Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 10-марти 2020, сешанбе
3720

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои беҳтар сохтани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Албатта ин кори чандон осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Ягона роҳи аз мушкилоти молиявӣ эмин мондан, сарфакорона истифода бурдани маблағ аст. Мардҳо аз мушкилиҳои баногаҳ пайдошудаи рӯзгор ба хубӣ мебароянд. Бо сабаби паст шудани масунияти бадан эҳтимоли шамол хурдану гирифтори зуком шуданатон зиёд аст.

Савр (21 апрел-22 май)
Корҳоеро, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед, ба охир расонед. Дар ин рӯз маблағи хуб ба даст меоред ё кӯмаку дастгирии шахси сарватманде имкон дорад. Дар бораи муваффақиятҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна бадхоҳон бо гапу калочаи худ асабатонро хароб месозанд. Имкони бо дӯстдоштаатон ногап шуданатон вуҷуд дорад. Ба саломатии гурдаҳо диққати бештар диҳед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Саломатии худро фаромӯш насозед, ташвишу кори зиёд бар зараратон буда, боиси бемор гаштанатон мегардад. Беҳтараш як қисми уҳдадориҳои худро ба дӯши атрофиёнатон бор кунед. Дар ин рӯз вохӯриҳои кориву ошиқонаро ба таъхир гузоред. Баъди нисфирӯзӣ маблағи деринтизорро ба даст меоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Др ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба бегонагон фош насозед, сергапӣ бар зарари худатон мегардад. Аз имкон дур нест, ки нақшаҳоятонро ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва мушкилоти молиявӣ барбод медиҳанд. Айни замон бояд ғами худро хӯрда, ба саломатӣ бодиққат бошед. Бо нафаре шинос мешавед, ки шуморо дарк карда метавонад.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим бодиққат бошед, то ки ба ғалат роҳ надиҳед. Аз нӯшидани машрубот ва мулоқоти ошиқона бо нафаре, ки хуб намешиносед, худорӣ намоед. Мардҳо мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошударо ба зудӣ рафъ месозанд. Агар нишонаҳои шамолкаширо эҳсос намоед, зуд аз пайи табобат ва истеъмоли витаминҳо шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Бо сабабҳои бароятон номаълум имкони маблағи хуб кор карданро аз даст медиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаи хуш рух медиҳад. Эҳтимол мушкилиҳои баногаҳ пайдошудаи ошиқонаро бобарор ҳал мекунед. Туҳфаи ногаҳонӣ мегиред ё хабари хуш мешунавед. Барои тоза кардани организм аз ифолосиҳо парҳезро риоя кунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Масъалаҳои пулиятон бобарор анҷом меёбанд. Аз кору шуғли дӯстдоштаи худ, аз робита бо кӯдакон қаноатманд мегардед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо рӯзи хуб аст. Хобҳоятон дар ин рӯз амалӣ мешаванд. Агар аз дӯстдоштаи худ ранҷида бошед, инро ошкоро гап занед, дар дил кина гирифтану хафагӣ кардан фоида надорад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи душвор аст. Нуқтаи назари худро дар ҳама кор пайгирӣ намоед, вагарна дар зиндагӣ сахт пушаймон мешавед. Мушкилиҳои куҳнае, ки бо хонаву сохтмон алоқамандӣ доранд, аз нав пеш меоянд. Хароҷоти ғайринақшавӣ имкон дорад. Муносибатҳоятон бо роҳбарият вайрон шуда, танҳо аз шумо вобастагӣ дорад, ки минбаъд кор мекунед ё не. Ба саломатии нафарае, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Бо вуҷуди нақшаву ниятҳои зиёд, бо сабаби бепулӣ кореро ба сомон расониданатон ба гумон аст. Вазъи саломатиятон хуб гашта, худро бардаму бақувват ҳис мекунед. Нафареро вомехӯред, ки бо як нигоҳ тири ишқаш ба қалбатон зада, орому қарор аз даст медиҳед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, бештар ба садои қалби худ гӯш андозед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Бо кору ташвиши зиёд худро хаста нагардонед, вагарна ба саломатиятон зарари ҷиддӣ мерасад. Ҳама чизро ба дилатон наздик қабул накунед. Аз ҳад зиёд ман-манӣ накунед, вагарна нохушиҳои зиёде ба саратон меояд. Ҷаддиҳои эҷодкор бо сабабҳои барояшон номаълум имкони пули хуб ба даст оварданро аз даст медиҳанд. Булҳавас нашавед, вагарна муҳаббати асилро аз даст медиҳед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Аз имкониятҳои нав истифода бурда тавонистан аз худатон вобастагӣ дорад. Маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, чолоктар буданатон лозим меояд. Аз ҷониби шарикони корӣ фиреб хӯрдану ба муноқишаи наздикону фарзандон гирифтор шудан ва инчунин бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл кашида, зарараш бештар мегардад. Худро эҳтиёт кунед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)
Вазъи молиявии аксари ҳутҳо бо сабаби муваққатан бекор монданашон номусоид мегардад. Руҳафтода нашавед, ин ҳолати мувақаттӣ аст. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо ва тоза кардани ҷисм аз таҳшину ифлосиҳо рӯзи хуб аст. Инчунин табобати пешобдон бобарор анҷом меёбад. Сабаби ранҷиши дӯстдоштаатонро муайян сохта, минбаъд ба чунин ғалат роҳ надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД