goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2026
800

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои ҳал кардани мушкилоти кӯҳнаи муносибатҳои ошиқона вақти мувофиқ нест. Агар ҳоло вазъро тағйир доданӣ бошед, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Баръакс, дар муҳити оила оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад ва бо ҳамсару фарзандон забон ёфтан осон мегардад. Рӯҳияи шумо гоҳе ноустувор мешавад, аммо нагузоред ғамгинӣ ба зиндагиятон таъсир расонад. Дар масъалаҳои молӣ саховатманд бошед ва аз ғизои равғанин ё машрубот худдорӣ кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Гузашт накардан метавонад байни шумо ва шахси дӯстдошта баҳс ба вуҷуд орад. Агар бо мулоимӣ ва фаҳмиш рафтор кунед, муносибатҳо зуд беҳтар мешаванд. Дар кор бештар ба таҷриба ва ақлу мантиқ такя намуда, ташаббус нишон диҳед. Баъзе корҳо назар ба интизорӣ вақти бештар мегиранд, вале натиҷаашон хуб хоҳад буд. Нимаи дуюми рӯз барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ ва анҷом додани харидҳои муваффақ мусоид аст. Аз шамолхӯрӣ худро эҳтиёт кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз мумкин аст бо сабабҳои ночиз дар муносибатҳои шахсӣ нофаҳмӣ пайдо шавад, аммо ҳама чиз аз худи шумо вобаста аст. Бо сабру таҳаммул баҳсҳоро пешгирӣ карда метавонед. Эҳтимол дар хона мушкили техникие пеш ояд, ки бояд фавран ҳал шавад. Барои иҷрои корҳои муҳим рӯзи муносиб аст, вале қарорҳои саросемавӣ қабул накунед. Имкони зиёд шудани маош ё гирифтани даромади ғайричашмдошт вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар орзуи оиладор шудан дошта бошед, имрӯз фурсати хубест, ки дар ин бора бо шахси дӯстдоштаатон суҳбат кунед. Ба овозаҳо бовар накунед ва беасос рашк накунед. Банақшагирии дурусти вақт ва нерӯ ба шумо имкон медиҳад маблағи лозимаро барои амалӣ кардани орзуҳои дерина ҷамъ кунед. Хароҷоти ғайричашмдошт бо даромади нав ҷуброн мешавад. Ба эҳсоси ботинии худ диққат диҳед, он метавонад дар бораи вазъи саломатӣ ишора кунад.

Асад (23 июл-23 август)

Агар аз норӯшании муносибатҳои ошиқона хаста шуда бошед, вақти он расидааст, ки бо шахси дӯстдоштаатон самимона суҳбат кунед. Имрӯз бахт ба шумо имконияти хуб медиҳад, бинобар ин дар иҷрои корҳои муҳим таъхир накунед. Барои оғози нақшаҳои дарозмуддат ва ба тартиб овардани масъалаҳои молиявӣ рӯзи мусоид аст. Агар рӯҳияатон каме паст шавад, кӯшиш кунед бештар ба корҳои дӯстдошта ва фикрҳои мусбат машғул шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои баъзе намояндагони ин мучал давраи мушкилоти ишқӣ ба поён мерасад. Шумо метавонед муносибатро аз нав бо меҳру муҳаббати бештар оғоз кунед. Имрӯз барои обод кардани хона ва фароҳам овардани муҳити гарм дар оила вақти хуб аст. Дар касбу кор имкони пешрафт ё тағйири мақоми хизматӣ вуҷуд дорад. Агар баҳси молиявӣ пеш ояд, оромиро нигоҳ доред. Тарзи ғизоро дигар намудан, ба беҳтар шудани саломатӣ ва қомати шумо мусоидат мекунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар байни шумо ва шахси дӯстдошта нофаҳмӣ ба вуҷуд омада бошад, хавотир нашавед, он ба зудӣ бартараф мешавад. Имрӯз дар хароҷот эҳтиёткор бошед ва маблағро беҳуда сарф накунед. Барои ба натиҷаи хуб расидан шитоб накунед, балки ҳар корро бодиққат анҷом диҳед. Агар даромадатон барои ҳамаи ниёзҳо кофӣ набошад, дар бораи кори иловагӣ фикр кардан бамаврид аст. Аз хӯрокҳои вазнин худдорӣ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз рӯҳи эҷодкор ва орзупарвари шумо бедор мешавад. Аз баён кардани фикру ғояҳои нав натарсед ва ба сухани дигарон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед. Корҳои хонагиро хеле осон анҷом медиҳед. Барои тартиб додани нақшаҳои корӣ ва тақсими вазифаҳо рӯзи муносиб аст. Агар дар масъалаҳои молиявӣ бахтатон баланд набошад, дар муҳаббат хушбахт мешавед. Бегоҳ бо шахси дӯстдошта сайругашт кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар ҳоло танҳо бошед, барои пайдо кардани муҳаббат бояд худатон ташаббус нишон диҳед. Имрӯз бештар мехоҳед дар ҳалқаи наздикон бошед ва аз ғавғои зиндагӣ дурӣ ҷӯед. Дар кор масъулиятҳои зиёд доред ва барои пешрафт талош мекунед, аммо саломатӣ ва оиларо фаромӯш насозед. Барои оғоз кардани корҳои нав рӯзи хуб аст. Ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед, он шуморо ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар шахсе пайваста шуморо озор диҳад, беҳтараш чунин муносибатро идома надиҳед. Имрӯз баъзе корҳои нохуши хонагӣ диққати шуморо талаб мекунанд. Дар ҷои кор, агар эҳсос кунед аз уҳдаи ҳама вазифаҳо намебароед, аз ҳамкорон ёрӣ пурсед. Барои соҳибкорон сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои бузург метавонад дар оянда фоидаи хуб оварад. Барои оғози табобати ҷиддӣ ҳоло вақти мувофиқ нест.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз ҷаззобияти шумо бештар мегардад ва атрофиён ба шумо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Аз ин имконият оқилона истифода баред. Дар оила масъалаҳои молиявӣ ё қарзҳо метавонанд диққати шуморо талаб кунанд. Роҳбарият аз кори шумо розӣ мешавад, вале ин эҳтимол боиси ҳасади баъзе ҳамкорон гардад. Даромади калон ҳоло интизор нест, бинобар ин маблағи худро сарфакорона истифода баред. Ба овози ботинии худ гӯш диҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Шумо одат кардаед, ки шахси дӯстдошта ҳамеша хоҳишҳоятонро иҷро кунад, аммо вақти он расидааст, ки худ низ бештар ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нишон диҳед. Барои нигоҳ доштани оромии хонаводагӣ омодаи гузашт кардан бошед. Нерӯи ҷисмониатон каме коҳиш меёбад, аз ин рӯ вақти худро беҳуда сарф накунед. Вазъи молиявӣ хуб мешавад ва имкони даромади бештар пайдо мегардад. Агар аз саломатӣ нигарон бошед, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД