Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳтимоли муваффақ шудан дар ҷодаи ишқу муҳаббат зиёд аст, вале кӯшиш кунед, ки андешаи худро болотар аз фикри дӯстдошта ё ҳамсаратон нагузоред. Аз расмият ва сахтгирӣ дар муносибат бо наздикон худдорӣ намоед, то боиси ранҷиши онҳо нашавад. Агар ҳатто баҳсе сар шавад, бо мулоимӣ метавонед ҷанҷолро пешгирӣ кунед. Дар ҷои кор шуморо қадр мекунанд, мукофот мегиред ва обрӯятон миёни ҳамкорон бештар мешавад. Аз қарз додан ва барои дӯстдоштаатон зиёд сарф кардан худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Барои нафарони муҷаррад вохӯриҳои ҷолибу хотирмони ошиқона имкон доранд. Аммо эҳтиёт кунед: эҳтимоли сар задани баҳсу ҷанҷол бо аҳли хонадон вуҷуд дорад. Имрӯз метавонад каме душвор бошад, вале шиносоии нав ба зиндагиятон ранги тоза мебахшад. Боварро ба худ аз даст надиҳед! Вақти борбардорӣ эҳтиёткор бошед, то ба миён ва сутунмуҳраатон осеб нарасад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз имкони вохӯрӣ бо шахси ҳамақида доред, ки метавонад дӯсти наздикатон шавад. Аз шиносоии нав наҳаросед! Агар асабонӣ шавед, ба касе дағалӣ накунед, каме машқ ё сайр кардан кумак мекунад. Дар ҳолатҳои душвор ором буданатон лозим аст. Агар мушкилоти ҷиддӣ дошта бошед, қарз гиред. Агар нороҳатӣ эҳсос кунед, ба духтур муроҷиат намоед, пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз метавонед либосу пойафзоли нав харед, дар пеш маъракаҳои муҳим аст. Хароҷоти калон накунед: пулро барои чизҳои хушҳолкунанда, сафар ё истироҳат захира кунед. Агар ҳис кунед, ки корҳоятон барор намегиранд, ноумед нашавед. Пеш аз имзо намудан дар ягон ҳуҷҷат аввал онро бодиққат хонед. Барои ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим ба табиб муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар бо ҳамсаратон муносибат сард шуда бошад, беҳтараш вақти худро ба кор бахшед. Барои корҳои хона ё эҷодӣ имрӯз рӯзи мусоид аст. Дар ҷои кор, ҳатто агар шуморо беасос маломат кунанд, баҳсу муноқиша накунед, ором бошед, обрӯятонро нигоҳ доред. Барои тиҷорат ё хариди калон имрӯз вақти хатарнок аст, худдорӣ кунед. Аз шаббедорӣ ва кори зиёдатӣ дурӣ ҷӯед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз муносибат бо наздикон диққати бештар мехоҳад. Кори имрӯзаро ба фардо нагузоред, вагарна асабонӣ ва дилсард мешавед. Барои соҳибкорон фоидаи хуб пешбинӣ мешавад, фикр кунед, ки даромади ёфтаатонро ба куҷо сармоягузорӣ кунед. Аз суханони дағал ва дурӯғгӯӣ худдорӣ намоед. Саломатии яке аз наздикон шуморо ба ташвиш меорад. Содадилӣ метавонанд боиси изтироб шавад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти деринтизор ба назар мерасад, аммо шитоб накунед, ба касе ҳатто ба дӯстони наздикатон хурсандиатонро нақл накунед, на ҳама аз дили пок хурсанд мешаванд. Дар касбу кор вазифаҳои ҷиддӣ пеш меоянд, ки шумо аз ӯҳдааш хуб мебароед, аммо фикри худро ба роҳбарон маҷбур бор накунед. Агар нияти харидани хона ё мошинро дошта бошед, аз одамони фиребгар эҳтиёт шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муҳаббат эҳсосоти сардӣ ё нофаҳмӣ рух диҳад ҳам, кӯшиш кунед ором бошед ва мунтазири фурсати беҳтар барои сӯҳбат шавед. Аз ҳад зиёд мағрур нашавед, зеро эҳтимол пулатонро беҳуда сарф кунед, ки боиси ранҷиши наздикон мегардад. Дар ҷои кор иштибоҳҳо ё нокомиҳо метавонанд шуморо нороҳат кунанд, аммо ин танҳо як рӯз аст, рӯҳафтода нашавед. Харидории чизҳои гарон, хусусан асбобҳои техникии навро ба таъхир гузоред. Ба варзиш диққат диҳед, ҳатто сайругашти шомгоҳӣ ҳам фоида дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар муҳаббат ҳама чиз орому зебо мегузарад, шарикатон шуморо бо меҳру таваҷҷӯҳ хурсанд мекунад. Агар лозим шавад, метавонед қарз ё ипотека гиред, онро осонтар пардохт мекунед. Аз одамоне, ки дигаронро идора мекунанду гап ёд медиҳанд, худро канор гиред, худатон ҳам ба дигарон маслиҳат доданро камтар кунед. Даромади ғайричашмдошт ё ҳатто туҳфа ё мерос имконпазир аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар бо дӯстдоштаатон муноқиша карда бошед, рафтори худро фикр кунед ва ором шавед. Дар хона ҳодисаҳои ногаҳоние сар мезананд, ки обрӯ ва нақши шуморо дар миёни наздикон баланд мебардоранд. Ҳама коре, ки мекунед, заҳмати зиёд талаб мешавад, аммо натиҷаи хуб медиҳад. Тӯҳфаи шахси дӯстдошта метавонад хастагиатонро кам кунад. Барои харидани хона ё мошин рӯзи муносиб нест, беҳтараш интизор шавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ҷодаи муҳаббат навигарӣ рух медиҳад: эҳтимол касе ба шумо изҳори муҳаббат мекунад ё оғози муносибати нав вуҷуд дорад. Барои муносибатҳои ошиқона фурсати хуб аст, шарикатон омодааст ҳама хоҳишатонро иҷро кунад. Дар касбу кор ҳам фаъол бошед, метавонед обрӯ ва вазъи молиявиро беҳтар созед. Варзишро фаромӯш накунед, ҳатто сайругашт ва машқи сабук ҳам ба шумо неру мебахшад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимоли оғоз намудани муносибати ошиқона вуҷуд дорад, ба дили худ бовар кунед, он хато намекунад. Дар хона ва ҷои кор муҳити хубтар мешавад, муносибат бо атрофиён беҳтар мегардад. Имрӯз барои шиносоӣ ва вохӯриҳои расмӣ низ хуб аст, мумкин аст муносибатҳои корӣ ба дӯстӣ табдил ёбад. Барои корҳои хона ва харидҳои муҳим рӯзи бад нест, ҳатто аз наздикон ёрии молиявӣ мегиред. Аз фикрҳои нохуб дурӣ ҷӯед, бештар нияти нек кунед.