Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
01.08.2022
НОДИРА
3131

 

Ҳамал

Дар ин рӯз куҳро зада талқон кардан мехоҳед, вале аксари ҳодисаҳо хилофи хоҳишҳоятон сурат мегиранд. Хусусан ин ба нафароне дахл дорад, ки бо тиҷорат сару кор доранд. Дар давоми рӯз аз хешовандони раҳдуратон хабар мешунавед ё пешниҳоди нави корӣ мегиред.

 

Савр

Рӯзи хубест, дилатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Ягона чизе, ки табъатонро хира месозад, ин занги ногаҳонӣ аз дӯстатон аст. Агар шумо ба рухсатии меҳнатӣ баромада бошед, дар хона нишастанро маслиҳат намедиҳем. Ба оббозиву сайругашт равед. Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед, ба ғалатҳои ҷиддӣ роҳ доданатон имкон дорад.


Ҷавзо

Баъзе ҷавзоҳо чунон сахт ошиқ мешаванд, ки наздикону корҳояшонро фаромӯш месозанд. Дар аввал тамоми ваъдаҳои худро ба анҷом расонед, баъдан бо мушкилоти шахси худ машғул шавед. Рӯзи хубест барои омӯзгорон. Баъди нисфирӯзӣ ба муноқиша роҳ надиҳед, вагарна шаби дароз мижа таҳ карда наметавонед.


Саратон

Дар ин рӯз чанд мушкили ночиз пеш меояд. Агар табъи хушро аз даст надиҳед, қариби бегоҳ он чизеро, ки аз даст дода будед, бармегардонед. Дар рафти суҳбат бо ҳамкорони ботаҷриба камгуфтор бошед. Агар имкон дошта бошед, истироҳат намоед. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли асабхаробӣ ва ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст.


Асад

Дар ин рӯз табъи нохушро рафъ кардан кори душвор аст. Агар бо атрофиён муноқиша кардану бо золимӣ ном баровардан нахоҳед, худро ислоҳ кунед. Ба санаи истеҳсоли маҳсулотҳои истеъмолмекардаатон диққат диҳед, эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад.


Сунбула

Бо ҳар нафаре, ки шинос мешавад, бодиққат бошед. Дар ҷодаи касбу кор фаъолнокӣ нишон надиҳед, нофаҳмиҳои ночиз шуморо табъатонро хира мегардонад. Бо кӯмаки нафари волмақоме мушкилиҳои зиёдатонро рафъ месозед. Бо шарикони корӣ муноқиша накунед.



Мизон

Дар ин рӯз ташвишу тараддудатон зиёд мегардад. Барои рафъ намудани баъзе мушкилиҳо ва хариди чизҳои даркорӣ ҳатто аз шаҳр берун рафтанатон лозим меояд. Бахти мизонҳои муҷаррад имрӯз механдад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли баланд шудани фишори хунатон вуҷуд дорад.



Ақраб

Фавран аз пайи рафъ намудани мушкилоти куҳнаи худ шавед. Ба танбаливу сабукфикрӣ роҳ надиҳед, вагарна ба ҳодисаҳои ногувор гирифтор мегардед. Вазъи молиявиро бо пайдо шудани даромади пулӣ беҳтар мегардонед. Эътимод ба худ ва ба наздикон боиси хушҳолиятон мегардад.


Қавс

Рӯзи серташвиш аст. Аз ҷониби хешовандон айбҷӯӣ имкон дорад, вале дар лаҳзаи даркорӣ хомӯширо риоя намоед. Агар қавс дар як самт меҳнат кунад, самараашро бегоҳирӯзӣ мебинад. Ранҷишу хафагиҳоро ба осонӣ бахшида, душманонро моту мабҳут мегардонед.



Ҷаддӣ

Пулҳои худро ба ягон кори сердаромад сарф кунед. Аз қобилиятҳои худ дудила нашавед. Занги ногаҳонӣ шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Собиқ дӯстдоштаатон кӯшиши шуморо баргардониданро мекунад, вале ба эҳсосоти лаҳзаина дода нашавед, вагарна боз пушаймон мешавед.

 

Далв

Дар ин рӯз аз кӯмаки молиявие, ки дӯстатон пешниҳод мекунад, рӯ нагардонед. Агар вазъи иқтисодиятон душвор бошад, ин пулҳо айни муддао мегардад. Дар саломатиятон мушкилӣ сар зада, бемориҳои ирсии меъда ва гурда имкон доранд. Дар ҳавои отфобӣ дар кӯча гаштанро тавсия намедиҳем.


Ҳут

Дар ҷойи коратон вазъият душвор мегардад. Нафаре аз ҳамкорон кӯшиши шуморо асабонӣ карданро мекунанд. Барои аз муноқишаҳо эмин мондан хушмуомила бошед. Бегоҳирӯзиро бо наздиконатон гузаронед. Пулҳоятонро аз гумшавӣ эҳтиёт кунед, вагарна гирифтори фишори руҳӣ мегардед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД