Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2913

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бинобар серкорӣ вазъи саломатиатон бад мешавад. Эҳтимоли ба даст овардани даромади ловагӣ дар назар аст. Ҳатто ҳамалҳое, ки дар соҳаи савдо таҷриба надоранд, бурд мекунанд. Лимӯчой ва оббозӣ дар оби гарм ба шумо фоида мерасонад. Ҳамалҳое, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзатон аз субҳ бобарор оғоз мешавад. Метавонед, ки бо дили пур ба бозору мағоза биравед. Сафарҳои ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар муносибат бо нафари дӯстдошта бо сабру таҳаммул бошед ва муноқиша накунед. Барои кӯмак ба дигарон рӯзи мувофиқ аст. Парҳез саломатии шуморо хубтар мекунад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз барои хариди калон рӯзи хуб аст. Агар бо амри дил амал кунед, даромади иловагӣ ба даст меоред. Субҳгоҳон ба варзиши сабук машғул шавед. Корҳои нотамом шуморо ором намегузоранд, аммо барои тамом кардани онҳо маблағи бештаре лозим аст, ки шумо онро ҳоло надоред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҳаққи шумо бадгӯиҳои зиёд мекунанд. Овозаҳои дурӯғро рад кунед, вале ҳақиқатро пинҳон накунед. Баъзе трофиён бо шумо муносибати ноадолатона доранд. Чизи гаронбаҳоеро гум карда, бар ивазаш даромади пулӣ ба даст меоред. Барои он ки корҳоятон хуб ҷараён гиранд, аз рӯйи нақша амал кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар нимаи аввали рӯз корҳои нисбатан муҳимро ба нақша нагиред. Нимаи дувуми рӯз корҳоятон он қадар барор мегирад, ки дигарон ҳатто рашк мекунанд. Вазъи саломатӣ аз хушҳолӣ ва болидарӯҳӣ низ вобастагӣ дорад. Дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо эҳтиёҷ дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз роҳи беҳтар сохтани зиндагиро пайдо мекунед. Атрофиён аз шумо кӯмак мепурсанд. Ёрӣ расонидан хуб аст, аммо иҷозат надиҳед, ки шуморо ба фоидаи худ истифода баранд. Аз корҳои вазнин худдорӣ намуда, саломатиро аз даст надиҳед. Хароҷоти беҳуда накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки кордонии худро ба дигарон ҳам нишон бидиҳед. Дӯстдоштаи шумо танҳо будан мехоҳад, ба ӯ фишор наоред ва шубҳа ҳам накунед. Дар ғами саломатӣ набошед, зеро кори вазнин шуморо баръакс болидарӯҳ мекунад. Истироҳат карда наметавонед, беҳуда кӯшиш накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Миёни шумову атрофиён нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд. Ҳатто бо дӯстони наздикатон забон ёфта наметавонед. Баъзе ақрабҳо аз гуфтаҳои худ пушаймон мешаванд. Кори муҳимро фаромӯш карданатон мумкин аст. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ҳар субҳ машқи бадан кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба он суолҳое, ки вақтҳои охир азиятатон медод, посух пайдо мекунед. Бо наздиконатон муноқиша мекунед, аммо ба ҷанҷоли калон роҳ надиҳед. Ба дарди сар гирифтор мешавед. Бепарвоӣ накарда, ба духтур муроҷиат кунед. Маҳс гирифтан ба шумо фоида дорад. Дӯстдоштаатонро пеш аз мулоқот огоҳ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бо нафарони калонсоли оила нофаҳмӣ ба миён меояд. Муносибатҳои ошиқонае, ки имрӯз сар мезананд, то тӯю ақди никоҳ рафта мерасанд. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин худдорӣ намуда, бештар меваю сабзавот хӯред. Аз надоштани пул ташвиш накашед, вазъият хуб хоҳад шуд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нуқтаи назари худро баён намуда, бисёриҳоро аз худ меранҷонед. Ҳатто бо нафарони воломақом баҳс карда, ба худ душман мехаред. Аз бехобӣ азият мекашед ва асабонӣ мешавед. Бо нафароне робита кунед, ки буданашон боиси болидарӯҳиятон бошад. Меҳрубониро танҳо ба дӯстдоштаи худ раво бинед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар ба мақсад расидан хоҳед, кӯшиши зиёдро ба харҷ диҳед. Бо ҳамкорон муноқиша ва бо дӯстон баҳсу мунозира мекунед. Нимаи дувуми рӯз мулоқоти ошиқонаро ба нақша гиред. Пойафзоли пошнабаланд напӯшед, эҳтимоли афтида, ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД