1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1033

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз таваҷҷуҳи одамон маҳрум намешавед. Хонумони танҳо ҳатто метавонанд аз миёни чанд нафар беҳтаринро интихоб кунанд. Дӯстон бо неруи мусбат рӯҳбаланд месозанд. Бо роҳбар ё шахси таъсиргузор мулоқот карданатон эҳтимол дорад. Агар бемории музмин доред, эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли шиддат ёфтанаш вуҷуд дорад. Аз хастагии ҷисмонӣ ва равонӣ канорагирӣ кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Рӯзи тағйироти ҷиддӣ дар пеш аст. Шояд лозим бошад, ки ба зиндагии шахсӣ навгонӣ ворид кунед. Агар бо фарзанди наврас нофаҳмӣ доред, муҳаббат ва дастгирии шумо беҳтарин роҳи ҳал хоҳад шуд. Ба танҳоӣ кор накунед, имрӯз шарикон барои муваффақият заруранд. Дар хароҷот низ ҳади эътидолро нигоҳ доред. Варзишро фаромӯш накунед, то саломатӣ нохуб нагардад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз эҳтимоли сар задани воқеаҳои ногаҳонии гуворо вуҷуд дорад. Шумо тавони онро доред, ки наздикони худро шод гардонед. Вале масъулиятро танҳо ба дӯши худ нагиред, корҳои хонагиро бо дигарон тақсим кунед. Рӯзи хубест барои истироҳат. Мумкин аст бо кӯмаки дӯстон даромад ё ҳадя ба даст оред. Асаб ва дилро эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шояд эҳсос кунед, ки наздикон камтар ба шумо аҳамият медиҳанд. Аммо сабаб метавонад дар мушкилоти кори онҳо бошад. Имрӯз вақтро бештар бо аҳли оила гузаронед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкони хариди судманд карданро доред. Бо табъи болида ва рӯҳияи баланд ҳама корҳоро ба осонӣ иҷро мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз имкониятҳои зиёде барои фароғат ва эҷод доред. Шояд ҳодисае рӯй диҳад, ки ба нафъи шумо анҷом ёбад. Вале эҳтимоли сар задани баҳс бо сабаби мушкилоти молиявӣ вуҷуд дорад. Аз шартномаҳо ва қарордодҳои пулӣ дурӣ ҷӯед. Ба саломатии сутунмуҳра ва гардиши хун аҳамият диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар муносибат бо дӯстдоштаатон нохуб бошад, беҳтараш каме танҳо бошед ва андеша кунед. Имрӯз барои тозагӣ ва тағйири фазои хона вақти хуб аст. Дар ҷои кор нофаҳмиҳо имкон доранд. Ба як манбаи даромади асосӣ диққат диҳед, аз паси чанд кор нашавед. Вазъи ҳаво эҳтимоли пайдоиши дарди сарро зиёд мекунад, вале то шом беҳбудӣ дида мешавад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муносибатҳои ошиқонаи нав метавонанд зери таҳдид қарор гиранд, баъзе одатҳои дӯстдоштаатон шуморо асабонӣ месозанд. Беҳтараш имрӯз бо аҳли оила бошед ва нерӯ ҷамъ кунед. Имкони пешниҳод кардани нақшаҳои хуб ба роҳбарият доред. Барои кор ё тиҷорат шарики муносиб пайдо кардан мумкин аст. Аз асбобҳои тезу хатарнок бо эҳтиёт истифода баред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шояд муносибати ошиқона бо ҳамкоратон оғоз шавад, вале натиҷааш хуб нест. Имрӯз рӯзест пур аз ноустуворӣ ва хавф. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ кунед. Дар бораи роҳҳои зиёд кардани даромад андеша кунед, вале корҳои навро оғоз накунед. Варзиш, машқҳои сабук ва йога ба оромии равонӣ кӯмак мерасонанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи сермулоқот ва пур аз гуфтугӯ дар пеш аст. Аммо шахси дилхоҳи худро ҳанӯз ҳам пайдо намекунед. Беҳтараш бо аҳли оила истироҳат кунед. Дар ҷои кор ҳодисаи ногаҳонӣ рух дода метавонад. Эҳсосотро идора кунед. Аз қарз ва шартномаҳои молиявӣ канорагирӣ кунед. Хавфи афзоиши гастрит вуҷуд дорад, парҳези сабукро риоя намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз имкони шиносоӣ бо шахси сарватманду доро доред, ки метавонад дар оянда бароятон нақши муҳим бозад. Ба корҳои хона ва муносибат бо наздикон таваҷҷуҳ кунед. Бо ҳамкорон баҳс накунед, гӯш кардани андешаи дигарон муфид мешавад. Вазъият ба нафъи шумо тағйир меёбад. Агар дарди сар эҳсос кунед, чойи гарм бо лимӯ кӯмак мекунад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар муносибати ошиқона хафагиву ранҷиш эҳсос мешавад. Агар танҳо бошед, имкони шиносоии ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ба корҳои хона машғул шавед, то фурсатҳои аз дастрафтаро ҷуброн намоед. Барои эҷодкорон имрӯз рӯзи пурфайз аст. Даромади молиявӣ низ мумкин аст, вале аз харидҳои беҳуда худдорӣ кунед. Ба таъсири ғизо ба пӯсти худ аҳамият диҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Шом метавон бо дӯст ё шахси дӯстдошта вақт гузаронд ва рӯҳбаланд шуд. Аммо эҳтимол низ ҳаст, ки вохӯрӣ каме дилгиркунанда гардад. Барои мустаҳкам кардани вазъи молиявиатон имрӯз имконият фароҳам аст. Садои дил ба шумо роҳ нишон медиҳад. Нерӯи ҳаётӣ ва илҳоми эҷодӣ меафзояд, вале аз дағаливу сахтгирии атрофиён эҳтиёт бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД