Helvetas - Hukuki Man
Толеъномаи 10 апрели 2020, ҷумъа
1782

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор ва ҳатто хатарнок аст. Худро аз наздикон ва хусусан шахси дӯстдоштаатон як сару гардан боло нагиред, вагарна байнатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба эҳсосот дода нашавед, аз садо баланд кардан худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ташаббус нишон доданро тавсия намедиҳем. Ба саломатии дандонҳо диққати хоса диҳед.

Савр (21 апрел-22 май)
Дар вазъи молиявиатон беҳбудӣ дида мешавад. Барои рафъ кардани мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан оқибати онро андеша намоед. Рӯзҳои наздик болоравӣ дар вазифа ё мукофотпулӣ имкон дорад. Аз хариди ғайринақшавӣ ва чизҳои қиматбаҳо худдорӣ намоед. Барои мулоки ошиқона рӯзи созгор аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Барои ҷавзоҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи мусоид аст. Хариди бобарор ё манфиатбахш имкон дорад. Дар ин рӯз мусиқии таскинбахш, маҳс ё сайругашт дар ҳавои тоза боиси оромии асабҳоятон мегардад. Вазъи саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад. Бо дӯстдоштаи худ баҳс накунед, вагарна кор бо муноқиша анҷом меёбад.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз макру фиреби зиёд имкон дорад, хусусан ҳангоми робита бо атрофиён нофаҳмӣ рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед: хӯрдагириву айбҷӯиятон боиси муноқишаву ранҷиши наздиконатон мегардад. Барои он ки рӯзро бе моҷаро паси сар намоед, аз ҳама гуна танқид худдорӣ намоед.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, бо наздикони худ моҷаро накунед. Вазъи бад давоми чанд рӯз зиёд шуда, боиси асабоният ва оташиниятон мегардад. Ба касе имкон надиҳед, ки ба муносибатҳои ошиқонаи шумо дахолат намоянд. Бо каси дигар ишқбозӣ карда рашки ёратонро наоред. Эҳтимоли баланд шудани фишори хунатон дар назар аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабоният ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст. Инчунин аз қарз гирифтани пул худдорӣ намоед. Аз дӯстони дерин кӯмак пурсед. Дар ин рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи душвор аст. Дар корҳое, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Мутаассифона, шумораи чунин корҳо зиёд мешавад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёдеро ба бор меорад. Барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон бояд меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир намоед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз якраву зудранҷ гашта ба эҳсосот дода мешаведу сабабгори муноқишаҳо мегардед. Беҳтар мебуд, ки нуқтаи назари худро иброз накунед, рафту аз уҳдаи ин кор набароед, ҳатман барои бахшиш пурсидан омода бошед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира мегардаду изтироб ба дилатон роҳ меёбад. Дӯстдоштаатон ба маслиҳати шумо ниёз дорад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан ба маслиҳати дӯстону ҳамкорон гӯш андозед. Таваккал накунед, оқибати корро андеша намоед. Дар масъалаҳои молиявиатон тағйиротҳои судманд имкон доранд. Дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед, дар ин рӯзҳо ба дастгирии ӯ ниёз пайдо мекунед. Аз истеъмоли хӯрокҳое, ки ба саломатиятон зарар мерасонанд худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Рӯзи душвор аст. Ҳангоми рафъ намудани монеаҳои дар ҷойи кор ва хона рухдода асабатон хароб мегардад. Барои шунидани хабари ногаҳонӣ омода бошеду худро ба даст гиред. Агар имкон дошта бошед, рӯзро дар муҳити орому беодам гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Муноқишаи баногаҳ сарзада ба фоидаи шумо ҳал мегардад, вале фориғбол нашавед, ногувориҳои нав пайдо мешаванд. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Хоби дар ин шаб дидаатон амалӣ мегардад. Саломатии шумо аз меҳрубониву дастгирии наздиконатон вобастагӣ дорад. Хусусан меҳрубониву навозиши шахсе, ки дӯсташ медоред, шуморо нерӯи тоза мебахшад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз сарфи ғайринақшавии маблағ имкон дорад. Баъзе атрофиёнатон раҳми шуморо оварданӣ шуда, ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд. Ба фитнаву иғво дода нашавед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш надиҳад ҳам, эҳтиёт шуданатон ҳатмист. Бадгумонӣ боиси вайрон шудани муносибатҳои ошиқонаатон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мавлуда 2020-04-10, 09:03
Ман мехохам хафтаи ояндаро фаҳмам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мавлуда 2020-04-10, 09:03
Ман мехохам хафтаи ояндаро фаҳмам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД