new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
2086

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Беҳуда нагуфтаанд, ки “Аз гаҳвора то ба гӯр дониш омӯз”. Барои таҳсил кардану дониш омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ба ҳамин хотир, барои идомаи таҳсилатон монеа эҷод накунед. Барои таъмири кадом як асбоб пешпардохт накунед, аввал сифати кори онро санҷида бинед. Вохӯрӣ бо нафароне, ки дербоз якдигарро надида будед, табъатонро болида мегардонад.

Савр (21 апрел-20 май)

Бе нақша кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Кори шумо бояд реҷаи муайян дошта бошад. Кӯшиш кунед, ки вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед. Зеро чунин ба назар мерасад, ки муносибатҳоятон сард шудааст. Дар ҷодаи муҳаббат шуморо лаҳзаҳои гуворо интизор аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҳама кори шумо баръакс, бар зидди худатон мешавад. Нафарони муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре вохӯрда, ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд. Аз ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худ дар назди дигарон наҳаросед. Қадру қимати худро паст назанед ва ба ҳар кас сар нафароред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо вазъияти ногувор ва мушкилиҳои ногаҳонӣ рӯ ба рӯ шуданатон эҳтимол дорад. Кӯшиш кунед, ки дар ҷангу ҷанҷоли одамони ношинос ҳамроҳ нашавед. Боварӣ ба шарики худ ба ҳардуятон имкон медиҳад, ки мушкилиҳоро паси сар карда, аз бӯҳрони иқтисодӣ ба зудӣ бароед.

Асад (23 июл-22 август)

Агар то ҳол танҳо зиндагӣ мекунед, пас имрӯз ба ҷустуҷӯи ҷуфти барои худ муносиб бароед ё рафту ошиқ бошед, зудтар изҳори муҳаббат кунед. Зиндагӣ бо ишқу муҳаббат зебост, умри худро беҳуда нагузаронед. Нисбат ба саломатии худ бепарво набошед, зеро муҳимтар ва қиматтар аз он чизе нест.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз як қисми корҳои шумо чунон тез ҷараён мегиранд, ки худатон дар ҳайрат мемонед. Аммо баъзе аз мушкилиҳо дар ҷои кор ба таври номатлуб ҳалли худро меёбанд. Барои барқарор кардани қувваи аз даст рафта, ба худ танаффус эълон кунед ва бештар истироҳат намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шуморо рӯйдодҳои пешгӯинашаванда ва ҷолиби тақдир интизор аст. Нафароне, ки ошиқанд, бояд шитоб накунанд, мутаассифона тақдиру сарнавишт дар дасти шумо нест. Ба саломатиатон таваҷҷуҳи бештар равона созед ва агар вақт ёфтед, ҳатман ба қабули табибон равед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шумо бояд нисбат ба корҳои худ бодиққат бошед. Танбалӣ ё коргурезӣ накунед, вагарна чизеро ба даст намеореду аз ризқи худ маҳрум мешавед. Барои истироҳат айёми мусоид фаро мерасад. Дар баробари ин, ба тиҷорат низ машғул шуда метавонед, аммо дар як вақт аз паси чанд кор нашавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Тавре рафтор мекунед, ки гӯё душманони худро намебинед, аммо набояд ин тавр рафтор кард. Душманро ба хонаву даргоҳи худ роҳ надиҳед. Ҳеҷ душворие садди роҳи шумову корҳоятон намешавад. Таваккал карда, худро дар маркази диққати дигарон қарор диҳед ва ташаббус карда, баъзе корҳоро шурӯъ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои муносибат бо хонавода ҳамарӯза вақт ҷудо карданатон лозим аст, вагарна меҳру муҳаббат аз байн рафта, бегона мешавед. Ба дӯстони пешинаи худ боварӣ карда метавонед, ин роҳи нави комёбиҳоро ба шумо боз хоҳад кард. Барои сарф кардани маблағ шитоб накунед. Ба наздикӣ кори дигар меёбед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Дар муносибатҳои шахсӣ бинобар гуногун будани нуқтаи назари шумову ҳамсар ё дӯстдоштаатон чанд мушкилӣ пеш меояд. Дар пайи ҷустуҷӯи айбҳои худ бошед, на аз дигарон. Одати худбинӣ доред, инро ҳама медонад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз хушбахтиро интизор нашавед, зеро ҳоло ба шумо навбат нарасидааст. Кӯшиш кунед, ки бо шахси дӯстдоштаатон бештар вақт гузаронед ва иҷоза надиҳед, ки ҳар кас ба корҳои шумо дахолат кунад. Аз вохӯрӣ бо нафарони ношинос ё шубҳанок худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД