Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдода чунон шуморо ба ҳайрат меоранд, ки сари калобаатонро гум мекунед. Ниқобатонро аз рӯятон гиред ва бо ҳама якранг бошед. Танҳо ба нафарони наздики худ эътимод кунеду халос. Агар пулҳои худро пинҳон кардан мехоҳед, беҳтараш онҳоро дар бонк гузоред.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз дар ҷойи коратон мушкилоти ғайричашмдошт ба миён меояд. Барои рафъ намудани тағйиротҳои сарзада аз кӯмаки ёру дӯстон ва наздикон истифода кунед. Дар байни ҳамкорон эҳтиёткор бошед. Қисме аз онҳо бо шумо мефахранду қисми дигарашон ба шумо ҳасад мебаранд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Вақти он расидааст, ки барои наздикони худ ва атрофиён намунаи ибрат бошед. Хусусан волидон бо рафтори хуби худ фарзандонро тарбияи нек медиҳанд. Пули зиёд сарф карданатон маънӣ надорад, хусусан бонувон бояд ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан хароҷотро кам кунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз дар ҷойи коратон шуморо дашном медиҳанд, аммо ба ин чашм напӯшед. Роҳбарият бояд саъйю кӯшиши шуморо ба назар бигиранд. Шумо низ бори дигар нуқтаи назари худро ба самти дуруст равона кунед, пушаймон нахоҳед шуд. Ба ёд оред, ки киро хафа карда будед. Аз ӯ узр пурсед, сабук мешавед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шумо ҳақ надоред, ки истироҳат кунед, зеро хавфи аз даст додани тиҷорат вуҷуд дорад. Фаромӯш накунед, ки танга ду тараф дорад. Яъне, ҳар корро аз ду паҳлӯ дида баромадан даркор аст. Дар интихоби дӯст хеле боэҳтиёт бошед, то ки дар ҳама ҳолат ба онҳо бовар карда тавонед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз худатон танҳо ба муқобили кулли душманонатон ҷангида наметавонед. Ин барои шумо каме душвор аст. Ба худтаърифкунӣ сар накунед, ин ба фоидаи кор нест. Ба эҳсосот дода нашавед. Ҳангоми интихоби либос рангҳоеро интихоб намоед, ки хеле равшану таскинбахш бошанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз гуфтушунидҳо хуб мегузаранд ва натиҷаи дилхоҳатонро ба осонӣ ба даст меоред. Бо дӯстони пешинаатон вохӯрда, сари як пиёла чой суҳбат мекунед ва аз онҳо маслиҳатҳои муфид мегиред. Мувозиби ҳар калимае бошед, ки аз даҳонатон мебарояд. Ба ҳар яки онҳо шумо ҷавобгар ҳастед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Кӯшиш намоед, ки бештар дар байни ҷамъият бошед ва бо дигарон ҳамкориро фаъолона ба роҳ монед. Бо наздикони худ ҷанҷолу хархаша накунед. Фаромӯш насозед, ки дар ин шабу рӯз ягон инсони бе камбудӣ нест. Оромиро ихтиёр кунед ва асабатонро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз шуморо гуфтушунидҳои ҷолиб интизоранд ва эҳтимол, натиҷаи хуб низ ба даст оварда метавонед. Наздикони худро хушбахт кунед, то ҳадде, ки хонаатон аз садои хандаи тифлонатон пур шавад. Агар шамол хӯрда бошед, ҳатман рӯзро дар хона гузаронида, бештар оби ҷӯшида истеъмол кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои бастани шартнома ва ба даст овардани натиҷаи хуб рӯзи бобарор аст. Бо дӯстони пешина тамос нагиред ва вохӯриҳоро низ ба таъхир гузоред. Ба гузаштаи худ нигоҳ накунед. Ба оянда бингаред ва ба пеш ҳаракат кунед, то ба мақсади ниҳоӣ бирасед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз аз наздикони худ дур бошед, зеро онҳо бо муноқишаҳояшон шуморо асабӣ мекунанд. Таҳаммулпазир бошед. Барои барқарор кардани баъзе муносибатҳо айёми мувофиқ аст. Барои ҳалли баъзе мушкилиҳоятон фурсат пайдо карда наметавонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ҳама ҳолат фикру ақидаи дигаронро ҳам гӯш кунед ва баъзеи онҳоро ба назар бигиред. Аз нӯшидани қаҳва худдорӣ кунед ва зиёдтар об нӯшед. Баъзе дӯстон аз бовариатон мебароянд. Ин сабаб мешавад, ки дар оянда эҳтиёткор бошед.