Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1434

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи 10-уми май эҳтимоли нофаҳмиҳо дар муносибатҳои ошиқона зиёд аст. Сабр ва таҳаммул нишон диҳед, роҳҳои созишро ҷӯед. Барои халосӣ аз эҳсосоти манфӣ, ба корҳои хонагӣ машғул шавед ё бо шахси дӯстдошта вақт гузаронед. Қувваи ботинии шумо меафзояд ва ҷаззобиятатон бештар мешавад. Хароҷоти ғайриинтизор эҳтимол дорад, пас сарфакор бошед. Пурхӯрӣ накунед, баъдан пушаймон мешавед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз шахси дӯстдошта метавонад диққати дигаронро ба худ ҷалб кунад. Эҳтимол шумо худро таҳқиршуда ҳис кунед, аммо сахтгир набошед, фикрҳоятон шояд беасосанд. Дар кор саросемагӣ зиёд аст, вале шумо аз уҳдааш мебароед. Хариди дерин мумкин муомила ва гуфтугӯ талаб кунад. Ҳангоми ҳаракат эҳтиёт кунед, то осеб набинед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз муҳити ошиқонаи гарм ва пурмуҳаббатро эҳсос мекунед. Агар аз зиндагии феълӣ норозӣ бошед, одатҳои кӯҳнаро партоед. Дар охири ҳафта танҳоӣ ва оромӣ бароятон муҳим мегардад. Дар масоили пулӣ барор бо шумост, вале эҳтиёткор бошед. Сайри табиат ва тағйири муҳит ба тандурустии шумо фоида меорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои муошират мусоид аст. Дӯстӣ метавонад ба муҳаббат табдил ёбад. Ба наздиконатон муҳаббат ва таваҷҷуҳ зоҳир кунед. Фурсати хуб барои пешравии корӣ фаро мерасад, агар худро нишон диҳед. Агар кори ҳозира писандатон нест, иваз кардани он имконпазир аст. Вазъи молиявӣ муътадил мемонад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз шояд бо шахсе вохӯред, ки нақши муҳимеро дар зиндагиатон мебозад. Хонаро бештар тарк кунед, то имкониятҳоро аз даст надиҳед. Пас аз нисфирӯзӣ ба корҳои хона машғул шавед, вақти таъмир ё дигаргунӣ аст. Аз хароҷоти калон худдорӣ кунед, бахусус агар хатарнок бошанд. Ба саломатӣ диққат диҳед, афшура, витамин ва сайругашт муфиданд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бо наздикон нофаҳмиҳо имкон доранд. Эҳсосотро идора кунед, ба ҷанҷол роҳ надиҳед. Давраи санҷиш идома дорад, эҳтимоли иштибоҳ зиёд аст. Ба корҳои дигарон дахолат накунед. Вазъи молӣ устувор аст, аммо аз исроф худдорӣ намоед. Агар асабонӣ ҳастед, субҳ доруи оромбахш истеъмол ва шом гаштугузор кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар танҳо бошед, аз пайи зуд ёфтани ҳамсар нашавед, тақдир роҳро нишон медиҳад. Дар оила шояд нофаҳмиҳо рух диҳанд. Бо ҳар кас бо меҳрубонӣ рафтор кунед. Харид барои хона метавонад фазоро нарм созад. Дар мулоқотҳо ва корҳои расмӣ ҷасур бошед. Энергияи шумо тадриҷан барқарор мешавад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз лаҳзаи хубест, то фикр кунед: то кай хатоҳои шахси дӯстдоштаатонро мебахшед? Ба маслиҳати занони калонсол бодиққат гӯш диҳед, на ҳама бо шумо созиш мекунанд. Бо роҳбарият ором ва сабур бошед. Метавонед харҷ кунед, аммо беҳтараш чизеро барои худ харед. Ғизои вазнин, бахусус шириниҳо, ба саломатиятон зарар мерасонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз муносибат бо шахси дӯстдошта нотинҷ шуда метавонад. Ростқавл бошед ва аз дурӯғ парҳез намоед. Ба ҳамсари худ кумак намоед ва корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Энергия ва идеяҳои хуб доред, аммо барои пули калон сарф кардан ҳоло мувофиқ нест. Шомро бо оила гузаронед, фоидааш зиёд аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шояд шиносоии ҷолибе дошта бошед, ки муҳаббати навро дар дилатон бедор мекунад. Агар оиладор бошед, фазои ошиқонаро эҳё намоед. Шоми ором бо ҳамсар ё сайругашт ба манфиати шумост. Дар корҳо ба кумак ниёз пайдо мекунед. Агар мошин хариданӣ бошед, фиреб нахӯред. Аз асабоният худдорӣ кунед, саломатӣ муҳим аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз дӯстдоштаатон кӯшиш мекунад шуморо беҳтар дарк кунад ва ин шуморо хушҳол мекунад. Вохӯрӣ бо дӯстон рӯҳбаландкунанда хоҳад буд. Шояд пешниҳоде оид ба кори эҷодӣ гиред, фурсати хубест, то истеъдодатонро нишон диҳед. Вазъи молӣ беҳтар мешавад. Ғизои сабук ва парҳези дуруст фоидабахш аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин шабу рӯз аз шиносоии нав худдорӣ намоед, муносибатҳои ошиқона бебарор хоҳанд буд. Ба наздикон муҳаббат бубахшед ва таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Баъзе монеаҳо метавонанд нақшаҳоро тағйир диҳанд. Хароҷоти нолозим накунед. Худро аз ҳама гуна фишору ҳодисаҳои номатлуб дур гиред, дар ин рӯз ба шумо ғамгин шудан мумкин нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД