Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 10 ИЮЛИ 2020, ҶУМЪА
2889

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар вазъиятҳои мушкил зиракӣ зоҳир намуда, ҳам бурд мекунеду ҳам аз муноқиша раҳоӣ меёбед. Корҳоятон ба таъхир афтода, комёбӣ аз дастатон меравад. Ба чизҳои майда-чӯйда бодиққат бошед, нисбати гувоҳии дил бетафовут набошед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Ба нуктаи назари дигарон бовар накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ аз дилёбӣ ва аз кӯмаки шиносҳоятон истифода бурда тавонистанатон вобастагӣ дорад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна кор бо муноқиша ва бад шудани саломатиятон анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ ба хабари шунидаатон шубҳа накунед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи серташвиш аст, аз бастани шартномаву қарорҳои муҳим худдорӣ намоед. Нафарони бегона ба зиндагиятон дахолат мекунанд. Дар корҳоятон иштибоҳ ва бо наздикон муноқиша имкон дорад. Ба садои қалб гӯш андозед, ба маслиҳати нафаре гӯш надода, бурд мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз қобилияти корӣ ва фаъолнокиятон боиси зиёд гаштани даромадҳоятон мегардад. Бо шарофати ба ҳодисаҳои фавқуллода ба зудӣ мутобиқ гаштанатон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Кордониву корчаллониятон барои беҳтар гаштани муносибат бо атрофиён ва ҳамкорону роҳбарият мегардад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз дар гуфтор боэҳтиёт бошед. Бештар ба суханони дигарон гӯш андохта, аз хабарҳои зиёде огаҳ мегардед. Кӯшиши бедор сохтани рашки дӯстдоштаатонро накунед. Касеро фиреб ҳам надиҳед, вагарна рӯзҳои наздик бо ҳолати ногувор гирифтор мегардед. Ба нуқтаи назари нафаре такя накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Корҳои ҳалталаб вақту қувваи зиёдатонро фаро мегиранд, вале фикру андешаҳоятон дар ҷои дигар сайр мекунанд. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Имкони нишон додану ҳунару истеъдоди худро пайдо мекунед. Ба садои қалби худ гӯш андохта бурд мекунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи серташвиш аст. Таваккал кардану харидани чизҳои қиматбаҳоро тавсия намедиҳем. Истироҳат дар ҳалқаи наздикон табъатонро болида мегардонад. Аз мулоҳизакорӣ ва дурандешии шумо вазъи молиявӣ ва муносибат бо шахси дӯстдоштаатон вобастагӣ дорад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Ба ҳама гапу коре, ки дар ин рӯз рух медиҳад, бодиққат бошеду то рафъ гаштани шубҳаву гумон онро омӯзед. Исроркориву ҳақиқатнигориятон ба атрофиён писанд намеояд ва эҳтимоли рух додани муноқишаҳои хурд имкон дорад. Барои ободонии хонаву дар рӯзи мусоид аст.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз бо кори зиёд машғул шуда, ба кори рагҳои хунгарди дил бодиққат бошед. Ғуруру такаббур боиси нобарориҳо ё баръакс комёбии зиёд гашта метавонад. Вазъиятро назорат намуда, ташаббусро аз даст надиҳед, имрӯз ба натиҷаҳое ноил мегардед, ки қаблан танҳо дар орзуяш будед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи душвор аст. Нақшаҳои кашида ва фаъолнокӣ натиҷаҳои назаррас намеоранд. Ба маслиҳати дӯстону рекламаҳои беруна чандон таваҷҷуҳ накунед. Имрӯз зудбовариятон боиси холӣ шудани киса ва душвор гаштани вазъи молиявиатон мегардад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз нисбати кор саҳлангорӣ карда, дар ҳама кор дилсардӣ зоҳир мекунед. Чунин ҳолати руҳӣ ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Барои баромадан аз ин ҳолати душвор наздикон кӯмак расонида, истироҳат дар гӯшаи табиат фикрҳои мағшушро аз саратон дур месозад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Имрӯз қурбони бесаранҷомӣ ва беқарории худ мегардед. Нақшаву ниятҳои зиёд чунон саргарангатон месозанд, ки тамоми қувваи ҷисмонӣ ва маънавии худро барои якбора амалӣ намудани мушкилиҳо равона месозед. Бо атрофиён самимӣ ва поквиҷдон бошед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД