arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
1821

Ҳамал

Дар ин рӯз аз санҷиши ҷиддӣ гузаштанатон лозим меояд. Ҳамалҳои оиладор ба нобоварии шахси барояшон наздик гирифтор мешаванд. Дар ин рӯз ҳушёриро пеша намоед, як ғалати ночиз ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасонад. Нисбати яке аз наздиконатон, ки ба наздикӣ моҷаро карда будед, фикри бад накунед.

 

Савр

Фаромӯш насозед, ки зиндагӣ пастиву баландии зиёд дорад. Бо вуҷуди гурехтани гапатон бо ҳамсафари ҳаётӣ кӯшиши оштӣ шуданро кунед. Тамоми корҳои муҳиму фавриро то нимрӯзӣ ба анҷом расонед, вагарна имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед.

Ҷавзо

Имрӯз бо кори зиёд худро хаста насозед. Аввалаш ин ки аз уҳдаи тамоми корҳо баромада наметавонед. Дуюм, саломатиятонро аз даст медиҳед. Масъалаи хариду фурӯши хонаву мошинро ҳарчӣ зудтар ба анҷом расониданатон беҳтар аст. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.

Саратон

Дар ин рӯз ҳатто лаҳзае барои истироҳат пайдо карда наметавонед. Баробари каме нотоб шудан дарҳол ба табиб муроҷиат намоед, вагарна беморӣ давомнок мегардад. Аз доираи нафарони ғайбатчиву иғвогар худро канор гиред.

Асад

Дар ин рӯз фориғболӣ накарда андаке чолок бошед, хусусан дар корҳои тиҷоратӣ ва кори савдо. Ба ҳар нафаре, ки лофи кордонӣ мезанад, бовар накунед. Дар ҷамъомадҳои серодам ширкат варзидан тавсия дода намешавад. Беҳтараш вақти худро ба наздиконатон бахшед.

Сунбула

Дӯсти наздикатон ба шумо кори сердаромадро пешниҳод мекунад. Аз шумо сабру тоқат ва қувваи зиёд талаб мешавад, вале воҳима накунед. Дар ҳаёти шахсиятон нофаҳмиҳои зиёд пеш меоянд, вале бо оқилагӣ роҳи ҳалро меёбед, ба шарте ки ман-манӣ накунед.

Мизон

Хуб мебуд, ки ин рӯзро барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ва масунияти бадан бубахшед. Вазъи бади ҳаво низ боиси шамолкашиву гирифтори вирусҳо шуданатон мегардад. Бо вуҷуди серкориву ташвиши зиёд барои хӯроки нисфирӯзӣ ва истироҳат вақт ҷудо кунеду бо касе муноқиша накунед.

Ақраб

Имрӯз мушкили ҷиддии молиявӣ дар назар нест, вале байни шумову шахси дӯстдоштаатон муноқиша имкон дорад. Сабаб дар озодиву мустақилият ҷустани шумо аст. Якҷоя бо ҳамсафари ҳаётӣ ба сафар баромада, меҳру муҳаббататон қавитар мегардад.

Қавс

Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст. Агар аз субҳи содиқ худро бад ҳис намоед, беҳтараш дар хона табобат кунед. Нафаре ки дӯстияшро пешниҳод менамояд, чанд моҳ боз кӯшиши ба дилатон роҳ ёфтанро дорад.

Ҷаддӣ

Ин рӯзро беҳтараш дар танҳоӣ паси сар намоед. Бо корҳои хона машғул шудану фикрҳоятонро ба тартиб овардан ба фоидаи кор аст. Ҳар хабареро, ки мешунавед, дуруст буданашро аниқ намоед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Далв

Далвҳо нафареро пайдо месозанд, ки барояшон аз дӯст ҳам наздиктар мегардад. Вазъи молиявиатонро беҳтар месозед. Нафароне, ки дар орзуи кушодани кори худ ҳастанд, заррае фикр накарда, аз пайи кор шавед. Дар ин рӯз орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд.

Ҳут

Ҳар қадаре дар миёни одамон зиёд бошед, ҳамон андоза бештар ҳамкорони арзандаи тиҷоратиро пайдо мекунед. Аз ҳад зиёд ба ҳар кор диққат додану асабӣ шуданатон боиси харобии асабҳо ва бемор шуданатон мегардад. Он ҳутҳое, ки корашон бо шабакаи интернет алоқамандӣ дорад, комёб мегарданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД