Ҳамал
Зодагони мучали ҳамал дар ин ҳафта хеле серташвиш мешаванд. Вақти зиёдатон бо мушкилоти корӣ ва мушкили аъзоёни оила сарф мешавад. Нерӯи худро беҳуда сарф накунед, аз рӯи нақша амал намоед. Дар ин рӯзҳо аз даромади пулии бадастомада, дастовардҳои касбӣ, молу ашёи харидаатон, ки пули зиёд сарф кардаед, қаноатманд намегардед. Худро бо касе қиёс накунед ва бо одатҳои бади наздикон мубориза баред. Аз нафароне, ки бо бадӣ ном баровардаанд, дурӣ ҷӯед. Дар давоми ҳафта кори хонаву рӯзгор шуморо асабӣ месозад ва ин сабаби муноқиша бо наздикон мегардад. Дар муносибат бо ҳамкорон бо айби шумо низоъ сар мезанад. Барои он ки баъдан азоби виҷдон накашед, сари вақт аз нафароне, ки дилашонро ранҷонидаед, бахшиш пурсед. Нисбати кӯдакон сабур бошед, онҳоро сарзаниш накунед.
Рӯзи бобарор: душанбе. Рӯзи бебарор: панҷшанбе.
Савр
Бо вуҷуди серкорӣ зодагони мучали савр хастагиро эҳсос намекунанд. Вохӯрии ногаҳонӣ ё занги телефонӣ табъатонро болида мегардонад. Дар ҳаёти шахсӣ хабари хушро интизор шавед ё даромади пулӣ ба даст меоред. Нафароне, ки орзуи шуҳрат ёфтанро доранд, ба ҳилаву найранг роҳ надиҳед. Нафарони ошиқ ин ҳафтаро бо муноқишаҳои ночиз сипарӣ менамоянд. Шумо баъзе чизҳоро аз гузаштаи ёри худ фаҳмида, ба ғазаб меоед. Баҳсу мунозира муносибатҳоятонро бадтар месозад, аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки ба гапи бегонагон гӯш накарда, ба дӯстдоштаи худ бовар кунед. Ҳафта барои сафар созгор нест, дар роҳ дучори ҳолатҳои ногувор гаштанатон имконпазир аст. Охири ҳафта муносибати зану шавҳарон мустаҳкам мегардад. Кӯшиши таҳти назорат гирифтани ҳар қадами ҳамсафари ҳаётиро накунед. Рӯзҳои истироҳат барои даъвати меҳмон мусоид аст.
Рӯзҳои бобарор: сешанбе, шанбе. Рӯзи бебарор: чоршанбе.
Ҷавзо
Дар ин ҳафта зодагони мучали ҷавзо хароҷоти калон мекунанд. Эҳтимол шуморо лозим меояд, ки фавран бо таъмири мошин ва харидани либос барои кӯдакони оилаатон машғул шавед. Зимни робита бо наздикон ва ҳамсояҳо, инчунин бо ҳамкорон боодоб бошеду гузашт намоед. Дар роҳ бодиққат бошед, ҳатто бо вуҷуди он ки мошин надошта бошеду пиёда мегашта бошед, ҳушёриро аз даст надиҳед. Нафароне, ки бо илмомӯзӣ машғуланд, рӯзҳои наздик ҳурмату эҳтироми омӯзгоронро ба даст оварда метавонанд. Дар ҳаёти оилавиатон муноқишаҳои хурд зиёд мешаванд. Сабаби асосӣ мушкилоти молиявӣ мегардад. Масалан, барои хариди лавозимоти рӯзгор пулатон намерасад. Вазъият наздики рӯзҳои истироҳат рӯ ба беҳбудӣ меорад. Рӯзҳои шанбеву якшанбе ҷиддан бо саломатии худ машғул шавед. Агар парҳез карданӣ бошед, бо маслиҳати духтур амал намоед. Баъзе зодагони мучали ҷавзо хиёнати дӯсти худро паси сар менамоянд. Худро ба даст гиред, зиндагии худро бо ранҷишу хафагӣ талх нагардонед. Ронандагон дар ин ҳафта бояд дар роҳ боэҳтиёт бошанд.
Рӯзи бобарор: панҷшанбе. Рӯзи бебарор: шанбе.
Саратон
Тамоми фикру зикри зодагони мучали саратон банди мушкилиҳо мегардад. Танқид ва бетарафии наздикон аламҳои шуморо бештар месозанд. Хабаре, ки ба яке аз наздиконатон дахл дорад, табъатонро болида месозад. Аксари зодагони мучали саратон бо нафарони бадҷаҳл дар робита гашта, бо душворӣ ҳамдигарфаҳмӣ мекунанд. Шуморо лозим меояд, ки рафтору гуфтори худро тағийр диҳед. Эҳтимол шумо худатон камбудии одамонро рӯирост гап зада, сабру тоқат надоред. Дар ин ҳафта шитобкорона ваъда медиҳеду ваъдаатонро иҷро намекунед. Фаромӯш насозед, ки баъзеҳо низ дар ҷавоби ваъдахилофиҳоятон метавонанд мисоли шумо рафтор кунанд. Нафарони ошиқро сюрприз ва изҳори муҳаббати шахси дӯстдошта болу пар мебахшад. Дар касбу кор тамоми ҳунару маҳорати худро нишон диҳед. Роҳбарият кӯшишҳои шуморо бо мукофот қадрдонӣ мекунад. Баъди рӯзи корӣ бо кори хона машғул нашуда, истироҳат кунед. Эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.
Рӯзи бобарор: чоршанбе Рӯзи бебарор: душанбе.
Асад
Дар ин ҳафта аз ҳама гуна коре, ки боиси ҷароҳат бардоштанатон мегардад, худдорӣ намоед. Ҳатто ҳангоми иҷрои корҳои рӯзмарраи худ хатари лат хӯрдану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, аз ин рӯ, хеле бо диққату эҳтиёткор бошед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтиёткорӣ лозим меояд. Агар вақтҳои охир бо ёри худ созиш карда наметавониста бошед, рафтори ӯро назорат намоед. Нафароне, ки нав ошиқ мешаванд, дарҳол дар назди дӯстдоштаи худ дарди дил накунед. Дар давоми ҳафта танҳо будану хастагиро рафъ намудан мехоҳед, вале касе ё чизе монеа мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан, аз дуздону ҳаннотон эҳтиёт шавед. Баъзеҳо барои таъмини асбоби рӯзгор маблағ сарф мекунанд. Табъатон гоҳ хушу гоҳи дигар гирифта гашта, дучори руҳафтодагӣ мешавед. Машғулияти дӯстдошта фикрҳои мағшушро рафъ месозад.
Рӯзи бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: нест.
Сунбула
Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед. Айни замон организми шумо заиф асту хатари бемор шуданатон зиёд мегардад. На танҳо нисбати саломатӣ, балки нисбати вазъи молиявӣ бодиққат бошед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи бахт ҳастанд, ошиқи аз худ калонсолеро пайдо мекунанд. Дар ин бора ба атрофиён чизе нагӯед. Дар муносибатҳоятон бо дӯстон нофаҳмӣ сар мезанад, марому мақсадҳои шуморо хуш қабул намесозанд. Илова бар ин, танқиду эроди дӯстон ва дахолати эшон ғазаби шуморо меорад. Дар ин ҳафта дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо касе шинос нашавед. Дар ин ҳафта гапро бисёр накунеду дар амал бошед. Агар танбалӣ накунед, ҳафтаи сермаҳсул мегардад. Имкони зиёд намудани даромади пулиро пайдо мекунед.
Рӯзи бобарор: душанбе. Рӯзи бебарор: сешанбе.
Мизон
Зодагони мучали мизон дар ин ҳафта хеле серкору серташвиш мегарданд. Вақти зиёдатон барои гузаронидани маърака ва қабули меҳмон сарф мегардад. Барои кӯмак ба хешованди беморатон маблағ сарф менамоед. Ба танқиди атрофиён бо ғазаб ҷавоб надиҳед. Ба хароҷоти беҳуда низ роҳ надиҳед. Аксари зодагони мучали мизон дар кору фаъолият дучори монеаҳо мегарданд. Шумо кӣ будани душмани худро муайян карда наметавонед. Нафароне ҳастанд, ки кайҳо боз ба шумо бадӣ мехоҳанд. Беҳтараш дар ин ҳафта бо муайян сохтани шахсияти душманони худ машғул нашавед. Даромади пулиеро, ки ба даст меоред, барои худ сарф карда метавонед. Нафарони муҷаррадро мебояд, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ шаванд. Нафарони оиладор беҳтараш рӯзҳои истироҳатро бо наздикони худ гузаронанд. Бо нафарони калонсоли оила нофаҳмӣ имкон дорад.
Рӯзи бобарор: шанбе. Рӯзи бебарор: сешанбе.
Ақраб
Дар ин ҳафта нотарсона масъулияти коллективи калонро ба дӯш гирифта, аз лоиҳаҳои душвор наҳаросед. Бо нафарони гуногун дар робита мешавед. Аз дигарон ибрат гиред, он гоҳ ҳафта барои рушди шахсияти шумо созгор меояд. Рӯзҳои истироҳат бо корҳое машғул шавед, ки ба шумо ҳисси қаноатмандӣ мебахшида бошанд. Аз кор баромадани таҷҳизоти техникӣ ва корношоям гаштани асбоби рӯзгор бо сабаби аз ҳад зиёд асабӣ будани шумо рух медиҳад. Беҳтараш ором шаведу асабониятро аз худ дур созед. Рӯзҳои истироҳат пули зиёд сарф карданро тавсия намедиҳем. Рӯзҳои наздик эҳтиёҷатон ба пул зиёд мегардад.
Рӯзи бобарор: якшанбе. Рӯзи бебарор: чоршанбе.
Қавс
Зодагони мучали қавсро дар касбу кор ҳодисаҳои ногувор интизор аст. Танқиду норозигии роҳбариятро бо дастгирии ҳамкор ё дӯстатон рафъ месозед. Дар ин ҳафта барои ба мақсад расидан ба корҳои хатарнок даст мезанед. Аз нафароне, ки дар вазифаҳои ҳукуматӣ кору фаъолият менамоянд, дурӣ ҷӯед, вагарна ба сари худ нохушӣ меоред. Ҳамзамон дар ин ҳафта хатари ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез ва оташ боэҳтиёт бошед. Бо сабабҳои ночиз сар задании муноқиша эҳтимол дорад. То қадре, ки метавонед, аз муноқиша худдорӣ намоед. Муваққатан аз ширкат дар маъракаҳои сермағал худдорӣ намоед. Рӯзҳои истироҳат аз ғаму ташвиши нафарони бегона дурӣ ҷӯед.
Рӯзҳои бобарор: душанбе, сешанбе. Рӯзи бебарор: нест.
Ҷаддӣ
Агар истироҳат карданӣ бошед, беҳтараш ин корро дар танҳоӣ ва муҳити орому осуда ба анҷом расонед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи бахт ҳастанд, ба шахсе, ки ба тозагӣ шинос мешаванд, дарди дил карданро маслиҳат намедиҳем. Ҳафтаи нав барои нафароне, ки нияти оиладор шуданро доранду ба тӯю маърака омодагӣ мебинанд, душвориҳоро пеш меорад. Ба коре, ки боиси шубҳаи ёратон мегардад, даст назанед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед, вагарна руҳафтодагӣ таъсири худро ба зиндагиятон мерасонад. Охири ҳафта бояд истироҳат намоед. Рухсатии кӯтоҳмуддатро бо нафарони бароятон азиз гузаронед.
Рӯзи бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: панҷшанбе,
Далв
Дар ин ҳафта кӯшиш ба харҷ дода, дар касбу кор муваффақ шуда метавонед, вале дар муносибатҳои ошиқона барор аз шумо рӯй метобад. Нафарони ошиқ дили дӯстдоштаи худро ба даст оварда наметавонанд. Дар давоми ҳафта нисбати саломатӣ бодиққат бошед. Дар ин давра хатари хуруҷ намудани инфексияҳои вирусӣ зиёд аст. Барои пешгирии бемориҳо ба гармохунукшавӣ роҳ надиҳед. Агар зарурат пеш наояд, беҳтараш аз ташхис худдорӣ намоед. Рӯзҳои истироҳат масунияти баданатон паст мегардад. Барои харидорӣ намудани ноутбук, планшет, компютер, смартфон ҳафтаи созгор аст. Вақте расидааст, ки мушкилоти пешинаи худро рафъ намоед. Ба сару либоси худ диққати хоса диҳед, нафаре ба шумо ошиқ мешавад.
Рӯзи бобарор: ҷумъа. Рӯзи бебарор: душанбе.
Ҳут
Ҳодисаҳое, ки дар ин ҳафта рух медиҳанд, нақшаву ниятҳоятонро барбод дода метавонанд. Дар ин ҳафта харидорӣ намудани мошини шахсӣ, қарз додан, ба хонаи нав кӯчидан, аз ҳамсари худ ҷудо шудан, бо тиҷорат машғул шуданро тавсия намедиҳем. Нафарони калонсол аз ташхиси духтури бемориҳои узвҳои даруна гузаштанашон лозим меояд. Бо шахси дӯстдошта муноқишаҳои хурд сар мезанад. Дар натиҷаи нофаҳмӣ аз якдигар дур мешавед. Ба қаҳру ғазаб роҳ надода, нисбати ёратон ғамхору меҳрубон шавед. Рафту нафрататон нисбати ӯ зиёд гардад, муваққатан аз якдигар дур бошед. Рӯзҳои истироҳатро бо омӯзиш ва саёҳат сипарӣ намуда, табъи худро болида ва фикру андешаҳои мағшушро рафъ карда метавонед. Аввали ҳафта даромади калони пулӣ имконпазир аст.
Рӯзи бобарор: душанбе. Рӯзи бебарор: нест.