sebiston july new
Толеънома аз 4-ум то 10-уми ноябри 2019
6985

 

Ҳамал

Нафароне, ки дар мучали ҳамал тавлид ёфтаанд, аз бепарвоиву дурӯягии нафаре руҳафтода мешаванд ё аз душмании баъзеҳо дилмонда мегарданд. Дар давоми ҳафта бадгӯиеро нисбати худ ва оилаи худ шунида, меранҷед. Дар давоми ҳафта зимни робита бо ҳамкороне, ки барои ба мақсад расидан ба ҳама кор қодиранд, худро ба даст гиред. Дар ҳаёти шахсӣ лаҳзаҳое мешаванд, ки беҷуръатӣ ё дудилагӣ зоҳир менамоед. Нафароне, ки кайҳо боз бо шумо дидорбинӣ накардаанд, ба алоқа мебароянд. Дар ин рӯзҳо хароҷоту даромади пулии худро назорат намоед. Ҳодисаҳои хуши ҳафта бо маблағи ногаҳонӣ, пешниҳодҳо ва чизҳои зиёде алоқамандӣ доранд. Дӯстии нав низ табъатонро болида месозад. Бонувони мучали ҳут мушкилоти худро бо шубҳаву дудилагӣ рафъ карданӣ мешаванд, ки ин бар зарари корашон аст. Мардҳо бояд нисбати мушкилиҳое, ки аз ҳафтаи дигар мондаанд, ҷиддӣ рафтор намоянд.

Рӯзҳои бобарор: душанбе, шанбе. Рӯзҳои бебарор: панҷшанбе, ҷумъа

 

Савр

Зодагони мучали савр дар ҳафтаи нав уҳдадориву корҳои зиёд пайдо мекунанд. Барои анҷом додани корҳоятон вақту нерӯи зиёд сарф мегардад. Дар ин ҳафта бо атрофиёни худ муносибатҳои ошкоро доштан мехоҳед. Кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки мушкилиҳои ҳалношударо рафъ намоед. Нисбати молу амволе, ки доред, диққату ғамхории бештар зоҳир менамоед. Қабл аз он ки ба коре даст мезанед, зиёд андешаронӣ мекунед. Бонувоне, ки дар мучали савр тавлид ёфтаанд, то кадом андоза муҳим будани ҳодисаҳоеро, ки дар давоми сол аз сар гузаронидаанд, эҳсос менамоянд. Аз таҷрибаву робитаҳои худ истифода бурда, нақшаҳоеро тарҳрезӣ менамоед, ки бояд то охири соли 2019 ба анҷом расонед. Мардони мучали савр бо табъи хушу болида ба ояндаи худ назари нек доранд ва дар ин ҷода зери таъсири нафароне мемонанд, ки дар мучалҳои ҷавзо, мизон ва далв тавлид ёфтаанд.

Рӯзи бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: чоршанбе.

 

Ҷавзо

Зодагони мучали ҷавзоро ҳафтае интизор аст, ки рафтору кирдори худро бояд дар тарозуи ақл баркашанд. Дар давоми ҳафта бо дӯстони худ бештар дар робита бошед ва дар ҳолатҳои зарурӣ дасти ёрӣ дароз кунед. Руҳафтодагии шумо бо сабаби дарки он пайдо мешавад, ки баъзе орзуҳоятон амалишаванда нестанд. Орзуҳои амалинашавандаи шумо бо муносибатҳои ошиқонаатон вобастагӣ доранд. Агар шумо дӯстдошта дошта бошед, ба ёри худ имкон диҳед, ки пешниҳодҳои худро амалӣ созад. Бонувони мучали ҷавзо сабабгори муноқиша мешаванд. Бо нафароне, ки дар мучалҳои ҳамал, асад ё қавс тавлид ёфтаанд, бо душворӣ забон ёфта метавонед. Мардони мучали ҷавзо қабл аз амал кардан андеша мекунанд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе. Рӯзҳои бебарор: душанбе.

 

Саратон

Нафароне, ки дар мучали саратон тавлид ёфтаанд, дар ин ҳафта нақшаи уҳдадориҳои худро барои охири сол тартиб медиҳанд. Вазъи молиявиатон хеле хуб мешавад, хусусан агар дар масъалаҳои пулӣ сарфакор бошед. Аксари зодагони мучали ҷавзо дар ин ҳафта пул ба даст меоранд. Мутаассифона, на ҳамаи нақшаҳои шумо дар ин ҳафта ҷомаи амал мепӯшанд. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати ёри худ поквиҷдон бошед. Аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед. Ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти як шиносатон рух медиҳад, барои шумо дарси ибрат мегардад. Бонувон ба оянда бо табъи болида назар мекунанд. Аз муносибатҳои шумо бо зодагони мучалҳои ҳут, саратон ва ақраб бурдбориву бебарориҳоятон вобастагӣ дорад. Ҳафта барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бобарор аст.

Рӯзи бобарор: душанбе, панҷшанбе. Рӯзҳои бебарор: шанбе.

 

Асад

Агар шумо дар мучали асад тавлид ёфта бошед, ҳафтаи навро бо ҳузури бонуи аҷибу донишманде сипарӣ менамоед. Ҳафта барои касбу кор ё тиҷорати шахсии нафарони тоҷир хеле муҳим меояд. Зуд-зуд эҳсоси хастагӣ ё бехобӣ кашиданатон бо сабаби ҳодисаҳои зиёди ҳафта сар мезанад. Ҳатман барои истироҳати бофароғат ва ғизои солим вақт ҷудо намоед. Дар давоми ҳафта ҷашни муҳимеро дар зиндагии шахси дӯстдоштаатон қайд мекунед. Бонувони мучали асад аз гап ё рафтори дурӯғини шахсе, ки нисбаташ эҳтиром доштанд, ба ҳайрат меоянд. Хусусан агар дурӯғи ин нафар ба худи шумо равона шуда бошад, боиси таассуф мегардад. Мардони мучали асадро бурдборӣ интизор аст. Имконияти мусоидро аз даст надиҳед, зеро на ҳамеша барор ҳамсафаратон мегардад.

Рӯзҳои бобарор: сешанбе, панҷшанбе. Рӯзҳои бебарор: якшанбе.

 

Сунбула

Агар шумо дар мучали сунбула тавлид ёфта бошед, ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти пайвандонатон рух медиҳад, ба зиндагии шумо низ бе асар намемонад. Эҳтимол на ҳама ба андозае, ки шумо мехоҳед, кор кардан мехоҳанд, вале ба бетоқатӣ, асабоният ва қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Чизҳои шахсии худро аз қабили ҳуҷҷатҳо ё почтаи электронӣ аз чашми кунҷкоби дигарон эҳтиёт кунед. Ҳузури зане дар ҷои кор ба рафти корҳоятон таъсири мусбӣ мерасонад. Дар давоми ҳафта сари қарорҳое омаданатон лозим меояд, ки аз шумо нерӯ ва асаби оромро талаб менамоянд. Мушкилоте, ки дар робита бо ҳамсоя ё мизоҷатон рух медиҳад, ғалату муносибати дағалонаи шуморо нишон медиҳад. Бонувон хабари нохушеро дар бораи як шиноси худ мешунаванд. Мардони мучали сунбула бо зани асабие рӯ ба рӯ мешаванд, ки сабабҳои сар задани ҳодисаро фаҳмидан намехоҳанд.

Рӯзҳои бобарор: панҷшанбе, шанбе. Рӯзи бебарор: нест.

 

Мизон

Агар шумо дар мучали мизон тавлид ёфта бошед, кӯшиши ҳодисаҳоро ба хости дили худ тоб доданро накунед. Маслиҳат ё кӯмаке, ки дар давоми ҳафт рӯз мегиред, бароятон даркор мешавад. Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, онро ваъда надиҳед. Муноқишаҳое, ки дар ин ҳафта сар мезананд, бо сабаби асабоният ва дудилагии шумо рух медиҳанд. Шумо аз гапу кори гуфтаву кардаи худ пушаймон мешавед. Ба вазъи саломатӣ диққат доданатон лозим меояд. Ҳафта барои сафару саёҳат созгор аст.

Бонувоне, ки дар мучали мизон тавлид ёфтаанд, аз робита бо занҳое, ки хабари аҷибу даркорӣ медиҳанд, бурд мекунанд. Мардони мучали мизон бетоқату бадҷаҳл мешаванд ва дар нобарориҳои ба сарашон омада дигаронро гунаҳкор месозанд. Бо сухани афроде, ки дар мучалҳои ҳамал, қавс ё асад тавлид ёфтаанду нисбати шумо бадӣ намехоҳанд, диққати зиёд надиҳед.

Рӯзҳои бобарор: сешанбе, чоршанбе. Рӯзҳои бебарор: панҷшанбе, шанбе.

 

Ақраб

Зодагони мучали ақраб дар ин ҳафта бо қабулу гусели меҳмонҳо машғул мешаванд. Ҳар хабару овозае, ки мешунавед, бароятон даркор мешавад. Ташвишу хавотириро ба дил роҳ надиҳед. Дар давоми ҳафта хабари муҳимеро мешунавед, ки ба вазъи молиявиатон алоқамандӣ дорад ё пул ба даст меоред.

Бонувоне, ки дар мучали ақраб тавлид ёфтаанд, бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ машғул шуданашон лозим меояд. Мардони мучали ақраб ҳассосу зудранҷ ва хафа мегарданд.

Рӯзҳои бобарор: сешанбе, панҷшанбе. Рӯзи бебарор: ҷумъа

 

Қавс

Ҳодисаҳои зиёде, ки дар ин ҳафта рух медиҳанд, шуморо водор месозанд нақшаҳои худро барои рӯзҳои наздик тағйир диҳед. Дар давоми ҳафт рӯз шумо муносибати худро нисбати баъзеҳо тағйир медиҳед. Баҳсу мунозираҳое, ки дар ин ҳафта рух медиҳанд, бо сабаби бетоқатии шумо сар мезананд. Ҳафта барои сафар ва робита бо нафароне, ки аз шумо дур умр ба сар мебаранд, созгор аст. Шумо занги телефонӣ ё ҳуҷҷатеро интизор мешавед. Дар маҷмуъ шуморо ҳафтаи аҷиб интизор аст. Бонувон бо харид кардану иваз намудани ҷиҳози хона ва сару либоси худ машғул мешаванд.

Рӯзҳои бобарор: душанбе, чоршанбе, ҷумъа. Рӯзи бебарор: нест.

 

Ҷаддӣ

Зодагони мучали ҷаддӣ дар ин ҳафта дар ҷашну маросимҳои оилавӣ ва ҷашни зодрӯзи наздикони худ ширкат варзида, табъи худро болида месозанд. Дар давоми ҳафта бештар бо нафароне дар робита мешавед, ки касбу кори якхела дорад. Бонувони мучали ҷаддӣ бо марде аз оилаи худ ё аз доираи хешовандон суҳбати муҳим мекунанд. Гап дар бораи масъалаҳои гуногун меравад, ки бо пул ва ҳуҷҷат алоқамандӣ дорад. Дар давоми ҳафта вохӯриҳои шахсӣ, дӯстона ва касбӣ зиёд мешавад. Барои мардони мучали ҷаддӣ ҳафтаи сайру саёҳат аст. Шумо бо нафароне, ки дар мучалҳои сунбула, ҷаддӣ ё савр тавлид ёфтаанд, созиш карда наметавонед.

Рӯзҳои бобарор: панҷшанбе. Рӯзи бебарор: нест.

 

Далв

Агар шумо дар мучали далв тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта бояд хоҳиш ё маслиҳати нафареро, ки ҳамроҳаш кор мекунед, ба инобат гиред. Мушкилоти оилавии шумо дар давоми ҳафт рӯз зиёд мешаванд. Қабл аз он ки чизеро ваъда медиҳед, андеша намоед, ки аз уҳдааш мебароед ё не. Бемориҳои сарзада табъатонро хира месозад. Ба ёди нафароне, ки дар қайди ҳаёт нестанд, андуҳгин мегардед. Бонувони мучали далв аз рафтори нафароне, ки даст ба дуздӣ зада, дигаронро таҳқир мекунанду истифода мебаранд, ба шӯр меоянд. Мардоне, ки дар мучали далв тавлид ёфтаанд, бо рафъ намудани мушкилоти оилавӣ машғул мешаванд.

Рӯзи бобарор: ҷумъа. Рӯзи бебарор: якшанбе.

 

Ҳут

Зодагони мучали ҳут дар ҳафтаи нав барои ба анҷом расонидани уҳдадориҳои худ масъулияти бештар бояд эҳсос намоянд. Ҳафта барои корҳои судӣ созгор аст. Дӯстону пайвандони роҳдур аз шумо кӯмаку дастгирӣ мехоҳанд. Бонувони мучали ҳут барои кор ё тиҷорат нерӯи зиёд сарф намуда, бурд мекунанд. Дар идораҳои давлатӣ бо нафарони дурӯя ё бадҷаҳл рӯ ба рӯ мегардед. Мардони мучали ҳут ҳангоми робита ва гуфтугӯ бо афроде, ки бо тундмиҷозӣ ном баровардаанд, бояд худро ба даст гирифта тавонанд. Нафароне, ки дар мучалҳои ҷаддӣ, сунбула ё савр тавлид ёфтаанд, ба амалу кирдоре, ки дар давоми ҳафта даст мезанед, таъсири худро мерасонанд.

Рӯзҳои бобарор: душанбе, сешанбе. Рӯзи бебарор: нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД