Ҳамал
Дар вазъиятҳои мушкил зиракӣ зоҳир намуда, ҳам бурд мекунеду ҳам аз муноқиша раҳоӣ меёбед. Корҳоятон ба таъхир афтода, комёбӣ аз дастатон меравад. Ба чизҳои майда-чӯйда бодиққат бошед, нисбати гувоҳии дил бетафовут набошед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Ба нуктаи назари дигарон бовар накунед.
Савр
Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ аз дилёбӣ ва аз кӯмаки шиносҳоятон истифода бурда тавонистанатон вобастагӣ дорад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна кор бо муноқиша ва бад шудани саломатиятон анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ ба хабари шунидаатон шубҳа накунед.
Ҷавзо
Рӯзи серташвиш аст, ба меҳмонӣ мераведу ба хонаатон меҳмон меояд. Нафарони бегона ба зиндагиятон дахолат карданӣ мешаванд. Дар корҳоятон иштибоҳ ва бо наздикон муноқиша имкон дорад. Ба садои қалб гӯш андозед, ба маслиҳати нафаре гӯш надода, бурд мекунед.
Саратон
Дар ин рӯз фақат истироҳат кунед, агар чунин имкон набошад, аз пиёдагардӣ худдорӣ намоед. Барои он ки бемор нашавед, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Ҳангоми гарм будани ҳарорати ҳаво ба берун набароед, беҳтараш рӯзро дар дохили хона сипарӣ намуда, хастагии чандрӯзаро бартараф намоед.
Асад
Дар ин рӯз дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед. Бештар ба суханони дигарон гӯш андохта, аз хабарҳои зиёде огаҳ мегардед. Кӯшиши бедор сохтани рашки дӯстдоштаатонро накунед. Касеро фиреб ҳам надиҳед, вагарна рӯзҳои наздик бо ҳолати ногувор гирифтор мегардед. Ба нуқтаи назари нафаре такя накунед.
Сунбула
Дар ин рӯз ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Ба садои қалби худ гӯш андохта бурд мекунед. Эҳтимол яке аз наздиконатон нотоб гашта, ташвишатон зиёд мегардад. Ба беҳмонӣ ва аёдати наздикон рафтанатон хуб аст, вале ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Мизон
Рӯзи серташвиш аст. Таваккал кардану харидани чизҳои қиматбаҳоро тавсия намедиҳем. Истироҳат дар ҳалқаи наздикон табъатонро болида мегардонад. Аз мулоҳизакорӣ ва дурандешии шумо вазъи молиявӣ ва муносибат бо шахси дӯстдоштаатон вобастагӣ дорад.
Ақраб
Ба ҳама гапу коре, ки дар ин рӯз рух медиҳад, бодиққат бошеду то рафъ гаштани шубҳаву гумон онро омӯзед. Исроркориву ҳақиқатнигориятон ба атрофиён писанд намеояд ва эҳтимоли рух додани муноқишаҳои хурд имкон дорад. Барои ободонии хонаву дар рӯзи мусоид аст.
Қавс
Дар ин рӯз бо кори зиёд машғул шуда, ба кори рагҳои хунгарди дил бодиққат бошед. Ғуруру такаббур боиси нобарориҳо ё баръакс комёбии зиёд гашта метавонад. Вазъиятро назорат намуда, ташаббусро аз даст надиҳед, имрӯз ба натиҷаҳое ноил мегардед, ки қаблан танҳо дар орзуяш будед.
Ҷаддӣ
Имрӯз зудбовариятон боиси холӣ шудани киса ва душвор гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Ба нафароне, ки ба шумо моли арзону пастсифатро пешниҳод карданӣ мешаванд, бовар накунед. Ба саломатии меъда ва сифати хӯрокҳое, ки имрӯз истеъмол мекунед, диққати хоса диҳед.
Далв
Дар ин рӯз дар ҳама кор дилсардӣ зоҳир мекунед. Ҳолати бади руҳӣ ба рафти корҳо ва зиндагиятон таъсири манфӣ мерасонад. Барои баромадан аз ин ҳолати душвор наздикон кӯмак расонида, истироҳат дар гӯшаи табиат фикрҳои мағшушро аз саратон дур месозад.
Ҳут
Имрӯз қурбони бесаранҷомӣ ва беқарории худ мегардед. Нақшаву ниятҳои зиёд чунон саргарангатон месозанд, ки тамоми қувваи ҷисмонӣ ва маънавии худро барои якбора амалӣ намудани мушкилиҳо равона месозед. Бо атрофиён самимӣ ва поквиҷдон бошед.