Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Рӯзи мусоидест барои васеъ сохтани доираи фаъолиятҳо, аз таҷрибаҳо панд гирифтан. Барои анҷом додани нақшаҳое, ки кайҳо дар пайи амалӣ карданаш будед, рӯзи бобарор аст. Бурдбории шумо аз дастгирии наздикону атрофиёнатон вобастагӣ дорад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи серташвиш ва пур аз рӯйдод аст. Дар ин рӯз барои ҳама шахси даркорӣ мешавед. Дӯстону хешовандон дар ҳалли мушкилашон аз шумо мадад мепурсанд. Беҳтараш бо ободонии хонаву дари худ машғул шавед. Ба саломатии худ диққат диҳед. Кунҷи танҳоӣ ихтиёр накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ҳама кор эҳтиёткориву ҳушёриро риоя намоед. Табъатон яку якбора тағйир ёфта, асабӣ мешаведу худро хаста эҳсос мекунед. Нобарории тасодуфӣ вазъи иқтисодиятонро бад месозад. Каме пиёда сайругашт кардан хобатонро бароҳат месозад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои рафъи мушкилиҳои касбӣ рӯзи бобарор аст. Аз ҳамин рӯз сар карда, қалбатон моломоли ишқу муҳаббат мегардад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, табъатон хеле хуш мегардад. Як занги телефонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи хуб аст, вале фаъолнокии аз ҳад зиёд тавсия дода намешавад, зеро муваффақият ҳар лаҳза метавонад аз даст равад. Зимни робита бо дӯстон аз ғайбату бадгӯӣ худдорӣ намоед, вагарна ҷанҷоли калон ба вуқуъ омада, сахт пушаймон мешавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз барои худ шуғли аҷибе пайдо мекунед. Ба наздиконатон пурра бовар накунед, яке аз дӯстон дилатонро сахт меранҷонад. Аз ҷангу моҷаро худдорӣ намоед. Боэҳтиёт бошед, нимаи дуюми рӯз хатари ҷароҳат бардоштану эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ҳодисаҳои рӯзҳои охир на танҳо боиси асабхаробӣ гашта, балки камбудиҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар сари қаҳру ғазаб ба хатогиҳои нав роҳ доданатон имкон дорад, аз ин хотир, саросема нашавед. Бегоҳирӯзӣ вазъият хубтар мешавад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Вазъи молиявиатон нохуб аст, аз ин лиҳоз, дар масъалаҳои пулӣ таваккал накунед. Дар ҷойи кор тағйир ёфтани вазифаатон аз худи шумо вобастагӣ дорад. Дар ин рӯз аз истеъмоли хӯроки равғанин худдорӣ намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи серташвиш аст. Оромиро нигоҳ дошта натавонистанатон боиси сар задани ҷангу ҷанҷол ва нохуб гаштани вазъи саломатиятон мегардад. Агар имкон дошта бошед, чанд лаҳза дар назди дарёча ё ҳавзи об нишаста, истироҳат намоед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи хеле бобарор аст. Нафарони оиладор чун ҳамеша барои беҳбудии вазъи молиявӣ заҳмати зиёд мекашанд. Хаёлҳои хомро аз сар дур созед, вагарна кор бо муноқишаву бад шудани вазъи саломатиятон анҷом меёбад. Нисбати наздикони худ боинсоф бошед. Хатогиҳои худро ба гардан гирифтанро омӯзед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз рафтори номардонаи яке аз дӯстонатон табъатонро хира месозад, аз ин лиҳоз ба онҳо бовар накунед. Тағйиротҳои ногаҳонии тақдирсоз имкон доранд. Ба баҳсу мунозира ва ибрози ақида роҳ надиҳед. Нимаи дуюми рӯз хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаи нохуш зиёд аст. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мегардад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аз субҳи содиқ нафаре табъатонро хира месозад. Бо вуҷуди асабӣ шудан, хатои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Барои ба ғалат роҳ надодан ба маслиҳати дӯстон гӯш дода, кӯмакашонро қабул кунед. Зудбовар нашавед, ба ҳар гапи шунидаатон бовар накунед.