Ҳамал
Дар ин рӯз кори зиёдеро ба анҷом додану сари қарорҳои муҳим омаданатон лозим аст. Корҳои имрӯза аз шумо қувваи зиёдеро талаб намекунанд. Баъди расидан ба қуллаи муваффақият аз пайи корҳои дигар шавед. Дар моҷарову нофаҳмиҳо ширкат варзиданро тавсия намедиҳем.
Савр
Нисбати мушкиливу хоҳиши наздикон бодиққат бошед. Ба нафароне, ки ба шумо маблағи зиёду пешравиҳоро ваъда мекунанд, дарҳол бовар накунед. Агар дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ягон нофаҳмӣ рух диҳад, саросема хулосабарорӣ накунед.
Ҷавзо
Ҳар нақшаву нияте, ки доред, боҷуръат аз паяш шавед. Шахси дӯстдоштаатон шуморо дастгирӣ мекунад. Бо дӯстони дерин вохӯрда, болидаруҳ мегардед. Дар касбу коратон ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Эҳтимоли бо шахси дағал рӯ ба рӯ шуданатон вуҷуд дорад.
Саратон
Дар ин рӯз дӯстону шиносон сабабгори рашки дӯстдоштаатон мегарданд, аз ин рӯ, бо нафаре чақ-чақу ширинсуханӣ накунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъи саломатиятон каме нохуб мегардад. Аз нӯшидани оби хунук ва хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед.
Асад
Нисбати наздикони худ сабукфикрӣ накунед. Худатон нафаҳмида нафареро сахт меранҷонед. Дар касбу кор яку якбора аз пайи чанд кор нашавед. Кӯшиш намоед, ки ба касе пул қарз надиҳеду худатон низ қарз нагиред. Қабули меҳмон табъатонро болида мегардонад.
Сунбула
Дар ин рӯз ҳама гуна имкониятҳои истироҳаткуниро истифода баред. Хароҷоти худро ба нақша гирифта, пулро беҳуда сарф накунед. Рӯзи хубест барои ба тартиб овардани хонаву дар, таъмир ва ободонии хонаву дар. Ҷашну хурсандиҳои дар ин рӯз баргузоргашта то дергоҳ дар хотиратон нақш мебандад.
Мизон
Дар ин рӯз эҳтимоли бад шудани вазъи саломаьтиятон вуҷуд дорад. дарди сар, хастагӣ ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Беҳтараш барои беҳтар шудани саломатӣ аз пайи пешгирӣ намудани бемориҳо гардед. Бемории дар ин рӯз сарзада тӯл мекашад. Эҳтимоли бо шахси наздикатон моҷаро кардан вуҷуд дорад.
Ақраб
Ҳар қадаре дар ин рӯз ташаббусро кам нишон диҳед, ҳамон андоза бурд мекунед. Ҳангоми робита бо атрофиён ба дағалӣ роҳ доданатон имкон дорад. Бо вуҷуди пок будани нақшаву ниятҳо натиҷааш шуморо шод намесозад. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан, нағзакак андеша ронед.
Қавс
Барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Вақту қувваи сарф кардаатон барҳадар намеравад. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат нисбати шахси дӯстдоштаатон худхоҳӣ зоҳир накунед. Аз шӯхиҳои ноҷову гуфтори беандеша худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ
Мушкиливу ташвишҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, ба зудӣ ба сомон расонида наметавонед. Аз муноқиша бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Беҳтараш хомӯширо пеша намуда, бо баҳсу мунозира табъи худрову атрофиёнро озурда насозед. Саломатии нафароне, ки бештар дар ҳавои тоза сайругашт мекунанд, ташвиш намедиҳад.
Далв
Рӯзи душвор аст. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд. Вазъият ба хости дили шумо намегардад. Эҳтимоли гум кардани пул, бемор шудан, ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад, вазъият ба хости дили шумо мегардад.
Ҳут
Дар ин рӯз мушкили дигаронро аз мушкили худ болотар гузоштанатон лозим меояд. Аллбата ин ҳолат табъатонро хира мегардонад, вале ба хотири ояндаи нек шумо бояд чунин рафтор намоед. Вазъият ба зудӣ тағйир меёбад. Нисбати шахси дӯстдошта низ муҳаббати зиёд зоҳир карданатон лозим меояд.