имкониятҳои хуби кориро фароҳам меорад.