Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
2431

                          Ҳамал

Рӯзи пур аз ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои сершумор хоҳад буд. Сарфи назар аз он, ки имрӯз нерӯи зиёд доред, бояд онро барои бартараф кардани душвориҳои хурд сарф кунед. Нақшаҳо зуд-зуд иваз мешаванд, аз ин рӯ, барои имрӯз вохӯриҳои муҳимро таъин накунед. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса зоҳир намоед.

 

Савр

Рӯзи хубест барои амалҳои қатъӣ. Шумо метавонед чизеро дар ҳаёти худ ба куллӣ тағир диҳед, аз одатҳои кӯҳна даст кашед ва одатҳои нав пайдо кунед. Барои нафароне, ки вазифаҳои баландро ишғол мекунанд, бобарор хоҳад буд. Барои кори ҷисмонӣ рӯзи хуб аст.Барои истироҳат ва барқарор кардани энергия кӯшиш кунед, ки вақти холии худро дар танҳоӣ гузаронед, инчунин корҳои сабуки хонаро анҷом диҳед. 

Ҷавзо

Рӯзи серташвишу пурфайз мешавад. Кори зиёд, вохӯриҳои муҳим ва масъалаҳои таъхирнопазире дар пеш аст, ки бомуваффақият аз ӯҳдаи ҳамааш мебароед. Вақти худро беҳуда сарф накунед, диққати худро ба иҷрои нақшаҳоятон равона кунед. Имрӯз беҳтар аст, ки ба маслиҳату эродҳои дигарон гӯш надиҳед, фоидае надорад. 

Саратон

Нимаи аввали рӯз барои мулоқоту гуфтушунидҳои муҳим мувофиқтар аст. Шумо вазъиятро равшан мебинед ва масъалаҳои мураккабро ба осонӣ ҳал мекунед. Агар муҷаррад бошед, пас имкони пайдо кардани ишқатон вуҷуд дорад. Нимаи дуюми рӯз барои муошират, аз ҷумла бо одамони ношинос вақти хуб аст. 

Асад

Бароятон рӯзи нек ва фараҳбахш фаро мерасад. Ситораҳо имрўз дар ҳама корҳо ба шумо ёрӣ мерасонанд, аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурда, нахуст масъалаҳои душвору муҳимро ҳал кунед. Бо нафаре шинос шуданатон эҳтимол дорад, ки бо шарофати ӯ зиндагиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Сунбула

Вақти мувофиқтарин барои кори масъулиятнок нимаи аввали рӯз аст. Барои ин вақт вазифаҳо ва вохӯриҳои душворро ба нақша гиред. Ҳама тамосҳоро бо дӯстон ё оила ба вақти шом интиқол диҳед. Пеш аз қабули қарор, оқибатҳои онро санҷед. Эҳтимоли сафарҳои ғайринақшавӣ дар назар аст.

Мизон

Самаранокӣ ва нерӯятон дар сатҳи баланд аст, аз ин рӯ, ҳама коре, ки ба нақша гирифта шудааст, бо натиҷаҳои беҳтарин иҷро хоҳад шуд. На танҳо бо наздикон, балки бо нафароне, ки хуб шинос нестед, хеле хуб забон ёфта метавонед. Бегоҳирӯзӣ барои харид кардан мусоид аст, пулҳоятон беҳуда сарф намешаванд.

 

Ақраб

Рӯзи душвор аст. Ба шумо лозим меояд, ки бо масъалаҳои ногувор ва баҳсу мунозираҳои душвор машғул шавед. Сабр кунед, кӯшиш кунед, ки ором ва созанда бошед. Бо пешниҳодҳои хатарнок розӣ нашавед: дар акси ҳол ба ҷои фоида зарари бештар мебинед.

 

Қавс

Имконияти ба даст овардани пешниҳоди ҷолиб ва фоидаовар вуҷуд дорад, аммо пеш аз он ки онро қабул кунед, дар бораи имконоти худ фикр кунед ва тамоми хатарҳоро баррасӣ кунед. Пеш аз ҳама он чизеро, ки ба шумо даромади молиявӣ меорад, интихоб кунед. Бештар истироҳат кунед, барои саломатии худ вақт ҷудо кунед.

 

Ҷаддӣ

Агар шумо ба тиҷорати ношинос машғул шавед ё ба пешниҳоди хатарнок розӣ шавед, ба вазъияти ногувор дучор мешавед. Наздикони шумо имрӯз ба дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ ниёз доранд, барои пайваст шудан бо онҳо вақт ҷудо кунед. Ҳалли масъалаҳои рӯзгор ба беҳтар шудани кайфият ва барқарор кардани ҳолати руҳӣ мусоидат мекунад.

 

Далв

Корҳои худро анҷом дода, ғалатҳои кардаатонро ислоҳ карда метавонед. Аз комёбиҳои худ лоф назанед, миёни шиносҳоятон нафарони бадхоҳу нотавонбин зиёданд. Танқиди атрофиён ё ислоҳ карданашонро ба дил наздик қабул накунед.

Ҳут

Дар ин рӯз диққати худро ҷамъ карда наметавонед. Корҳои муҳимро ба нақша нагиред, робитаро кам созед ва ақаллан аз паси як кори нотамоми худ шавед. Пули худро барои чизҳои нодаркор сарф накунед, рӯзҳои наздик ба маблағи калон ниёз пайдо мекунед. Дар зиндагиятон рух додани тағйироти ҷиддӣ имконпазир аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД