Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024
2163

Ҳамал

Дар ин рӯз аз душманиву бадкирдориҳои нафаре огаҳ мегардед, ки дар ҳақаш некиҳои зиёд карда будед. Хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, аз макри душманон бехабар намонед.

Савр

Барору комёбӣ ҳамсафари шумо мегардад. Нимаи аввали рӯз кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Бо суханпардозӣ ва дилрабоӣ ҳамақидаҳои худро меёбед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз дар ҳаёти баъзеҳо мушкилоти пулӣ пеш меояд, кор ба ҷангу ҷанҷол мерасад, вале хавотир нашавед, шумо бурд мекунед. Нисбати ошиқатон бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна дилашро ба даст оварданатон душвор мегардад. Бо атрофиён муомилаи хуб карда, чанд хабари тоза мефаҳмед.

Саратон

Дар зиндагии шумо даврае фаро мерасад, ки ба рафти ҳодисаҳо таъсир расонида наметавонед. Айни замон пул кор карданатон душвор аст, вале кӯшиш кунеду ба танбалӣ роҳ надиҳед. Нафарони ошиқ имкони ба васли дӯстдоштаашон расиданро пайдо мекунанд.

Асад

Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшиш намуда, саломатии худро фаромӯш мекунед. Бар замми нотобӣ эҳтимоли бо ҳамсаратон муноқиша кардан низ вуҷуд дорад, вале ин муваққатӣ аст. Кӯшиши зиёд сохтани маблағи кисаатонро мекунед, вале танбалӣ имкон намедиҳад ба мақсад расед.

Сунбула

Муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам мешаванд, шумо якдигарро хубтар мефаҳмидагӣ мешавед. Сунбулаҳои оиладор хоҳиши зиёд намудани сафи фарзандони худро мекунанд. Ба саросемакорӣ роҳ надиҳед, қабл аз кореро кардан нағзакак андеша намоед. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Мизон

Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми мақсадҳоятон расида метавонед. Мушкили ягона дар он аст, ки мизонҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд. Ҳасудоне пайдо мешаванд, ки нонатонро нимта карда, шуморо неш задан мехоҳанд.

Ақраб

Ақрабҳо бояд ҳушашонро ба сар гирифта, ба ҳар нафаре ки барояшон куҳи тилло ваъда мекунад, бовар накунанд. Бештар истироҳат намоед, он гоҳ нақшаҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ба умеди касе нашуда, дар ҳама кор мустақилона амал намоед.

Қавс

Фикру ақидаҳоятонро наздикон ва аҳли оила бо хушнудӣ қабул мекунанду табъатон болида мегардад. Имкон надиҳед, ки шуморо аз сари кор дур кунанд. Одати ба дигарон айб мондану камбудӣ ҷустанро партоед, вагарна муносибататон бо ҳамкорону аҳли оила вайрон мегардад.

Ҷаддӣ

Дар масъалаҳои корӣ эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Барои он ки зуд-зуд гирифтори зуком нагардед, дар ҳавои тоза бештар пиёда гашта, машқи бадан кунед ва аз асабонияту фишори руҳӣ худдорӣ намоед.

Далв

Шуморо лозим меояд, ки ба хотири оромиши қалби худ ва ба хотири нафари дигаре аз бисёр чизҳо гузашт намоед. Дар ҳама кор муваффақ мегардед, зеро зотан шахси дилёбу кордон ҳастед. Барои он ки кордатон болои равған бошад, дар масъалае гузашт кардану қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд.

Ҳут

Агар бо кори савдо ва дигар намуди тиҷорат машғул бошед, пешниҳодҳоеро, ки пули калонро ваъда медиҳанд, қабул накунед. Нисбати наздикон ва ошиқатон дағалӣ накунед, вагарна чанд рӯз аз дурии онҳо азоби руҳӣ мекашед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД