formula
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3807

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳама корро бе саросемагӣ ва бо сифати баланд иҷро намоед. Агар нисбати ҳамкорон ё роҳбарият даъво дошта бошед, беҳтараш дар ин бора лаб накушоед. Нисбати дӯстдоштаатон меҳру муҳаббататон дучанд гашта, барояш аз осмон ситора овардан мехоҳед. Аз ишқбозиҳои муввақатӣ худдорӣ намоед.    

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо мушкилоти молиявӣ машғул шудану қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Бо амалиётҳои пешгирикунандаи бемориҳо машғул шавед. Аз истеъмол намудани хӯрокҳои равғанин, шӯр ва серғизо худдорӣ намоед, вагарна бар замми фарбеҳ шудан, боз гирифтори бемориҳои меъдаву рӯда низ мегардед.    

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо чизе, ки бароятон арзиши гарон дорад, таваккал накунед. То даме ки вазъиятро хуб санҷида набинед, ба касе кӯмаки худро пешниҳод накунед. Рӯзи хубест барои ташхиси бемориҳо ва рафтан ба қабули духтур. Беҳуда хавотир нашавед, саломатиятон чандон бад нест. Бегоҳирӯзиро бо наздикони худ гузаронед.    

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз гирифтори монеаҳои зиёд мегардед. Бо сабабҳои ночиз муноқиша сар зада, сари калобаатонро гум мекунед. Аз дӯстону ҳамкорони худ шарм накарда, кӯмак пурсед. Аз шиносшавӣ бо нафарони ҷинси муқобил худдорӣ намоед. Барои наздикон туҳфа хариданатон хуб аст, вале сарфакориро риоя намоед.    

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз ҳамагуна баҳсу мунозира худдорӣ намоед. На танҳо тарки камбудиҳои худ, балки аз одатҳои бад даст кашиданатон лозим меояд. Сигору носкашӣ ё майхорагӣ на танҳо ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад, балки муносибататонро бо атрофиён бад месозад. Фаромӯш насозед, ки ҳама чиз меъёр дорад.   

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои шиносшавӣ, дидорбинӣ бо дӯстони дерина ва робита бо ҳамкорону ҳамкасбон. Бештар истироҳат намоеду мушкилоти зиёдатиро ба дӯши худ бор накунед. Ғами саломатии худро хӯред, бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Барои изҳори муҳаббат кардан рӯзи мусоид аст.    

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз ҳад зиёд якраву камгап мешавед. Ин ҳолати шумо ба баъзеҳо хуш намеояд. Дӯсти воломақоматон дасти кӯмак дароз мекунад, хусусан, дар масъалаҳои молиявӣ. Мизонҳое, ки бо тиҷорати шахсӣ машғуланд, дар корҳои минбаъдаашон пешравӣ ва муваффақият дида мешавад.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз зуд ва бе таъхир амал карданатон лозим аст. Як лаҳза сустӣ карда, кори сердаромадро аз даст медиҳед. Нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, сухани сахту дағал нагӯед, вагарна ӯро сахт меранҷонед. Аз доираи нафарони тасодуфӣ дурӣ ҷӯед. Ақрабҳое, ки аз фишорбаландӣ азоб мекашанд, бояд эҳтиёт кунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз агар имкон дошта бошед, ба нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, ёрӣ расонед, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. Нафарони бадкирдор аз меҳрубонии шумо истифода бурдан мехоҳанд. Барои ба бемории зуком гирифтор нашудан, саломатии худро эҳтиёт кунед, зеро “пешгирӣ аз табобат беҳтар аст” гуфтаанд.    

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар касбу кор бо сабру таҳаммул ва бодиққат бошед. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед ва ба амалҳое, ки боиси малоли хотири атрофиён мегардад, даст назанед. Эҳтимоли рух додани мушкилӣ бо асбобҳои техникӣ вуҷуд дорад. Диққати бештари худро ба шахсони дӯстдоштаи худ равона созед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз дар касбу коратон мушкилиҳои ногаҳонӣ пайдо мешаванд. Бо корҳое машғул шавед, ки аз шумо кӯшиши зиёдро талаб накунанд. Сабру таҳаммулро пеша намуданатон лозим аст. Касеро мавриди танқид қарор надиҳед. Меҳрубониву дастгирии шахси дӯстдоштаатон шуморо болу пар мебахшад.    

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ доданатон хуб нест, зеро бар зарари худатон амал мекунед. Агар аз уҳдадориҳои худ розӣ набошед, инро ба ҳамкорон ва роҳбарият нишон надиҳед. Дар ҳаёти оилавиятон оромиву осоиштагӣ ҳукмфармо аст. Барои хариди калон рӯзи мусоид аст, аммо аз хариди чизҳои нолозим худдорӣ намоед.    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД