Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бонувони муҷаррадро шиносоӣ ё мулоқоти кутоҳмуддати ошиқона интизор аст. Мардҳо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҳаёти шахсии худро беҳтар созанд. Хоби дар ин рӯз дидаатон рӯзи дигар амалӣ мешавад. Дар хоб дидани сабзавот аз амалӣ шудани орзуҳоятон дарак медиҳад. Дар сурати худро нотоб ҳис кардан, дарҳол аз пайи табобат шавед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ҳодисаи тақдирсозе рух дода метавонад, омода бошед. Суҳбат бо дӯстон табъатонро болида месозад. Аз ҳузури нафарони бадкирдор дурӣ ҷуста, аз ҳавобаландӣ худдорӣ намоед. Манбаи нави даромад пайдо карда, барои хариди чизҳои даркорӣ пул ҷамъ карда метавонед. Саломатӣ ганҷи ноёб аст, барои ҳифзи он кӯшиш ба харҷ диҳед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Рӯзи бахшидани гуноҳҳо ва раҳмдилист. Табъи хушу корчаллониятон доираи дӯстонатонро васеъ месозад. Аз мушкилиҳо наҳаросед. Фаромӯш насозед, ки то меҳнат накунӣ, роҳат набиниӣ. Саломатии худро эҳтиёт кунед, аз нӯшидани шарбату меваобҳои сард худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатонро бо рашки зиёд ҷонбезор насозед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ҳодисаҳои ногаҳонии манфиву мусбӣ зиёд мешаванд. Беҳтараш қаблан ба ҳама гуна навигарӣ омода бошед. Агар хаста шуда бошед, фавран ба рухсатӣ бароед ва имкон надиҳед, ки корҳои иловагиро ба саратон бор кунанд. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, хислати дӯстдоштаатонро нағзакак омӯзед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз ба ғайр аз харидани ҷавоҳироти тиллоӣ барои харидани чизҳои дигар хуб аст. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо наздиконатон нофаҳмиву муноқиша рух медиҳад. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани тамоми мушкилиҳоро накунед. Бонувонро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Тамоми кӯшишу таҷрибаи худро барои нишон додани қобилиятҳоятон сарф мекунед. Баъди нисфирӯзӣ ҳама гуна имкониятро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Нисбати шахси дӯстдоштаатон дурандеш бошеду гузашт кунед, зеро ин роҳи ягонаест барои раҳоӣ ёфтан аз рафтори беандеша.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз ҳама коратон бобарор анҷом меёбад. Бо кори табъи дил машғул шудан хастагиятонро мебарорад. Рӯзи хубест барои нафарони калонсол, метавонед вақти худро бо наздикон гузаронед. Танҳо зудбовар нашаведу ба касе ваъда надиҳед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи хубест барои харид кардану ба анҷом расонидани масъалаҳои хариду фурӯш. Уҳдадориҳои навро ба душ нагиред. Корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, ба баҳсҳоятон бо наздикон хотима бубахшед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, корашон барор мегирад.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи бахшиши гуноҳон ва накӯкорист. Аз ҳамкорӣ бо шарикони нави корӣ наҳаросед, вале аз ҷойҳои серодам ва нафароне, ки нишонаҳои бемории зуком доранд, дурӣ ҷустанатон лозим аст. Қавсҳои муҷаррад агар фориғболӣ накунанд, бахти худро пайдо мекунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Бо ҳамкорон эҳтимоли муноқиша карданатон вуҷуд дорад, ки боиси сард гаштани муносибатҳо мегардад, вале ба рафти корҳоятон таъсир расонида наметавонад. Ба кӯмаки аъзоёни оила ва дӯстони содиқе, ки аз мушкилатон бохабаранд, умед баста метавонед. Вазъи молиятон беҳтар мегардад, нафаре қарзашро бармегардонад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Рӯзи бобарорест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ. Сафарҳои тиҷоратӣ ба шарте бобарор мешаванд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ба гигиенаи шахсӣ диққати хоса зоҳир намоед. Корчаллонӣ ва мардонагӣ сифатҳое ҳастанд, ки дар касбу кор кӯмак мерасонанд.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон табъи дил амалӣ намешаванд. Барои сафару таълимомӯзӣ низ рӯзи муосид нест. Ташвишу саргардониятон зиёд мегардад. Ба мушкили наздикон диққат доданатон лозим меояд. Нафарони муҷаррад ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ дода метавонанд.