goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2026
828

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Аз баҳсҳои ночиз худдорӣ кунед, зеро онҳо метавонанд муносибатро сард созанд. Барои вохӯрӣ бо дӯстону наздикон рӯзи хуб аст. Дар кор нерӯ ва ғайрати зиёд доред, аз ин рӯ метавонед корҳои навро оғоз кунед. Аз харидҳои гарону нолозим худдорӣ намоед. Агар парҳез дошта бошед, имрӯз метавонед каме озодтар ғизо бихӯред.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз ба гузаштаи худ назар мекунед ва аз иштибоҳҳои пешина дарси хуб мегиред. Агар танҳо бошед, ба муҳаббат бо нигоҳи дигар менигаред. Дар муносибат якдигарро эҳтиром кунед ва барои рушду пешрафти ҳамдигар монеа нашавед. Дар ҷои кор бо роҳбар баҳс накунед. Аз қаллобон ва муомилаҳои шубҳаноки молиявӣ эҳтиёт шавед. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед ва эҳтиёткор бошед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз қувваи худро дуруст тақсим кунед, то корҳои оғозкардаатонро ба анҷом расонед. Имкони беҳтар кардани муносибатҳои ошиқона вуҷуд дорад. Бегоҳ бо дӯстони дерина вохӯрданатон мумкин аст. Дар кор танҳо ба лоиҳаҳои эҷодӣ машғул шавед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Агар худро нотоб ҳис кунед, табобатро ба таъхир нагузоред ва бештар истироҳат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки дар оянда барои шумо муҳим мегардад. Нақшаҳои худро ба ҳар кас нагӯед, зеро маслиҳати нодуруст метавонад зарар расонад. Шомро бо аҳли оила гузаронед ва дар бораи масъалаҳои муҳим суҳбат кунед. Дар кор барои омӯзиш ва такмили малака вақт ҷудо кунед. Ҳангоми роҳ гаштан ва кор эҳтиёткор бошед, зеро хатари осеб дидан вуҷуд дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз бо шахси дӯстдошта баҳс накунед, ҳатто агар ҳақ ҳам бошед. Суханони нодуруст метавонанд баъдтар боиси пушаймонӣ шаванд. Агар имкон бошад, бештар истироҳат кунед ва танҳо корҳои сабуки хонаро анҷом диҳед. Ба масъалаҳои молиявӣ диққат диҳед ва нақшаи хароҷотро тартиб диҳед. Барои варзиш ва ғизои солим рӯзи хуб аст. Аз пурхӯрӣ худдорӣ кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз имкониятҳо васеъ мешаванд, вале на ҳама орзуҳо амалӣ мегарданд. Шиносоии нав метавонад танҳо ба дӯстӣ ё муносибати кӯтоҳи ошиқона табдил ёбад. Барои тозагӣ ва тартиби хона вақт ҷудо кунед, зеро ин ба шумо оромӣ мебахшад. Дар ҷои кор корҳои душворро ба вақти дигар гузоред. Агар нияти оғоз кардани тиҷорат дошта бошед, имрӯз барои банақшагирӣ рӯзи муносиб аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳтимол дорад шахсе пинҳонӣ ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Кӯшиш кунед аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед ва аввал хоҳишҳои худро дуруст дарк намоед. Агар дар ҷои кор бо ҳамкорон мушкил дошта бошед, сабаби онро аз худ ҷустуҷӯ кунед. Соҳибкорон бояд ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароранд. Саломатӣ хуб мешавад ва барои сайругашт ё машқи ҷисмонӣ рӯзи муносиб аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳсосотро идора кунед ва аз сабаби ранҷиши зуд бо дигарон муносибатро вайрон насозед. Рӯз барои нақшакашӣ, мустаҳкам кардани дӯстӣ ва кумак ба аҳли хона мувофиқ аст. Шиносоии нав метавонад имкониятҳои хуби кориро пеш орад. Аз харидҳои калон худдорӣ кунед. Ба ғизои солим аҳамият диҳед ва аз хӯрокҳои зудтайёр камтар истифода баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои худ бо шахси дӯстдошта бештар аҳамият диҳед. Барои таъмири хона ё нав кардани муҳити зиндагӣ рӯзи хуб аст. Дар кор эҳтимоли санҷиш ё тафтиш вуҷуд дорад, бинобар ин ҳуҷҷатҳоро омода нигоҳ доред. Масъалаҳои вобаста ба пул ё амволро имрӯз ҳал накунед. Барои рафъи хастагӣ беҳтараш бо наздикон дар ҳавои тоза сайр кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бахту барор дар масъалаҳои ошиқона бо шумост. Агар ҳоло танҳо бошед, ба намуди зоҳирӣ ва сару либоси бештар аҳамият диҳед. Дар оила фазои орому дӯстона ҳукмфармо мешавад. Дар ҷои кор худро аз баҳсҳои ҳамкорон дур нигоҳ доред. Барои пардохти қарзҳо ва анҷоми корҳои мавқуфгузошта вақти муносиб аст. Барои саломатӣ бештар истироҳат кунед ва дар ҳавои тоза бошед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар ҳоло танҳо бошед, эҳтимоли оғоз шудани муносибати нав вуҷуд дорад. Аммо барои ошиқӣ шитоб накунед. Имрӯз барои тартиб додани нақшаҳои оянда рӯзи хуб аст. Дар касбу кор пешниҳодҳои ҷолиб пайдо мешаванд, вале ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳои молиявӣ бодиққат бошед. Вазъи молиявӣ метавонад каме душвор шавад. Ба суханони ҳар кас бовар накунед ва рӯҳияи хуби худро нигоҳ доред.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ пайдо шуда метавонад, вале муҳаббати ҳақиқӣ ҳамаи мушкилҳоро паси сар мекунад. Корҳои ҷамъшуда диққати шуморо талаб мекунанд. Бо аҳли оила оромона рафтор кунед, то баҳс сар назанад. Дар кор имкони пайдо кардани мизоҷон ё шарикони нав ҳаст. Барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ амал карданро оғоз кунед. Саломатӣ хуб буда, сабаби нигаронӣ вуҷуд надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД