Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳисороти ҷиддӣ ё даромади калон ба даст оварда наметавонед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану ваъдаҳои бардурӯғ вуҷуд дорад. Дарди сар ва аз хӯрок дарунрав гаштанатон имкон дорад. Барои аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфтан нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Бо нафарони ношинос дарди дил накунед. Ба танқиду хӯрдагириҳо диққат надиҳед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз самараи меҳнати худро мебинед. Агар дар рухсатии меҳнатӣ бошед, табъи дил истироҳат кунед. Беҳтараш бо таъмир ва ободонии хонаву дар машғул шавед. Фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед, вагарна табъи хираи шумо ба атрофиёнатон низ таъсир мерасонад.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз сабабгори баҳс дар хонаатон мегардед ва муносибатҳоятон бо ҳамкорон низ душвор мегардад. Дар сурат рух додани мушкилӣ дар муносибатҳои ошиқона гузашт карданатон лозим меояд. Сабру таҳаммул дар ҷодаи муҳаббат хеле муҳим аст. Ҳангоми харид ва пешниҳодҳои молиявӣ эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои рафъ намудани хастагӣ бештар пиёда роҳ гаштанро тавсия медиҳем. Ҳатман аз хоб сер шуда, витамин истеъмол кунеду бо машқҳои ҷисмонӣ машғул гардед. Вазъиятҳои пурмоҷаро сар зада метавонанд, аз ин рӯ, аз робитаи нодаркор ва баҳсу моҷаро худдорӣ намоед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Барои дар касбу кор муваффақ гардидан бо маслиҳати ҳамкорон амал намоед. Ба дӯстону наздикон имкон надиҳед, ки ба хаёти шахсиятон дахолат намоянд. Баъди нисфирӯзӣ вазъи молиявиатон яку якбора тағйир ёфта, мушкилиҳоро рафъ месозед. Танҳо бо наздикони худ дарди дил кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯстии зич доштед, вайрон мегардад. Барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ қарз гирифтанатон лозим меояд. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Аз тамоми намуди ҷангу муноқиша худдорӣ намуда, ба танқидҳо диққат надиҳед.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Барои мизонҳо рӯзи душвор аст. Нафаре аз наздикон ба муносибатҳои ошиқонаатон заҳр мезананд. Дар ин рӯз ба пурхурӣ ва ҷисман хасташавӣ роҳ надиҳед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану заҳролуд шуданатон дар назар аст. Ҳангоми кор бо таҷҳизотҳои барқӣ бодиққат бошед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Аз ҷудоӣ бо шахси дӯстдоштаатон руҳафтода нагардед. Дар ин рӯз меҳмондӯстдор бошеду меҳмон даъват кунед. Барои ақрабҳои наврас рӯзи бобарор аст. Барои саломатии худ ташвиш накашед. Бегоҳирӯзӣ барои ронандагон хатари ҷароҳат бардоштан имкон дорад.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз фиреб хӯрдану ба ваъдаҳои дурӯғ гирифтор шуданатон имкон дорад. Ба харид ва пешниҳодҳои молиявӣ бодиққат бошед, хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Зудбоварӣ ва зимни робитаҳо худро ба даст гирифта натавонистанатон боиси таассуф ва ашкрезиҳо мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз бо рақибони худ робитаро беҳтар месозед. Дар ҷодаи муҳаббат агар бо дӯстдоштаатон ба наздикӣ шинос шуда бошед, эҳтиёткориро пеша намоед. Аз ҳама гуна баҳсу мунозира худдорӣ намуда, ба хурдагириҳои атрофиён диққат надиҳед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз сатҳи даромадҳоятон афзуда, барои корҳои нав вақт пайдо мекунед. Ҳоло вақти истироҳататон нест, бояд аз паси кор шавед. Бо наздикони худ нармгуфтор бошед, хусусан агар дар хонаатон сохтмон бошад. Саломатиятон чандон ташвиш намедиҳад, камее нотоб мегардеду халос.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳо дида мешавад. Барои сард нагаштани риштаи муҳаббататон ба моҷаро роҳ надиҳед. Хафагиву кинаро аз дил берун сохта, ба муноқиша роҳ надиҳед. Ҳутҳои калонсол гирифтори бемории тарбод шуда метавонанд.